Муҳокимаи парлумонӣ

Қонун «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ниёз ба такмил дорад

№148 (3942) 11.12.2018

DSC_1742Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода 7 декабри соли равон зимни муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор» изҳор намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» (моҳи январи соли 2008 қабул шудааст) ба таъмини иштироки ҳар чӣ бештари сокинон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои аҳамияти маҳалли­дошта, иштироки аҳолӣ дар ободӣ ва рушди маҳал, саҳм доштан дар пешрафти маҳал равона гардидааст.

DSC_1729Он аз 4 боб ва 20 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, асосҳои ҳуқуқи тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳӣ ба танзим медарорад.

Дар бораи сафари гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 — 25 октябри соли ҷорӣ ба ноҳияи Хуросон ва шаҳри Ҳисор сурат гирифт, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода сухан ронд. Ӯ иброз дошт, ки ҳангоми боздид аз кумитаи маҳаллаҳои К. Хуҷандӣ, Чаманзор, Чуқурак ва Муъминободи шаҳри Ҳисор бо аъзои шӯроҳои маҳалла ва фаъолони деҳаҳо вохӯрӣ баргузор шуд. Маълум гардид, ки мутобиқи қонуни зикршуда оинномаи маҳаллаҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба қайд гирифта, корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар ва дигар чорабиниҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо на ҳама кумитаи маҳаллаҳо суратҳисоб ва муҳр доранд.

- Дар рафти шиносоӣ маълум шуд, ки дар ноҳияи Хуросон мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар самти пешрафти маҳал ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардидааст, — гуфт Мавзуна Шамсиддинзода. — Новобаста аз надоштани суратҳисоб дар кумитаҳои маҳал сокинон дар кабудизоркунӣ, тоза кардани ҷӯйборҳою партовгоҳҳо ва ободонии маҳалли зист саҳми арзанда гузошта истодаанд. Алҳол 11 кумитаи маҳалла бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соҳиби ҳуҷраҳои корӣ гардидаанд. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳимоя ва дастгирии оилаҳои ниёзманд саҳмгузорӣ мекунад ва бо мақсади беҳдошти сатҳи некуаҳволии оилаҳои ниёзманди маҳал чораҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамчунин, аён гардид, ки кумитаи маҳаллаҳо ҳамкориро бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот хуб ба роҳ монда, дар ободонии маҳал, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ҷамъоварӣ намудани андоз ва хизматрасониҳои коммуналӣ, баргузор намудани тӯю маъракаҳо ва кор дар байни оилаҳои ноустувор ҳиссагузор мебошанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Абдулғаффор Раҳмонзода иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад. Зимни мулоқот бо намояндагони маҳаллаҳо ин масъала собит гардид.

- Бо қонуни мазкур мардуми одӣ, деҳқонону коргарон низ сарукор мегиранд, — гуфт Абдулғаффор Раҳмонзода. — Аз ин рӯ, мафҳумҳо бояд сода гарданд ва ё дар он мафҳумҳои асосӣ нишон дода шаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда тафсири қонунро омода ва дастраси кумитаи маҳаллаҳо намоем.

А. Раҳмонзода аз таҷрибаи корӣ ёдовар шуда, гуфт, ки дар деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб тибқи муроҷиати раиси маҳалла як гектар замин ҷудо гардид. Бо ташаббуси кумитаи маҳалла дар он гармхонаҳо сохта, чанд нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Даромади бадастомада барои ободонии маҳалла истифода мешавад. Аз ин рӯ, зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо кӯшиш бояд кард, ки заминаи қонунии ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул шудани кумитаи маҳаллаҳо фароҳам гардад. Ободонии маҳал низ як навъ фаъолияти эҳсонкорист. Инро ба инобат гирифта, ҷиҳати аз андоз озод намудани фаъолияти хоҷагидории кумитаи маҳаллаҳо низ чораҷӯйӣ бояд кард.

Муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бег Хол зикр намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 шаҳр ва 51 ноҳия мавҷуд аст. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар шаҳрак, деҳот ва ё мақомоти иҷроия ба қайд гирифта мешаванд. Алҳол шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент, Ваҳдат, Хуҷанд ва Бохтар шаҳрак надоранд. Омӯзиш нишон дод, ки бақайдгирии кумитаи маҳаллаҳо, кушодани суратҳисобу ба роҳ мондани ҳисоботи бонкӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.

Раисони ҷамоатҳои деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ»-и шаҳри Ҳисор Умаралӣ Орифов, «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон Сироҷиддин Мавлонов ва раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор Абдумаҷид Муъминов аз хусуси мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии маҳаллаҳо маълумот дода, мушкилоти ҷойдоштаро зикр намуданд.

Умаралӣ Орифов пешниҳод кард, ки муҳлати хизмати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ мисли кишварҳои ҳамсоя то ба як сол кам карда шавад, зеро аксари волидон бинобар ду сол будани хизмати ҳарбӣ пеш аз оғози маъракаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ фарзандонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристанд.

Сипас, байни вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули шаҳри Ҳисору ноҳияи Хуросон саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид. Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ