Шарҳи қонун

Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» бо телефон муроҷиат намуданро имконият медиҳад

№107 (3587) 16.08.2016

DSC_0330Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, «Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои ин нишондод Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  А. Азизӣ, М. Ватанзода, М. Қаландарзода ва Н. Содиқова дар таҳрири нав таҳия гардид.

Дар ин робита суҳбате доштем бо яке аз  муаллифони қонуни мазкур, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ.

 - Дар қонун нисбат ба субъектҳои муроҷиат кадом меъёрҳои нав илова шудааст?

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатиро низ кафолат медиҳад. Дар заминаи ин муқаррароти Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» соли 1996 қабул гардид, ки меъёрҳои он то ба имрӯз барои танзими муносибатҳо вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо мавриди амал қарор дошт.

Дар раванди демократикунонӣ ва рушди бемайлони ҷомеа муносибатҳои ҳуқуқӣ низ тағйир меёбанд ва такмил додани қонунгузорӣ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад, зарурати воқеист.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» (аз 23 июли соли 2016, №1339) бо як қатор меъёрҳои нави худ аз қонуни пешин фарқ мекунад. Аз ҷумла, доираи субъектони муроҷиат васеъ гардида, баробари шахсони воқеӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар сатҳи қонун имконият фароҳам оварда мешавад, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор, новобаста ба шакли ташкиливу ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд. Мафҳумҳои асосӣ такмил дода шуда, мазмуни ариза, таклиф, дархост, шикоят, муроҷиаткунанда, муроҷиатҳои электронӣ, шифоҳӣ, муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма, муроҷиати такрорӣ, шахсони баррасикунандаи муроҷиат, китоби арзу шикоятҳо шарҳ дода шудаанд. Инчунин, дар қонун нисбат ба шаклҳои муроҷиат — хаттӣ, шифоҳӣ ва электронӣ баъзе талабот дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, шахсияти муроҷиаткунанда, мақсади муроҷиат ва талаботи ӯ бояд муайян бошад.

Инчунин, принсипҳо, манъ будани  маҳдудкунии ҳуқуқ ба муроҷиат, муроҷиатҳо тавассути телефон, тартиби қабул, бақайд­гирӣ ва баҳисобгирии баррасӣ, асосҳои бе баррасӣ мондани муроҷиатҳо меъёрҳои нав мебошанд.

Бо дастури Роҳбари давлат барои таъмини фаъолияти шаффоф, осону дастрас гардонидани иттилоот, мубориза бо омилҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо телефонҳои боварӣ фаъол ҳастанд. Қонуни нав ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тавассути телефон муроҷиат намуданро имконият медиҳад.

Боби чоруми қонун тартибу муҳлати пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабул, бақайдгириву  баҳисобгирии муроҷиатҳо, фиристодан аз рӯи тобеият ва моҳиятан баррасӣ намудани онҳоро дар бар мегирад. Шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ҳангоми ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат кардан дар навбати худ вазифадор аст, ки тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намояд. Яъне, меъёрҳои қонуни мазкур муроҷиаткунандаро ба риояи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон уҳдадор менамояд.

- Дар кадом ҳолат муроҷиат метавонад бе ҷавоб монад?

- Агар шаҳрванд дар муроҷиаташ суханони қабеҳ ё таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки роҳбарони мақомоту ташкилоти дахлдор баён карда бошад,  шахсони баррасикунандаи муроҷиат ҳуқуқ доранд онро бе ҷавоб монанд. Вале қонун онҳоро вазифадор менамояд, ки дар ин хусус ба муроҷиаткунанда посух диҳанд. Ҳамзамон, шахсе, ки таҳқир ё нисбаташ таҳдид шудааст, ҳуқуқи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат карданро дорад.

Риоя нагардидани талаботи номбаршуда оқибатҳои ҳуқуқиро пешбинӣ намудааст. Тибқи меъёрҳои моддаҳои 21 ва 22 қонуни мазкур, яъне дар сурати риоя нагардидани талаботи қонун муроҷиат мавриди баррасӣ қарор намегирад ё худ бе баррасӣ мононда мешавад. Аз тарафи дигар, масъулияти шахсони баррасикунандаи муроҷиат низ ба таври дақиқ, ба монанди манъ будани рад кардани қабули шахсони воқеиву ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарон ё шахсони ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ҳатман ба қайд гирифтани муроҷиат, дар муҳлати пешбинигардида баррасӣ намудани он, ба тариқи ҳатмӣ ҷавоби асоснок додан ба муроҷиат, андешидани тадбирҳои амалӣ барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолгардида, тартиби баррасии муроҷиатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, муроҷиатҳои дастҷамъона ва ғайра пешбинӣ шудааст. Аз ҷониби шахсони баррасикунандаи муроҷиат риоя накардани талаботи қонун оид ба муроҷиати шаҳрвандон низ боиси ҷавобгарӣ мегардад.

- Зарари расондашуда чӣ тавр ҷуброн карда мешавад?

-Дар ин маврид моддаи 23 қонуни мазкур муқаррар мекунад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавӣ, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонда шудааст, ҳуқуқ доранд ба суд муроҷиат кунанд.

Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки ҳангоми баррасии он  сарф шудааст, бо қарори суд аз ӯ рӯёнда мешавад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»