Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва тағйиру иловаҳо ба баъзе аз қонунҳои амалкунанда ҷонибдорӣ гардиданд

№78 - 79 (4184 - 4185) 30.06.2020

Бисту шашуми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ­Эмомалӣ Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

 49784456232_7a615a7a53_oРАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям бо истифода аз системаи электронии овоздиҳӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Инчунин, дар иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем.

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Муминова Фирӯза Исроиловна дода мешавад. Марҳамат.

Муминова Фирӯза Исроиловна:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам ­аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ: Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон (раис), Одилбекова Лола Қиёбековна ва Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер интихоб карда шаванд.

РАИС: — Оид ба ҳайати котибот ва шумораи он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Он бо қарори ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои тасдиқ ба шумо пешниҳод шудааст. Оид ба он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси муро­фиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­он «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағй­ирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Г. Н.»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Т. Д.»

23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҷуразода Н. Ё.»

24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Вазирзода Г. Н.»

25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қуватзода Т. Д.»

26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷуразода Н. Ё.»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2020-2025».

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020».

30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо».

РАИС: — Ҳамчунин, пешниҳод аст, ки мутобиқи моддаҳои 22 ва 26 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро ба тариқи зайл муайян ва тасдиқ намоем: барои маърӯзачиён то 10 дақиқа, барои музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар набошад, онро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади такмили низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба кафолати ҳифзи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ дар заминаи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 22 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Он аз муқаддима ва 7 бобу 36 модда иборат буда, рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин таъмини дастрасӣ ба адолати судиро муайян намуда, ду шакли ёрии ҳуқуқӣ — ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷаро пешбинӣ кардааст.

Зимнан, ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шакли хизматрасонии ҳуқуқие мебошад, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.

Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бошад, шакли хизматрасонии ҳуқуқие мебошад, ки аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ, аз ҷониби адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Тибқи моддаи 36 қонун муқаррароти дар моддаҳои 22, 23, 27 ва 28 дарҷгардида аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор мегиранд.

Қонун барои таъмини амалишавии ҳуқуқҳои доираи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва афзудани нуфузи Тоҷикистон дар самти риоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гардида, онро 22 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия ва пешниҳод шуда, бо ин васила ба моддаи 29-и кодекс, ки меъёрҳои марбутаро нисбат ба ҳимоятгар муайян намудааст, бо қисмҳои 7 ва 8 илова ворид карда шудааст. Мутобиқи онҳо, минбаъд ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки волидайнаш (шахсони онҳоро ивазкунанда) гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд, инчунин шахсе, ки бинобар доштани нуқсонҳои ҷисмонию рӯҳӣ ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонад, дар мурофиа бо тартиби пешбининамудаи кодекс ва қонуни зикршуда иштирок намояд.

Бо моддаи иловашудаи 291 пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат нисбат ба доираи шахсони муайян кафолат дода мешавад. Қонуни мазкур, ки аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор мегирад, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва татбиқи низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гардида, онро 22 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ иборат буда, бо ин васила ба моддаи 50 Кодекс қисми 13 илова шудааст, ки тибқи он шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» истифода баранд.

Бо дарназардошти махсусияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат, ба кодекс моддаи 501 илова карда шудааст. Моддаи иловашаванда дар алоқамандӣ бо сархатҳои сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 51 кодекс, ки ҳолатҳои ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгарро дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ муайян кардааст ва бо дарназардошти моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро аз ҳисоби давлат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда кафолат додааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис­тон мутобиқ буда, барои ҳимояи доираи алоҳидаи шахсон дар заминаи низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гардида, онро 22 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ иборат буда, бо ин васила ба қисми 1-уми моддаи 37-и кодекс сархати якум илова шудааст, ки тибқи он шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» истифода баранд.

Ба моддаи 55 кодекс, ки барои мақсадҳои мурофиаи гражданӣ талаботро ҷиҳати барасмиятдарории ваколатҳои намоянда муайян намудааст, қисми 7 оид ба иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ ба сифати намоянда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» илова карда шудааст.

Мутобиқи қисми 3-юми ба моддаи 102 иловашаванда, дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани манфиати тарафе, ки ба ӯ ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда аз ҳисоби давлат пардохт шуда бошад, пас пардохти хароҷоти мазкур аз ҳисоби тарафи дигар ба фоидаи давлат ситонида мешавад.

Қонуни мазкур, ки аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор мегирад, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар заминаи низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 15 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани баъзе аз меъёрҳои кодекс ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи гурезаҳо», инчунин пешниҳоди сабукӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои будубоши онҳо дар кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иборат буда, бо ин васила ба моддаҳои 497 ва 499 кодекс тағйирот ворид карда шудааст.

Чунончи, моддаи 497 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаҳои сарҳадӣ, қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаҳои мазкур, боис ба огоҳӣ додан ё таъин кардани ҷарима ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад. Такроран содир намудани кирдори мазкур, боис ба татбиқи ҷарима аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё берун накардан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Мутобиқи тағйирот ба моддаи 499, ки ҷавоб­гарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таври транзитӣ убур кардан аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намудааст, матни санксияи он иваз карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дастгирии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда, инчунин рушди савдои наздисарҳадӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 15 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», инчунин, муайян намудани мақомоти баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат буда, дар ин замина бо тағйирот ба қисми 4-уми моддаи 63 суд минбаъд дар ҳолатҳои истисноӣ бо дархости прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо низ метавонад муҳлати нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандро, ки барои вайрон намудани низоми раводид ва будубош дастгир шудаанд, то як моҳ дароз намояд.

Бинобар ворид намудани тағйи­рот ба моддаҳои 497 ва 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қисми 1-уми моддаи 93 ва қисмҳои 1 ва 2-юми моддаи 98 кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд. Мутобиқи онҳо, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 2-юми моддаи 497 ва қисми 2-юми моддаи 499 пешбинишуда аз ҷониби суд баррасӣ карда мешаванд. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 1-уми моддаи 497 ва қисмҳои 1 ва 3-юми моддаи 499 кодекс пешбинишударо минбаъд аз номи мақомоти корҳои дохилӣ сардорони шуъбаҳо (зершуъбаҳо)-и ҳудудии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, инчунин сардори хадамоти шиносномавию бақайд­гирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи вазорати мазкур дар шаҳру ноҳияҳо баррасӣ менамоянд.

Тибқи тағйирот ба қисми 3-юми моддаи 150 кодекси амалкунанда минбаъд ба қарор дар бораи бо роҳи маъмурӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мумкин аст на дар муҳлати як шабонарӯз, балки ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи эълон кардани он шикоят ва эътироз оварда шавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти сохторҳои марбутаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳимояи судии ҳуқуқи гурезаҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои барои инсон хавфнок, махсусан бемориҳои сироятӣ ва мусоидат ба амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 10 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Чунончи, бо ифодаи қисми 2-юми моддаи 112 кодекс дар таҳрири нав, риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин, иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҳудуди дахлдор, ё ин ки дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома (қарор) ё талаботи мақом (шахсони мансабдор)-е, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемӣ (профилактикӣ) ба амал мебарорад, содир гардида бошанд, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то дувоздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Тибқи илова дар намуди қисми 3, барои баъди таъини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2-юми моддаи мазкур, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Бо тағйиру илова ба ном ва мазмуни моддаи 113, матни он қисми 2 ҳисобида шуда, қисми 1 барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бениқоб қарор доштан, ҷавобгарии маъмуриро дар намуди таъин намудани ҷарима ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян намудааст.

Моддаи 3741 ба кодекс иловашаванда ҷавобгарии маъмуриро барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад, муайян намудааст.

Содир кардани кирдори мазкур боис ба таъин намудани ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 10 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз таъмини риояи талаботи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани бемориҳои сироятӣ иборат буда, бо ин васила моддаи 207 кодекс, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ муайян намудааст, такмил дода шудааст.

Чунончи бо ифода намудани қисми 2-юми моддаи мазкур дар таҳрири нав, минбаъд ҳангоми пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон мегардад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Қисми 3-юми ба моддаи мазкур иловашаванда, ҷавобгариро бо дарназардошти вазнинтар будани оқибатҳои кирдори ҷиноятӣ, муайян намудааст. Тибқи он, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2-юми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боис ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ё зиёда шахсон гардида бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини саломатии шаҳрвандон ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардида, онро 10 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои кодекс ба қонунҳои соҳавӣ, таъмини истифодаи мафҳуму ибораҳои якхела ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе аз муносибатҳои марбут ба раванди мурофиаи ҷиноятӣ қабул гардида, бо дарназардошти муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар моддаи 6 мафҳуми «прокурор» дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Муқаррароти қисми 4-уми моддаи 12 ва моддаи 14 кодекс бо дарназардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» такмил дода шуда, ҳар шахс дар баробари ҳуқуқ ба муҳофизати ҳаёт ва саломатӣ ба ҳифзи маълумоти шахсӣ низ ҳуқуқ дорад.

Тибқи тағйирот ба моддаи 161 кодекс, минбаъд тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷинояти дар қисми 1-уми моддаи 286 кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда, аз ҷониби муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар қисмҳои 2 ва 3-юми моддаи мазкур пешбинишуда, аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура амалӣ карда мешавад.

Бо илова ба моддаи 245 кодекс муайян шудааст, ки таъмини ба суд ҳозир шудани шахсони дар рӯйхат танҳо тахаллусашон сабтшуда, аз тарафи мақомоти пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, бо илова ба қисми 5-уми моддаи 355 кодекс ба тарафҳои парвандаи айбдоркунии хусусӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки онҳо ариза дар бораи оштиро то ба хонаи машваратӣ рафтани судя пешниҳод намоянд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 15 апрели соли 2019 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун, бо дарназар­дошти роҳандозӣ гардидани Портали савдо ва равзанаи ягона ҷиҳати содагардонии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз такмили раванди пешниҳод ва дастрас намудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тавассути истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкорӣ иборат буда, дар ин замина ба моддаи 1 мафҳумҳои нави дар қонун истифодашаванда дар шакли сархатҳои даҳум-понздаҳум илова ва ҳамчунин дар моддаҳои 7 ва 29 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудааст. Тибқи иловаҳо, ба моддаи 10 пешбурди махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва баҳисобгирӣ, нигоҳдориву нобудкунии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии электронӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, қисми 2-юми моддаи 14, бинобар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 29 дар таҳрири нав, ифода карда шудааст.

Бо дарназардошти таъсисёбии Кумитаи бехатарии озуқавории ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин Агентии авиатсияи гражданӣ дар моддаи 29 бандҳои алоҳида бо роҳи муттаҳидкунии меъёрҳо дар таҳрири нав ифода, баъзе аз бандҳои он хориҷ карда шудааст. Бо амали мазкур 16 адад ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ кам карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, бо ин васила, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва сабукӣ додан ҷиҳати пешбурди тиҷорат, рушди соҳибкорӣ ва гузаштан ба низоми электронӣ, пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аҳамияти басо муҳим дорад. Аз ин рӯ, хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гардида, онро 22 апрели соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» иборат буда, бо ин васила, ба моддаи 31 қисмҳои 10 ва 11 илова карда шудаанд.

Тибқи иловаҳои мазкур, минбаъд адвокат бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо маркази ёрии ҳуқуқӣ созишнома мебандад. Ӯ ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дохил карда мешавад ва ҳаққи хизматаш барои иштирок дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дар мурофиаи судии гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи қонуни зикршуда пардохт карда мешавад.

Инчунин, аз қисми 2-юми моддаи 321 иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, шаҳрвандони камбизоате, ки даромади умумиашон барои ҳар як узви оила дар як моҳ камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, хориҷ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои татбиқи низоми ёрии ҳуқуқии ройгон ва такмили фаъолияти адвокатҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2020 қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили қонуни амалкунанда бо дарназардошти забони давлатӣ, мутобиқ намудани он ба талаботи бо дигар қонунҳо ва дастгирии давлатии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон иборат буда, ба ин васила, ба моддаҳои 2-5, 27, 42, 44, 46, 53 ва 58 тағйиротҳое ворид карда шудаанд, ки хусусияти услубиву забонӣ, муайянкунанда ва танзимкунанда дошта, дар маҷмӯъ, барои беҳтар шудани сифати қонун ва татбиқи якхелаи он мусоидат менамоянд.

Тибқи илова ба моддаи 17, пешбинӣ шудааст, ки ба собиқаи суғуртавӣ ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ, давраи нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ дорад, инчунин давраи нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида, новобаста аз пардохти саҳмҳои суғурта, ба ҳисоб гирифта мешавад.

Бо илова ба қисми 4 пешбинӣ шудааст, ки муқаррароти мазкур ва сархати ҳафтуми қисми 3 нисбат ба талабот оид ба давомнокии давраи бе пардохти саҳмҳои суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда, ки дар маҷмӯъ, набояд аз 60 моҳ зиёд бошад, татбиқ намегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо аҳли зиёи кишвар аз 19 ноябри соли 2019 ироашуда пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2020 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз сабти номи падар бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ иборат буда, бо ин васила, тибқи тағйирот ба қисмҳои 3 ва 6-уми моддаи 20 минбаъд насаби кӯдак ва номи падар бе иловаи пасвандҳои мувофиқан — ов, — ова, — ев, — ева, — овна, — евна, — ович, — евич сабт карда мешавад.

Аз мазуни илова ба қисми 4 бармеояд, ки насаби шахс мумкин аст бо иловаи пасвандҳои «-пур» ва «-духт» ташаккул ёбад. Бо илова ба моддаи мазкур дар намуди қисми 12 муайян шудааст, ки дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак бо насаби падар ё модари кӯдак, бо дарназардошти талаботи қисми 11, ки ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро ба ном тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат додааст, сабт карда мешавад.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқат мекунад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» мегузарем. Вобаста ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи кино» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 29 апрели соли 2020 қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқгардонии он ба Конститутсия, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино иборат мебошад.

Аз матни қонун калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ, калимаҳои «ба филмҳо индекс мегузорад» ба калимаҳои «таснифоти филмҳоро амалӣ менамояд» ва аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шудааст.

Тағйироту иловаи мазкур дар қонунгузории амалкунанда меъёри индекскунонии филмҳоро васеъ менамояд.

Дар қонун моддаи 16 дар таҳрири нав ифода гардида, доираи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолият дар ин соҳа машғул ҳастанд, мушаххас карда шудааст. Минбаъд онҳо уҳдадор мешаванд, ки тамошобинро пеш аз пахши филм дар бораи гурӯҳи синну сол хабардор намоянд, зеро ба ҳар синну сол мувофиқ будани филм хусусият, анъана ва ҷанбаҳои миллиро инъикос намуда, омили муҳимтарини такомулёбӣ, зебоифаҳмӣ ва ватанпарастӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, филмҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ва филмҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пахш ворид карда мешаванд, ба категорияҳои синнусолии то шашсола, аз шашсола, дувоздаҳсола, шонздаҳсола, ҳаждаҳсола боло ҷудо мегарданд.

Қонун бо кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ мувофиқа гардида, ба талаботи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади дастгирии минбаъдаи хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаҳои хусусии тиббӣ қабул гардидаст.

Бо ҳамин мақсад, дар қисми 2-юми моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он бахшида шудааст, калимаҳои «ва барои хизматрасонии таълимӣ» ба калимаҳои «,барои хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаи хусусии тиббӣ» иваз карда шудааст.

Ҷонибдории қонуни мазкур ба субъектҳои хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаҳои хусусии тиббӣ имкон медиҳад, ки сатҳи андозбандии онҳо то 31 декаб­ри соли 2023 аз 18 фоиз то 5 фоиз коҳиш ёбад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2020 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мусоидат дар рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он, аз Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бандҳои 9), 10) ва 11) қисми 6-уми моддаи 4 хориҷ карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, инчунин, додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда, ба таври ройгон амалӣ гардонида шаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайд­гирии уҳдадориҳо вобаста ба молу мулки манқул дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардидааст.

Бо ин мақсад, ҷиҳати минбаъд ройгон анҷом додани бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав, тағйирдиҳии онҳо ва додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, қисми 8-уми моддаи 19 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст.

Қонуни зикршуда ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Дар иртибот ба ин, ба моддаи 55 қонуни амалкунанда сархати чорум илова гардидааст, ки минбаъд барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, қарори иҷрочии мақомоти иҷро асос шуда метавонад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мегузарем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади танзими фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) таҳия гардидааст. Бо ин мақсад, дар моддаҳои 17 ва 18 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки мутобиқи онҳо, ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона, минбаъд аз номгӯйи намудҳои фаъолияти умумӣ ба номгӯйи намудҳои махсуси фаъолият гузаронида мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам ­аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуд­ҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» шурӯъ мекунем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади кафолати таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон-гаравгузорон қабул гардида, ҷиҳати ба танзим даровардани ҷанбаҳои фаъолияти гаравхонаҳо равона шудааст.

Бо ин мақсад, ба қисми 2-и моддаи 4 қонуни амалкунанда илова ворид шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд гаравхона бояд маблағҳои заруриро баҳри пешгирии хавфҳо барои шаҳрвандоне, ки молу мулки худро барои гарав ва нигоҳдошт супоридаанд, дошта бошад.

Дар баробари ин, тағйироти воридшуда ба қисми 4-уми моддаи 4 қонуни амалкунанда, намудҳои фаъолияти гаравхонаро мушаххас гардонида, мавзӯи гарав дар моддаи нави 41 илова гардидааст.

Дар моддаи нави 51 талабот оид ба гаравхона ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона оварда шуда, вобаста ба хусусияти фаъолияти гаравхона, инчунин ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона муқаррар карда шудааст.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шуданд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Вазирзода Гулнора Насрин» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Гулнора Насрин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Гулнора Насрин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Қуватзода Турон Давлат» мегузарем.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Турон Давлат ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Турон Давлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Ҷуразода Насиба Ёрмад» шурӯъ менамоем.

Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҷуразода Насиба Ёрмад» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҷуразода Насиба Ёрмад» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Вазирзода Гулнора Насрин» мегузарем. Марҳамат, Ализода Зариф, суханро идома диҳед.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Вазирзода Гулнора Насрин» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Вазирзода Гулнора Насрин» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қуватзода Турон Давлат» мегузарем.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қуватзода Турон Давлат» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қуватзода Турон Давлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷуразода Насиба Ёрмад» шурӯъ менамоем.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷуразода Насиба Ёрмад» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷуразода Насиба Ёрмад» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам судяҳо!

Шуморо барои ба мансаби пурмасъулияти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан табрик мегӯям.

Шарафёб шудан ба боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи заҳматҳои чандсола ва содиқонаи шумо дар ҳокимияти судӣ мебошад, ки боз ба муҳлати нав судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб гардидед.

Боварӣ дорам, ки дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, қонуният ва таъмини адолати судӣ ҳама нерую дониш ва малакаи худро равона месозед ва бо дарки ин рисолати бузург ба халқу давлат хизмати содиқона хоҳед намуд.

Бори дигар ба ҳар яки шумо дар ҷодаи фаъолияти пурсамари касбӣ муваффақият таманно менамоям.

Саломат бошед!

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» мегузарем.

Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо дода мешавад.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадии Раҳмон Дилшод Сафарбекро ба Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунам.

Дар ин хусус лоиҳаи қарор ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, пешниҳод шудааст. Доир ба ин масъала пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020 – 2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020» мегузарем.

Нақшаи амал ва лоиҳаи қарор дар кумитаҳо ва Шӯрои Маҷлиси миллӣ коркард ва мувофиқа шуда, лоиҳаи он дар дасти шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳаст. Зарурати дар алоҳидагӣ баррасӣ ва муаррифӣ намудан ҳаст?

Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намуна ва тавсифи онҳо» мегузарем.

Лоиҳаи низомномаи мазкур дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таҳия шуда, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ мувофиқа гардид. Лоиҳаи он ва қарори дахлдор дар дасти шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳаст.

Дигар таклифу пешниҳодҳо ҳастанд ? Нест.

Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қарор ба овоз монда шавад ва хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи моддаи 25 ­Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвонии иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд.

Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон дода мешавад. Марҳамат!

АБДУРАҲМОНЗОДА

Саидбурҳони Саидраҳмон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии иҷлосия ягон барқия, мактуб ё ариза ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд.

Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед.

Нест.

(Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ­Эмомалӣ дар ин шумора алоҳида нашр шуд).

Ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, дар амалӣ намудани рисолати пуршараф ва иҷрои вазифаҳое, ки бо Конститутсия ва қонунҳо пешбинӣ гардидаанд, комёбиҳо таманно менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ