Қонун дар таҳрири нав камбудиҳоро бартараф менамояд

№68 (4174) 09.06.2020

Мақомоти марбута дар робита ба супориши Пешвои миллат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия карданд

DSC_1517Зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ Пешвои миллат супориш доданд, ки «бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» чораҷӯӣ намоянд».

Дар робита ба ин масъала кадом корҳо амалӣ шуданд ва онҳо чӣ моҳияту ҳадаф доранд?

Тавре зимни суҳбат муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода гуфт, иҷрои бетаъхири супориши зикршудаи Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди назари субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, инчунин вазорату идораҳои марбута қарор дорад.

Бино ба гуфти ӯ, аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа – Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав бомаром идома дорад. То ҳол қисмати асосии кор ба сомон расида, дар наздиктарин фурсат лоиҳа ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод хоҳад гашт.

- Аз он ки вазорати зикршуда субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ маҳсуб намешавад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» дар таҳрири нав шояд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ирсол шавад, — афзуд Гулбаҳор Ашурзода.

Ин иқдом баҳри беҳбудбахшии вазъи соҳа мебошад. Масалан, қаблан тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти як қатор таҷҳизот, ки дар истеҳсоли доруворӣ истифода мешаванд, аз андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуд.

Инчунин, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти мавод барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ, либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 зарурӣ аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷ) озод гардиданд.

Аз ин пештар, зимни ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мунтазам баланд шудани нархи доруворӣ изҳори нигаронӣ карданд ва барои ҳар чӣ зудтар ба низом даровардани бозори фармасевтии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, танзими арзиши доруворӣ, рушди соҳибкории истеҳсолии фармасевтӣ, аз андози арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ, ки ба паст шудани нархи доруворӣ ва рақобатпазир гаштани маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолгашта мусоидат менамояд, вазифагузорӣ намуда буданд.

Ба андешаи ҳамсуҳбатам, таҳияи лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда дар таҳрири нав иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, дар сурати қабул, ҷонибдорӣ ва аз тарафи Пешвои миллат имзо шудану мавриди амал қарор гирифтан марҳилаи сифатан нави рушди соҳа шурӯъ хоҳад гашт.

Инчунин, замина фароҳам меояд, ки асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти доруворӣ, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ возеҳу фаҳмотар муайян гардад. Ба ғайр аз ин, коркард, тайёр намудан, озмоиши пеш аз дармонгоҳӣ ва дармонгоҳӣ (клиникӣ), назорати сифат, судмандӣ, бехатарӣ, савдои доруворӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки дар соҳа ба миён меоянд, дар сатҳи хубу сифати боз ҳам баландтар танзим мешаванд.

Вақтҳои охир, хоса дар марҳилаи зуҳури коронавирус зиёд дар бораи доруворӣ мегӯянду менависанд. Баъзеҳо шояд надонанд, ки ин мафҳум фаромаънӣ буда, доруворӣ маводест, ки барои пешгирӣ, ташхис, муолиҷаи бемориҳо, пешгирии ҳомиладорӣ истифода шуда, аз хун ва ҷибла (плазма) — и он, инчунин аз узву ҷузъҳои бадани инсон ё ҳайвон, растаниҳо, маъданҳо бо роҳи тавлиф (синтез) ё бо истифодаи усулҳои биологӣ (биотехнология) ҳосил шудаанд.

Шоистаи зикр аст, ки маводи аз наботот, ҳайвонот ё бо роҳи сунъӣ ҳосилшуда, иловагиҳои фаъоли биологӣ ва ороишӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, доруворӣ маҳсуб мешаванд.

Фаъолияти фармасевтӣ бошад, мафҳуми илмиву амалиест, ки ихтироъ, коркард, истеҳсол, тайёр кардан, нигоҳдорӣ, бастубанд, ҳамлу нақл, бақайдгирии давлатӣ, стандартикунонӣ, назорати сифат, тамғагузорӣ, савдо, реклама, истифодаи доруворӣ ва дигар амалиётро вобаста ба муомилоти маводи доруворӣ дар бар мегирад.

Дар робита ба ин зарур медонем, ки рисолати ташкилотҳои фармасевтӣ низ бозгӯйӣ шавад. Онҳо ба воридот, содирот, нигоҳдорӣ, коркард, истеҳсол, назорати сифат, судмандӣ, бехатарӣ, савдои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ҳамчунин ба захира, коркарди ашёи хоми доруворӣ ва парвариши гиёҳҳои шифобахш, ҷамъоварӣ, таҳлил ва додани иттилоот дар бораи фаъолияти фармасевтӣ, доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд.

Бегуфтугӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таъминоти аҳолии мамлакат бо маводи доруворӣ муайян мекунад. Ҳоло низ тибқи муқаррароти моддаи панҷуми қонуни амалкунанда, тартибу шартҳои назорати давлатӣ оид ба сифат ва бехатарии доруворӣ ва молҳои тиббӣ низ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муқаррар ва барномаҳои асосии таъмини кафолатноки аҳолӣ бо доруворӣ таҳия ва тасдиқ мегарданд. Илова бар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ тартиби идоракунии сохтори мақоми давлатии фармасевтӣ ва фаъолияти онҳоро муқаррар сохта, сиёсати ягонаи техникиро дар соҳаи саноати фармасевтӣ таъмин менамояд. Табиист, ки қонун догма набуда, дар қонуни нав ин масъала, бо дарназардошти талаботи ҷаҳони муосир, такмил хоҳад ёфт.

Дорувории қалбакӣ аз мушкилоти ҳалталаб ба ҳисоб рафта, ниҳодҳои дахлдор аксар маврид дар мубориза бо он оҷизанд. Тибқи муқаррароти мавҷуда, ин қабил доруворӣ аз рӯи таркиб, хусусият ва дигар тавсифҳо ба асл ё дорувории такроран истеҳсолшудаи истеҳсолкунанда (генерикӣ) мувофиқат намекунад, ғайриқонунӣ ва қасдан бо тамғақоғази қалбакӣ муҷаҳҳаз шудааст ва ё дорои маълумоти нодуруст оид ба таркиб, таърихи истеҳсол, муҳлати истифода ё истеҳсолкунандаи доруворӣ аст.

Биноан, тавсеа бахшидани назорати давлатии муомилоти доруворӣ зарур ва ногузир мебошад. Бояд зикр кард, ки самти мазкури фаъолият маъмулан аз назорати озмоишҳои клиникии доруворӣ, сифат, судмандӣ, истеҳсол, тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, воридот ба ҷумҳурӣ ва содирот аз он, додан, фурӯхтан, истифода, реклама ва нобуд кардани доруворӣ иборат аст.

Бо дарназардошти моҳият умури назорат дар ин самт бояд беш аз пеш ҷиддӣ ва санҷиши риояи коидаҳои амалияи озмоишгоҳӣ ва клиникӣ, қоидаҳои ташкили истеҳсол, санҷиши сифат, нигоҳдориву нобуд кардани доруворӣ дар мадди назар бошад.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода муътақид аст, ки қонуни зикршуда ояндаи наздик қабул ва ҷонибдорӣ гардида, ба шарофати мавриди амал қарор гирифтанаш камбудиву мушкилоти мавҷуда рафъ мешаванд.

Аз ин бармеояд, ки вакилон дар роҳи эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саъю кӯшиши хастагинопазир дошта, бо дарназардошти вазъи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қонунҳои ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷавобгӯйро таҳия ва қабул хоҳанд кард.

Далер Мерганов, «Садои мардум»