Қонунҳои миллӣ – кафили рушди маориф ва зиндагии шоистаи мардум

№146 (4408) 07.12.2021

DSC_1240Ҳарчанд дар назди таърих 30 сол на чандон тӯлонист, вале дар ин муддат кишвар ба пешрафти зиёд комёб гардид. Аз ҷумла, низоми қонунгузории мамлакат низ сол аз сол такмил ёфта истодааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати дониш, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ пайваста қонунҳои нав ба нав таҳия гардида, ба қонунҳои амалкунанда давра ба давра тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикор ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба тасвиб расиданд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар бо рӯҳбаландӣ пазируфта шуданд.

Ҳамчунин, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд, ки ба манфиати ҷомеа мебошанд.

Ислоҳоти соҳаи маориф, ки яке аз иқдомҳои наҷиби Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ба рушди устувори низоми маориф ва ба меъёрҳои асри ХХI мутобиқ намудани сатҳу сифати таҳсилот равона шудааст.

Табиист, ки дар ҳама давру замон боло бурдани маънавияти ҷомеа аз волидайн ва омӯзгор вобастагӣ дорад. Собит шудааст, ки агар анҷоми ҳама гуна корро ба асл бихоҳӣ, ибтидо ба устоди комил такя бояд кард, зеро обрӯ ва эътибори шаъни инсониро маҳз афкори судманди омӯзгори садоқатпеша метавонад нигоҳ бидорад.

Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои зикргардида, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» дар баёни устоду тарбияти шогирд мефармояд, ки «ба матлуб расидани шогирд аз хидмату тарки роҳат ва заҳмати содиқона» вобастагӣ дорад.

Дар масоили одоби шогирд овардааст, ки «аввал он ки назди устод дарояд, ибтидо салом кунад, дуюм, дар пеши устод кам сухан гӯяд, сеюм агар хоҳад, ки масъала пурсад, қаблан бояд дастур ва ё иҷозат талабад ва ниҳоят, дар пеши устод ба касе гӯшакӣ накунаду ба ҳурмати эшон нишасту бархост намояд».

Боис ба таассуф аст, ки дар ҷомеа алҳол эҳтирому эътиқод ва арҷгузорӣ нисбат ба омӯзгор нисбатан кам гаштааст. Набояд фаромӯш сохт, ки шарафи инсониро дар вуҷуди ҳар шахс танҳо омӯзгор парварида метавонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 гуфтанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.

Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардош­тани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳар чӣ бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад».

Таҷриба собит сохтааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавоно ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки дар сиёсати кунунии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятнок ва калидӣ эътироф шудааст.

Таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон гардида, ба сатҳи зиндагиву маърифатнокии ҷомеа таъсири мусбат расонидааст.

Дар моддаи 5-ум, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад».

Волидайн ҳар қадар бештар ба тарбия ва сатҳи саводнокии фарзанд таваҷҷуҳ намоянд, ҷомеа ҳамон андоза пеш меравад, неруи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилоти оилаву ҷомеа камтар мешавад. Зарур аст, ки насли ояндасози миллатро ҷиҳати ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ роҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ беш аз пеш талош варзем.

Вобаста ба ин, дар моддаи 8, сархатҳои 5, 11, 13 ва 14 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст: «Фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин, бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд», «кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд», «ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд» ва «аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд».

Бояд ҷавононро аз дину фарҳанг, таъриху тамаддун ва расму оини миллӣ бохабар сохта, дар зеҳни онҳо ҳурмати падару модар, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллиро шакл диҳем. Дар он сурат ягон нохалаф наметавонад бо ақидаҳои ифротгароёна онҳоро гумроҳ намояд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми Президенти кишвар аз 19-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ, солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.

Илова бар ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Бинобар ин, зарур донистанд, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд шаванд.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯйи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо низ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳадафи Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мебошад.

Зимнан, дар шароити ҳозира шабакаҳои иҷтимоӣ воситаҳое мебошанд, ки инсонро новобаста ба синну сол ҷалб мекунанд. Зарур аст, ки дар оила ва муассисаҳои таълимӣ нисбат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои истифодаи оқилонаи онҳо тибқи қонунгузории мамлакат тадбир андешанд.

Дар маҷмӯъ, қонунҳои миллие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва ба имзо расидаанд, иқдоми муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, кафили рушди илму маориф ва зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд.

Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин