Хониши вакилӣ

Қонунгузорӣ барои соҳибкорон 97 номгӯй имтиёз муқаррар кардааст

№64 (4014) 04.06.2019

DSC_4775Сиюми майи соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Оид ба рушди соҳибкорӣ дар ташаккули буҷет» бо иштироки масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Гурӯҳи самими Констрашн», Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ноқили Талко» хониши вакилӣ баргузор шуд.

Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар мамлакат моҳиятан беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва боиси қаноатмандӣ аст, ки тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва мамлакат тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф шомил гардид.

Раиси Кумитаи давлатии сар­моягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фаррух Ҳамрализода зикр кард, ки рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ аз ислоҳоте мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Инчунин, бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти соҳибкорону сармоягузорон ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис ёфта, намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба он шомил мебошанд.

Зикр шуд, ки барои дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар солҳои 2008 – 2018 се маротиба ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуд.

Умуман, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 97 имтиёзу сабукиҳоро муқаррар намудааст, ки аз он 80 имтиёз фискалӣ ва 17 имтиёз ғайрифискалӣ мебошад.

- Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол мулоқоту форумҳо бо соҳибкорону сармоягузорон дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он баргузор шуда, бо 39 кишвари хориҷӣ созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расидааст. Ҳоло соҳибкорони ватанӣ бо беш аз 80 давлати хориҷӣ дар самти содироту воридот ҳамкорӣ дошта, чун шарики боэътимод эътироф шудаанд, — изҳор дошт Фаррух Ҳамрализода.

Сардори Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия Сайвалӣ Сафаров зикр кард, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории ватанӣ ва субъектҳои хоҷагидор соли гузашта 7,1 миллиард сомонӣ имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардид.

- Ҳар сол барои дастгирии соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Барои мисол, дар солҳои 2013-2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тавассути Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» барои пурра намудани сармояи оинномавии фонд 208,4 миллион сомонӣ равона гардида, соли 2019 ба ин мақсад 90 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, — афзуд номбурда.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода доир ба дастгирии соҳибкорон дар дарёфти қарз иброз дошт, ки ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 2 миллиарду 668,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,98 дарсад зиёд мебошад. Бино ба гуфти ӯ, дар чор моҳи соли равон пешниҳоди қарз барои рушди соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятнок 1 миллиарду 929,18 миллион сомониро ташкил дод, ки 72,29 дарсади ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад.

Аз суханронии сардори Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Орзу Қурбонов маълум гардид, ки моҳҳои январ-апрели соли 2019 тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин шуд.

- Дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 17 миллиарду 872,9 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,3 дарсадро ташкил дода, рушди воқеӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ афзоиш ёфт, — зикр кард ӯ.

Дар интиҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғаффоров, Ҳ. Одинаев, З. Исмоилзода, Н. Риоев, Л. Раҷабова, М. Ахмедов ба пурсишҳои пешниҳодкардаашон посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шариф АТОБУЛЛЛОЕВ,

«Садои мардум»