Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд

№ 25.10.2019

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҷаласаи навбатии худ — 25 октябри соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, қабул намуд.

Гузориши муфассал аз ин хусус дар шумораи ояндаи рӯзнома нашр мешавад.

«Садои мардум»