Оё таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст?

№156 (4262) 29.12.2020

DSC_475125 декабри соли 2020 бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар мавзӯи «Баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ» суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Онро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оғоз намуда, аз ҷумла, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории миллат номидаанд. Вобаста ба рушду инкишофи он, сатҳу сифати донишомӯзии толибилмон дар ҳама зинаи таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.

Лозим ба зикр аст, ки тайи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ чанд санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардид.

- Бинобар ин, зарур аст, ки масъаларо баррасӣ намуда, камбудиҳое, ки садди роҳ мешаванд, ошкор ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро муайян созем. Ҳатто, агар лозим шавад, ба қонунҳои соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид намоем, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Сипас, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ гуфт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ, аз имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати самарабахш гардонидани низоми таълим ва мутобиқ гардонидани таҳсилоти миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Яке аз роҳҳои амалӣ намудани ин меъёрҳо ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва пешниҳоди лоиҳаҳои соҳавӣ дар ҳама зинаи таҳсилот, аз ҷумла, томактабӣ, мебошад, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ фарогирии кӯдакон ба он 17 фоизро ташкил медиҳад. Наздики 83 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бе омодагии пешазмактабӣ ба мактаб меоянд, ки ин ҳолат ба сифати таҳсилот бетаъсир намемонад.

DSC_4736Ҳоло теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиягирандагон ба 97164 кӯдак расида, дар муқоиса бо соли таҳсили 2019 — 2020-ум 16 муассиса зиёд мебошад.

Мутаассифона, то ҳол ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ боқӣ монда, дар вилояти Суғд 73 ҳолат, Хатлон — 33, шаҳри Душанбе — 23 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 ҳолат ба қайд гирифта шуд. Дар баробари ин, иҷро нашудани «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 қабул шуд, ба ин зинаи таҳсилот таъсири манфӣ расонд.

Тӯли 7 соли татбиқи барнома дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 1037 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 534 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид, аммо 111 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (10,7%) ва 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ (5,8%) таъсис дода шуд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ (ба истиснои шаҳри Хоруғ), шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Носири Хусрав, Муъминобод, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Восеъ, Ёвон, Ховалинг, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Дӯстӣ ва шаҳрҳои Норак, Роғун, ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор ягон муассисаи таълимии хусусӣ сохта нашудааст, — афзуд Латофат Назирӣ.

«Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» бо сабаби ҷудо нагаштани маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин, паҳншавии бемории коронавирус низ иҷро нагардид. Барои мисол, дар ВМКБ ташкил ва  ба таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардонидани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи нишондод 24,31% иҷро гардид. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон бояд 740 кабинети таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешуд, вале 240 адад муҷаҳҳаз шуд, ки 32,43 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд аз 571 кабинети пешбинишуда 336 кабинет муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки ба 58,84 фоизи нақша баробар аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иҷрои нақшаи барнома 118,9 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, ба ҷойи 111 кабинети пешбинишуда 132 кабинет бо таҷҳизот фароҳам шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ин нишондиҳанда 12,47 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Инчунин, зикр шуд, ки соли таҳсили 2020-2021 раёсату шуъбаҳои маориф барои 304 омӯзгори фанни забони русӣ ва 307 омӯзгори фанни забони англисӣ дархост пешниҳод намуданд, ки он ба ВМКБ 22 нафар, вилоятҳои Хатлон — 185, Суғд — 157, шаҳри Душанбе — 26 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 221 нафар рост меояд.

Дар ибтидои соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 373 омӯзгори фанни забони русӣ ва 481 омӯзгори фанни забони англисӣ дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм фиристода шуданд, ки аз онҳо 284 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Соли 2020 хонандагони кишвар дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 186 ҷойи ифтихорӣ, 63 медали тилло, 54 медали нуқра ва 69 медали биринҷӣ гардиданд.

Аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ бояд 231 муассисаи таълимӣ барои 49964 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешуд. Бо дарназардошти нисбатан маҳдуд будани имконияти молиявии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ 149 муассисаи таълимӣ барои 36356 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Сохтмону навсозии 231 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, 162 муассисаи таълимӣ, бинои 20 раёсату шуъбаи маориф, 24 маркази таҳсилоти иловагӣ, 24 маркази рушди истеъдод ва маркази технологияи иттилоотӣ ба нақша гирифта шуд.

- Новобаста ба корҳои басомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот ба назар мерасад. Боварӣ ҳаст, ки онҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа дар ҳамаи самт амалӣ хоҳад шуд, — гуфт Латофат Назирӣ.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода иброз дошт, ки яке аз омилҳои асосии баландбардории сифати таҳсилот ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ гардонидани пояҳои моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар бархе аз таълимгоҳҳо омӯзгорони ғайриихтисос фаъолият менамоянд. Бинобар ин, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати тайёр намудани омӯзгорони соҳибкасб тавсеа бахшидан даркор аст.

- Санҷишҳои баргузоршуда маълум карданд, ки то ҳанӯз дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ пояи моддию техникӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд, — афзуд Ғиёсиддин Шарифзода.

- Барои мисол, кабинетҳои таълимӣ барои омӯзиши фанҳои физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ тибқи талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз нашудаанд. Барои гузаронидани корҳои лабораторию амалӣ шароити зарурӣ муҳайё нагардидааст. Ҳоло ҳам дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани дарсҳои фанни технология устохонаҳои таълимӣ намерасанд.

Ба ин масъала беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Зеро Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кардаанд.

Дар маҷмӯъ, омилҳои асосии баланд бардоштан ва ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонидаи сифати таҳсилот ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ намудани пояҳои моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Дар ин раванд талаботи барномаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазгардонии кабинету озмоишгоҳҳо, дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳо, ташаккул додани китобхонаҳои электронӣ низ муҳиманд, — хулоса кард вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳаёт Одинаев, Раънохон Бобоҷониён, Рустам Қудратов, Гулбаҳор Назирӣ, Ҷамшед Муртазозода, Зоир Раҳмонзода, Парвина Маликзод, Гавҳар Шарофзода ва Хайриддин Усмонзода ба масъулин савол дода, баҳри беҳбудии соҳа пешниҳодҳои муфид иброз намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф изҳори сипос намуда, иштирокчиёнро бо ҳадафу ниятҳои неки Вазорати маориф ва илм ошно кард. Ҳамчунин, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз пайи беҳбудӣ ва инкишофи маориф ва беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ