Оё татбиқи стратегияи рушди саноат марҳилаи нави пешрафтро оғоз мебахшад?

№82 (3876) 05.07.2018

DSC_0356Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 майи соли 2018 «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» — ро тасдиқ намуд. Оид ба он ки ин санад барои рушди соҳа мусоидат менамояд, хабарнигори рӯзнома бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хусрав Абдуназар мусоҳиб гардид.

- Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдани кӯҳӣ, ангишт, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди металл ва химия, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯроквориро фаро мегирад.

Таҳлилҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба маблағи 4738,7 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2017 — ум 13,1 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, истеҳсоли ангишт марҳила ба марҳила зиёд шуда истодааст ва аввалин маротиба ин нишондиҳанда 1,7 млн.тоннаро ташкил дод. Соли гузашта корхонаҳои сементбарорӣ 3,1 млн.тоннна семент истеҳсол намуданд ва нақша доранд, ки солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли онро ба 4,5 млн. тонна расонанд. Ногуфта намонад, ки минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» низ дар рушди саноат нақши муҳим доранд.

«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тибқи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 баён шуданд, бо мақсади амалисозии ҳадафҳои дарозмуҳлат баҳри рушди кишвар таҳия шудааст.

Дар он баробари ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи солимии миллат, таъмини амнияти иқтисодии давлат, ҳамчунин масъалаҳо вобаста ба афзоиши истеҳсолоти саноатӣ ва як қатор омилҳои муҳими дигар ба эътибор гирифта шудаанд. Дар он қайд шудааст, ки таъмини суръати баланди рушди саноат нисбат ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва зиёд намудани ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 13,2 фоиз, то соли 2025 ба 16 фоиз ва соли 2030 ба 20-20,5 фоиз расонида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки маҳсулоти дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсолшаванда бояд баландсифат, рақобатпазир ва ниҳоӣ буда, бозори дохилиро таъмин намояд ва ба дигар давлатҳо содирот шавад.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ин давра як қатор қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» (дар таҳрири соли 2016) ва ғайра.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин вазорату идораҳои марбута барои татбиқ намудани стратегия чораҳои судманд меандешанд. Барои мисол, дар муҳокимаи парламентӣ ҷараёни иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунтай Моҳир Семент» оид ба корхонаҳои истеҳсоли семент, гипсокартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан ғаюр Индастриал» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадафи стратегии сиёсати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини рушди устувори мамлакат бо роҳи диверсификатсияи истеҳсолот, иваз намудани ҷойгоҳи саноат ҳамчун истеҳсол ва содиркунандаи ашёи хом бо роҳи тағйироти технологӣ, аз байн бурдани истеҳсолоти ашёи нимтайёр ва гузариш ба давраи пурраи истеҳсолоти маҳсулоти тайёр, бо ин мақсад ба истифодаи бештари ашёи хоми табиии кишоварзӣ ва захираҳои меҳнатӣ афзалият додан, дигаргунсозии сохторӣ, аз ҷумла тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба талаботи тағйирёбандаи иқтисоди бозорӣ иборат мебошад.

- Мутобиқи стратегия, афзалият ба кадом намуди истеҳсолот дода мешавад?

- Ба гурӯҳи истеҳсолоти зерин:

- коркарди нахи пахта;

- истеҳсолоти дӯзандагӣ;

- коркарди пӯст, пашм, истеҳсоли пойафзол;

- коркарди маъдан, пеш аз ҳама, маъданҳои дорои металлҳои ранга то ҳадди ҳосил намудани металлҳои холис (сурб, сурма, руҳ, симоб, мис) ва металлҳои асил, сангҳои ороишии ранга, ки манбаи ғанигардонии захираи асъори ҷумҳурӣ мебошанд;

- истеҳсол ва коркарди алюминийи аввалия бо дурнамои тавлиди маҳсулоти тайёр (конструксияҳои сохтмонӣ, асбобҳои рӯзгор, маснуоти электроникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти технологӣ ва воситаҳои нақлиёт);

- маҳсулоти тайёр аз тамоми намуди ашёи хоми кишоварзӣ;

- истеҳсоли нуриҳои минералӣ, воситаҳои кимиёвии рӯзгор;

- истеҳсоли маводи бастабандии замонавӣ, зарфу ғунҷоишҳо аз фолгаи алюминӣ, пакетҳои синтетикӣ ва шишагӣ.

Қабл аз ҳама, бо маҳсулоти босифати рақобатпазир таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба содирот равон кардани маҳсулоти ниҳоии саноатӣ. Барои ин бояд заминаи истеҳсолӣ мавҷуд бошад. Яъне, дар корхонаҳои мавҷуда иваз намудани таҷҳизоту дастгоҳҳо ба таҷҳизоти ҳозиразамон бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи технологияи пешқадам ба роҳ монда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад ва талабот ба шуъбаҳои назоратӣ — техникӣ пурзӯр, меъёрҳои байналмилалии ГОСТ, ЕСКД ва дигар шартҳои техникӣ пурра риоя гарданд.

Мебояд дар корхонаҳои саноатӣ шуъбаҳои конструкторӣ, технологӣ, металлургӣ ва вобаста ба соҳаҳои гуногуни саноат шуъбаҳои соҳавии техникӣ фаъолият намоянд. Сехҳои озмоишӣ дар корхонаҳо ҳатман мавҷуд бошанд, зеро маҳсулоти нав он ҷо тавлид шуда, сипас бо миқдор ва ҳаҷми калон истеҳсол карда мешавад. Чунин таҷриба дар фаъолияти собиқ Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» (ҳоло корхонаи мошинсозӣ) вуҷуд дошт. Корхонаи мазкур мошинҳои бофандагию калобаресӣ барои фабрикаи қолинбофӣ ва якчанд намуд мошинҳоро барои саноати сабук истеҳсол карда, онҳоро ҳам дар бозори дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба фурӯш мебаровард ва ҳам ба хориҷа содирот мекард.

- Оё самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат ва марҳилаҳои амалисозии онҳо низ муайян шудаанд?

- Дар асоси стратегия зиёдшавии истеҳсоли солонаи тилло аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳо ва корхонаҳои нави саноатӣ ҳар сол дар ҳаҷми 6 фоиз пешбинӣ шудааст. ҶДММ «Зарафшон», ҶДММ «Апрелевка», ҶДММ КМ «Тиллои тоҷик», артели заршӯйии «Одина», ширкати ҶДММ «Покруд» корхонаҳоеанд, ки ба истеҳсоли тилло машғул мебошанд ва бояд афзоиши истеҳсоли ин металли нодирро таъмин намоянд. Дар баробари ин, ба ташкили иқтидорҳои истихроҷ ва коркарди маъдани нуқра аҳамияти махсус дода мешавад ва имкони то соли 2030-юм 10 фоиз нисбат ба соли 2017 зиёд намудани истеҳсоли он мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар марҳилаи аввали рушди соҳаи масолеҳи сохтмонӣ, ки солҳои 2018- 2020-ро дар бар мегирад, иқтидорҳои нав оид ба истеҳсоли семент, хишт, регу шағал бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ рӯйи кор меоянд. Дар марҳилаи дуюм – солҳои 2021- 2030 ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ афзоиш меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи маблағҳои худӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сементро бо иқтидори солонаи 1 млн. тонна ба истифода супорид. Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли гипсокартон ва ғуррагач (шпаклёвка) бунёд шуд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи он на танҳо дар бозори дохилӣ фурӯхта, инчунин ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содирот мешавад.

- Аз ин бармеояд, ки дар саноати истихроҷи ангишт пешравиҳо қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд…

- Бале. Дар стратегия зикр шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад се занҷири истеҳсолоти бо ҳам ­алоқамандро бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя дар соҳаи ангишт ба роҳ андозад:

- ангишт — электротехника – масолеҳи сохтмон;

- коксонидани ангишт – маҳсулот барои саноати кимиё;

- ангишт — гази синтетикӣ — истеҳсоли нуриҳои минералӣ.

То соли 2030 зиёд намудани ­истихроҷи ангишт ба андозаи 7,6 баробар дар назар аст. Ҳоло 208 корхонаи саноатӣ ва энергетикӣ ангиштро ҳамчун сӯзишвории техникӣ, алтернативӣ, ки газро иваз менамояд, истифода мекунанд.

- Дар саноати сабук чӣ пешравиҳо хоҳад буд?

- Дар назар аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук то соли 2030 беш аз 2,5 маротиба афзуда, суръати баланди истеҳсол ва коркарди пахта, нахи пахта, пашм, пӯст, пойафзол, қолин, мебел, маҳсулоти дӯзандагӣ ва пилла таъмин мегардад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020» қабул гардид, ки ба пешравии соҳа мусоидат менамояд.

Нахи пахта ашёи хоми стратегӣ барои рушди саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати коркарди ниҳоии он чораҳо андешида мешаванд. Ҳоло иқтидори солонаи корхонаҳои коркарди нахи пахта зиёда аз 87 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Солҳои охир як қатор корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон дар заминаи ҶДММ «Ёқут -2000», ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик», ҶСК «Қӯрғонтеппа» мавриди истифода қарор гирифтанд.

Саҳми ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Чунтай Данғара Син Силу Текстил» дар рушди саноати сабук калон аст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагин нигаронида шудааст. Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳо, корхонаҳои хурди қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ фаъолият мекунанд.

- Масъалаи хеле муҳим маблағгузории стратегия маҳсуб меёбад. Он аз кадом ҳисоб амалӣ мегардад?

- Маблағгузории стратегия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, сармоягузории шарикони рушд амалӣ мешавад. Тавре дар он қайд шудааст, барои рушди саноат зарур аст, ки ҳиссаи қарзҳои дарозмуддати бонкӣ бо фоизҳои паст зиёд карда, истифодаи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи саноат тариқи зиёд кардани музди меҳнат, таъминот бо манзили истиқоматӣ аз ҳисоби фонди ҳавасмандгардонии иқтисодии корхонаи саноатӣ (фоидаи соф) ба мақсад мувофиқ мебошад. ҳамчунин, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» барои сармоягузорон имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

Аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани ворид намудани технологияи нав, ки барои пуррагардонии фондҳои асосии истеҳсолот равона мешаванд, содагардонии расмиёти иҷозатдиҳӣ ба ҳама намуди фаъолият, ки ба соҳаҳои саноат мансуб мебошад ва аз январи соли 2018 озод карда шудани ҳама намуди воридоти таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз он ҷумла мебошанд.

- Сиёсати илмӣ — техникӣ, омодасозии кадрҳои соҳа ва ҷорӣ намудани технологияи нав чӣ мавқеъ дорад?

- Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат паркҳои технологӣ фаъолият мекунанд.

Сиёсати инноватсионӣ дар саноат тақозо дорад, ки муассисаҳои илмӣ — тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ амалияи тиҷораткунии лоиҳаҳои инноватсиониро бештар гардонанд. Дар марҳилаи аввал бо иқдоми ин муассисаҳо ғояи коркарди илмӣ пайдо гардида, дар марҳилаи дуюм коркарди илмии лоиҳа анҷом меёбад ва истеҳсолот аз озмоиш гузаронида мешавад. Дар марҳилаи сеюм, бо дарназардошти самарабахш будан, технологияи таҳқиқшуда дар истеҳсолот васеъ истифода хоҳад шуд.

Истеҳсолотро бе илм тасаввур кардан мумкин нест ва яке аз барномаҳои корхонаҳои саноатӣ тайёр кардани кадрҳо мебошад. Бо мақсади иҷрои талаботи дар боло зикршуда сатҳи касбии муҳандис — лоиҳакаш, конструктору технологҳо бояд баланд бошад. Инчунин, зарур аст мутахассисон, аз ҷумла, челонгарон, харротон ва ғайра, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, савияи дониши баланд дошта бошанд, то ин ки таҷҳизоти дорои технологияи баландро идора карда тавонанд.

Таҷрибаомӯзии мутахассисони муҳандисӣ — техникии соҳаҳои саноат дар ширкат ва муассисаҳои илмӣ — тадқиқотӣ, таълими хориҷӣ ва бо роҳи ба ҷумҳурӣ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ бо мақсади омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ амалӣ мешавад. Табиист, ки нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва литсейҳои касбӣ — техникии мамлакат низ дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос назаррас хоҳад буд.

Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»