Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Пайвасткунии ғайриқонунии симкорт ва ё ба каси дигар додани он ҷавобгарӣ хоҳад дошт

№59 - 61 (4009 - 4011) 25.05.2019

DSC_4013Бисту дуюми майи соли 2019 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаб­бор Азизӣ ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам!  

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи милитсия»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд»

13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

14. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Раисикунанда: -  Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрулло:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиротро ба моддаи 53-юми қонуни конститутсионӣ, ки талаботро нисбат ба шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд ва моддаи 531 ҳамчун илова пешбинӣ намудааст.

Тибқи тағйир ба моддаи 53 ва иловаҳо ба моддаи 531 қонуни конститутсионӣ, аз ҷониби шаҳрвандон ҳангоми дар мақомоти прокуратура ба кор қабул шудан ва довталабони мансабҳои прокурорӣ ва кормандони прокурорӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳод намудани эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкиро пешбинӣ намудааст.

Тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 13 ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», яке аз талаботи қабул шудан ба хизмати давлатӣ маълумот аз мақомоти дахлдор оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ ба шумор рафта, шаҳрванд ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ уҳдадоранд, ки ҳар сол ба мақоми андози маҳалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва ба мақоми давлатии ҷои кор эъломия оид ба вазъи молу мулк пешниҳод намоянд.

Инчунин, мувофиқи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», довталабони мансабҳои давлатӣ дар мавриди таъин (интихоб) ба мансаб ба мақомоти андози ҷои истиқомат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даромадҳояшон эъломия пешниҳод намуда, мақоми давлатие, ки ҳуқуқи ба вазифаи давлатӣ таъин (интихоб) ва аз он озод намуданро дорад, ҳуқуқ дорад дар мавриди ба мансаб таъин (интихоб) намудани шахсон маълумотро дар бораи даромадҳои аз тамоми манбаъ гирифтаи онҳо, молу мулки ғайриманқул ва манқул, дар бораи пасандозҳои бонкӣ ва ғайра талаб намояд. Ин масъала дар қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, дар қонунгузории соҳавӣ дида намешавад.

Мақсади ворид намудани тағйир ба моддаи мазкур аз як тараф, аз байн бурдани носаҳеҳӣ ва муқаррар намудани меъёри дақиқ дар қонунгузории соҳавӣ оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура бошад, аз тарафи дигар, мутобиқати он ба қонунҳои амалкунанда ва мавриди андозбандӣ қарор гирифтани амволи онҳо гардида, дар як вақт назорати ҳолати иҷрои моддаи 53 қонуни конститутсионии зикршуда таъмин карда мешавад.

Асоси таҳияи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи тағйир ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 5 қонуни конститутсионӣ, иваз намудани калимаҳои «иҷрочиёни суд» ба калимаҳои «иҷрочиёни мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Пас аз таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, зарурияти ба қонунгузорӣ, аз ҷумла ба қонуни соҳавии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ворид намудани тағйир ба миён омад. Қабули тағйири мазкур ба мутобиқ намудани қонунгузорӣ мусоидат намуда, мухолифатҳоро бартараф менамояд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунанд. Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ бо мақсади мутобиқ намудани қонуни конститутсионии мазкур ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд.

Бо дарназардошти он ки ду лоиҳаи зикргардида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қонуни конститутсионӣ мебошанд ва дар як вақт ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд, онҳо тибқи муқаррароти сархати «е» банди 53 ва банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди кумитаи масъул аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон муттаҳид карда, ба баррасии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳамчун як лоиҳа пешниҳод шуданд.

Дар робита бо таъсис ёфтани сохтори нав – Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи баррасишаванда муқаррар менамояд, ки дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакатро муайян менамояд, калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» иваз карда шаванд. Яъне муқаррар карда мешавад, ки назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакат мебошад.

Дар мувофиқа бо сархати дуюми қисми 3 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», иловаи қисми 3 ба моддаи 53 ва моддаи 531 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», шаҳрвандони ба мақомоти прокуратура ба кор қабулшаванда ва довталабони мансабҳои прокурорӣ ва кормандони прокурориро (ба истинои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) уҳдадор мекунад, ки баробари дигар шахсоне, ки ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намоянд.

Муқаррароти мазкур воситаи муҳими пешгирии пайдоиши замина ва сарчашмаи омилҳои коррупсионӣ ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрвандон ба мақомоти прокуратура буда, қобили дастгирӣ аст.

Ҳамин тавр, тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мувофиқа ба муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ буда, онҳо дар маҷмӯъ меъёрҳои қонуни конститутсионии баррасишавандаро мушаххасу пурра мекунанд ва воситаи муҳими пешгирии пайдоиши замина ва сарчашмаи омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакат мебошанд.

Лоиҳаи баррасишаванда мутобиқ ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат буда, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғафор:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мешавад.

Лоиҳа аз чор қисм иборат буда, қисмҳои якум ва дуюми он ба мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонун ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 ворид гардидаанд, пешниҳод шудааст.

Мутобиқи қисми якуми лоиҳаи қонун, дар сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳуми моддаи 2, қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 10 ва қисми якуми моддаи 14 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудааст, ки он аз талаботи тағйироти воридгардида, ба қисми якуми моддаи 74, қисми якуми моддаи 79 ва моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Тибқи қисми 2 лоиҳаи қонун, аз матни моддаи 3 ва қисми чоруми моддаи 7 калимаи «Сарқонуни» хориҷ карда шудааст, ки он низ аз талаботи тағйироти ба номи Конститутсия воридгардида бармеояд.

Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1 лоиҳаи қонун дар иртибот ба иҷрои банди 31 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли 2018 баён доштанд ва нақша – чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Мутобиқи қисми 3 лоиҳа, қисми 1 моддаи 7 қонун дар таҳрири нав пешниҳод гардида, қисми 2 ба ин модда илова карда мешавад, ки тибқи он, баъд аз қабули қонун минбаъд ҳангоми ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул кардани шаҳрвандон, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин онҳо бояд эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намоянд.

Меъёри ба моддаи 71 иловашаванда кормандони Агентиро, ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизмат­расон, вазифадор менамояд, ки эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Мутобиқи моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеие, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вазифаи пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад гузошта шудааст, то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ эъломия ба мақомоти андоз месупоранд.

Тибқи қисми 4 моддаи дар боло зикргардида, тартиб, муҳлатҳои пешниҳод, инчунин шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар таҳрири аз 2 январи соли 2019, довталабони мансабҳои хизмати давлатӣ ҳангоми таъин, интихоб шудан ва шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол уҳдадоранд, ки ба роҳбари мақомоти давлатии ҷои кор оид ба вазъи молумулкии худ эъломия пешниҳод намоянд.

Тибқи қисми 6 ин модда, шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкии эъломиякунанда бо номгӯйи маълумоти эъломияшаванда ва тартиби пур кардани эъломияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, бо мақсади аз байн бурдани носаҳеҳӣ ва муқаррар намудани меъёри дақиқ  дар қонунгузории соҳавӣ, оид ба пешниҳоди эъломияҳо аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ, меъёрҳои мазкур таҳия шудааст.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо мақсади пешгирии воридшавии ба кор дар мақомоти Агентӣ шахсоне, ки тамоюли содир кардани кирдорҳои коррупсиониро доранд, таъмини шаффофияти фаъолияти кормандони мақомоти Агентӣ ва ба ин васила ба паст кардани сатҳи коррупсия дар ин мақомот равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади аз байн бурдани носаҳеҳӣ ва муқаррар намудани меъёри дақиқ дар қонунгузории соҳавӣ оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон панҷ таклиф пешниҳод гардида, онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ савол дорад? Марҳамат. Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.  

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ҳодисаҳои дар муассисаҳои ислоҳӣ аз воситаҳои нашъадор истифода бурдани маҳбусон зиёд аст. Бо кадом роҳу восита он дастраси маҳбусон мешавад? Масъулон барои бартараф кардани он чӣ гуна чораҳо меандешанд?

Абдуманон ХОЛИҚЗОДА: — Воқеан ҳам, ин гуна ҳолатҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷой доранд. Роҳбарияти вазорат дар кӯшиши он аст, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад. Як қатор омилҳое ҳастанд, ки ба паҳншавии маводи мухаддир дар муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат менамоянд ва яке аз онҳо ба кормандони ин муассисаҳо вобастагӣ дорад.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аттес­татсияи мансубини соҳа гузаронида шуд ва дар асоси он як қатор кормандону хизматчиён, бинобар сатҳи пасти дониш ва дар фаъолияташон ҷой доштани камбудиҳо, аз кор ва хизмат озод карда мешаванд. Баъди ба сарварии соҳа омадани роҳбари нав, ки моҳи январ ба ин вазифа таъин шуд, бовар дорем, ки вазъ ислоҳ ва беҳбудӣ хоҳад ёфт.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғафор:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод  карда мешавад.

Он дар иртибот ба иҷрои банди 31 Нақша – чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура иброз доштанд ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз ду қисм иборат буда, ҳар ду меъёр дар алоқамандӣ бо ҳамдигар қарор дорад. Мутобиқи қисми якуми он, ба қисми дуюми моддаи 19 қонун меъёр илова мегардад, ки тибқи он, минбаъд шахс ҳангоми қабул ба хизмат дар милитсия, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳатман эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ пешниҳод менамояд.

Дар асоси қисми дуюми лоиҳа, ба қонун моддаи 122 илова гардидааст, ки тибқи он, кормандони милитсия (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамоянд.

Ҳамин тариқ, агар меъёри қисми якум ба довталабон дахл дошта бошад, меъёри қисми дуюми лоиҳа ба кормандони милитсия дахл дорад.

Тартиби муҳлатҳои пешниҳод, инчунин шакли эъломия дар бораи даромадро, мутобиқи қисми 4 моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкии эъломиякунанда номгӯйи маълумоти эъломияшаванда, тартиби пур кардани онро, тибқи қисми 6 моддаи 8 (2 январи соли 2019, № 1564) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида барои пешгирии ба хизмат дар милитсия воридшавии шахсоне, ки кирдорҳои коррупсионӣ содир кардаанд, таъмини шаффофияти фаъолияти кормандони милитсия ва коҳиш додани сатҳи  коррупсия дар мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат ва вакилони гиромӣ! 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади аз байн бурдани носаҳеҳӣ ва муқаррар намудани меъёри дақиқ дар қонунгузории соҳавӣ оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти милитсия таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ду таклиф пешниҳод гардида, онҳо ба инобат гирфта шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Вобаста ба масъала ман ба муовини вазири корҳои дохилӣ савол дорам. Ҳангоме ки бо мошини мусофирбар мусофирон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунанд, аз шаҳри Душанбе то дарвозаи ноҳияи Дарвоз 10 – 15 дидбонгоҳро мушоҳида менамоянд. Ронандагони мошинҳои мусофирбар медонанд, ки дар кадом дидбонгоҳ ба кормандони милитсия  чӣ қадар маблағ додан лозим аст.

Ягон ҳолате ҷой надорад, ки корманди милитсия боре ба назди мошин омада, дохили онро мушоҳида карда бошад, ки дар дохилаш чӣ қадар одам ҳаст ва ба куҷо сафар доранд. Ба ҳолати техникии мошинҳо низ эътиборе намедиҳанд. Лоиҳаи қонун дар ҳолати қабул гардиданаш ба ислоҳи вазъ чӣ гуна мусоидат хоҳад кард?

УМАРЗОДА Икром Ислом, - муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Ба мубориза ба муқобили коррупсия дар мақомоти корҳои дохилӣ диққати махсус медиҳанд. Дар ҷавоб ба саволи муҳтарам Акрамшо Саидшоевич мегӯям, ки чанде пеш яке аз чунин дидбонгоҳҳо, воқеъ дар мавзеи Олимтой, барҳам дода шуд. Дидбонгоҳҳо вобаста ба вазъи дохилӣ, сарҳадӣ дар роҳҳои дохили кишвар, аз ҷумла роҳи Душанбе — Хоруғ гузошта мешаванд. Тибқи ҳеҷ кадом санад дар бобати ҷамъ овардани маблағ аз ҷониби дидбонгоҳҳо вазифа гузошта нашудааст. Албатта, дар миёни ҳайати шахсӣ ҳастанд онҳое, ки аз вазифаи хизматӣ суиистифода менамоянд ва дар сурати собит шудани гуноҳашон ҷазои сазовор мегиранд ва аз сафҳои милитсия хориҷ карда мешаванд.

Қабули қонун ба пешгирии қонуншиканӣ дар ин самт мусоидат менамояд.

РАИСИКУНАНДА: - Марҳамат, сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Ман савол не, балки ба муовини вазири корҳои дохилӣ пешниҳод дорам. Дар дунё кишваре нест, ки он ҷо ҷинояткорӣ набошад, муассисаи ислоҳӣ набошад, зеро дар ҳама ҷо ҷиноят содир мешавад. Биноан, пешниҳоди ман чунин аст: Бояд вазорат хароҷоти аслии барои як нафар хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ заруриро аниқ намуда, ба Вазорати молия пешниҳод намояд. Корманди милитсия набояд муҳтоҷ бошад. Бо 1000 сомонӣ зиндагии ӯ пеш намеравад. Бо қабули даҳҳо қонуни мукаммал, агар шароити зисти мансубин хуб набошад, ба пешравӣ дар кор умедвор шудан мумкин нест. Бо фасод дар вазъи феълие, ки кормандону хизматчиёни на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ, балки соҳаҳои дигар низ доранд, мубориза бурда намешавад, он ғайриимкон аст.

УМАРЗОДА Икром Ислом: — Воқеан ҳам, маблағгузории Вазорати корҳои дохилӣ беҳбудӣ мехоҳад. Масъалаи мазкур дар мадди назари роҳбарияти вазорат мебошад.

Шароити хизмати мансубини мақомоти корҳои дохилӣ тайи чанд соли пеш ба шумо маълум аст. Ҳоло бо муҳайё шудани вазъи орому осуда вазифаю уҳдадориҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тағйир ёфта, барои баланд бардоштани савияи дониш ва омодагии касбиашон шароити муносиб фароҳам омадааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо мақсади иҷрои дас­туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон 14 октябри соли 2014 дар самти такмили низоми иҷозатномадиҳӣ баён шудаанд, инчунин, «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012 – 2020» ҷиҳати таҳкими раванди маъмурикунонӣ ва танзими соҳаи низоми иҷозатномадиҳӣ барои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ гардидааст, 25 мақомоти иҷозатномадиҳанда ва 72 номгӯйи фаъолияти иҷозатномашаванда муқаррар шудааст. Дар навбати худ, аксарияти номгӯйи фаъолиятҳои иҷозатномашаванда дар доираи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба зергурӯҳҳо ҷудо мешаванд, ки дар маҷмӯъ шумораи амал ва фаъолиятҳои иҷозатномашавандаро зиёд менамояд.

Бо дарназардошти танзими соҳаи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, дар лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ муайян карда шавад.

Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти субъектҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, бартараф намудани кашолкориҳо аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми баррасии ариза ва додани иҷозатнома, риояи дурусти расмиёти додани иҷозатнома, пардохти дурусти маблағ барои баррасии ариза ва азнавбарасмиятдарорӣ, дароз намудан, додани нусхаи дуюми иҷозатнома, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ҳангоми додани иҷозатнома ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ дохил карда мешавад.

Ҳамчунин, тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ, қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо ва қоидаҳои намунавии пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мегардад. Дар баробари ин, ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ гузаронидани мониторинг ва санҷиши фаъолияти мақомоти иҷозатномадиҳанда вобаста ба тат­биқи қонун ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола, натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва пешниҳоди таклифҳо, инчунин пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо, вогузор карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки дар мавриди муайян гардидани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ, такроршавии вазифаҳо байни мақомоти алоҳидаи давлатиро ба миён намеорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда намешавад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

НИДОЗОДА Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади иҷрои дас­туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон 14 октябри соли 2014 сарчашма гирифтааст. Қабули лоиҳаи қонуни ёдрасшуда барои маъмурикунӣ ва танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, хатоиҳои техникиро аз байн мебарад ва низоми иҷозатномадиҳиро дар марҳилаҳои истеҳсолот оид ба истифодаи энергияи атомӣ танзим менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим дода мешавад.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам раискунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, №2, протоколи ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019 ва банди 31 Нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли 2018 баён доштанд, таҳия гардидааст.

Мақсад аз он рушди соҳаи моҳипарварӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, аз байн бурдани сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда нисбат ба воридоти молу маҳсулоти тайёр, инчунин эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти гумрук ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад.

Дар қисми 1 моддаи 1 — уми лоиҳа меъёр оид ба татбиқ намудани имтиёзҳои андозии соҳаи парандапарварӣ ба соҳаи моҳипарварӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулот барои таъминоти соҳаи моҳипарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1 лоиҳа муқаррарот оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти гумрук пешбинӣ гардидааст. Мақсад аз иловаи мазкур дар қонунгузории соҳавӣ пешбинӣ намудани уҳдадорӣ оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ ба шумор меравад. Дар ин самт таҷрибаи дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, нишон дод, ки мутобиқи санади қабулшуда рӯйхати субъектҳое, ки эъломияро ҳар сол пешниҳод мекунанд, дар алоҳидагӣ бо фармони Президент муқаррар карда шудааст.

Бартарии амалияи ин таҷриба дар он ифода меёбад, ки рӯйхати номгӯйи мансабҳои хизмати давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, ки мебояд эъломияи даромад ва вазъи молумулкии худ­ро ҳар сол ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд, мушаххас нишон дода шуда, гуногунфаҳмӣ ва меъёрҳои хусусияти умумидоштаро аз байн мебарад.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади аз байн бурдани носаҳеҳӣ ва муқаррар намудани меъёри дақиқ дар қонунгузории соҳавӣ оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони Хадамоти гумрук ва инчунин, озод намудани фаъолияти моҳипарварӣ аз боҷи гумрукӣ ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорӣ ва нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи моҳипарварӣ мусоидат менамоянд, таҳия гардидааст. Вобаста ба ин, дар лоиҳа ба банди 18 моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани чунин тағйирот пешбинӣ гардидааст: калимаҳои «соҳаи парандапарварӣ» ва «корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи» мувофиқан ба калимаҳои «соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ» ва «субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли» иваз карда шаванд.

Иваз намудани калимаи «корхонаҳо» ба калимаҳои «субъектҳои хоҷагидор» барои васеъ намудани мафҳум бо мақсади дастгирии соҳаи моҳипарварӣ мебошад, ки вобаста ба ин шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият) ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, ба он дохил мегарданд.

Инчунин, дар ҳолати қабул шудан ба кор дар мақомоти гумрук ба қисми 4 моддаи 483 банди 5 бо мазмуни зерин илова мегардад:

5) пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ.

Моддаи 485 аз нав таҳрир ва бо чунин мазмун баён гардид:

«Моддаи 485. Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти гумрук

Кормандони мақомоти гумрук (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим дода мешавад.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, №2 ва протоколи ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2019 таҳия гардидааст.

Ҳадаф аз он рушди соҳаи моҳипарварӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, аз байн бурдани сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда нисбат ба воридоти молу маҳсулоти тайёр ва коҳиш додани вобастагӣ аз молҳои воридотӣ ба ҳисоб меравад.

Қобили қайд аст, ки айни замон тартиби андозбандии субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ дар асоси муқаррароти умумии Кодекси андоз ба роҳ монда шуда, дар оғози фаъолият субъектҳои соҳа дар низоми содакардашудаи андоз­бандӣ фаъолият намуда, тибқи моддаҳои 291 — 296 Кодекси андоз даромади умумии онҳо бо меъёри 5 фоиз мавриди андозбандӣ қарор гирифта истодааст.

Дар доираи тағйироти пешбинишуда фаъолияти моҳипарварӣ ва субъектҳои хоҷагидории самти мазкур ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин) озод карда мешаванд. Инчунин, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулот барои таъминоти соҳаи моҳипарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд.

Аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Раисикунанда: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади озод намудани фаъолияти моҳипарварӣ аз андозҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, ки ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорӣ ва нишондиҳандаҳои истеҳсолии самти мазкур мусоидат менамоянд, таҳия гардидааст. Дар лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки имтиёзҳои андозие, ки ба соҳаи парандапарварӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, дар соҳаи моҳипарварӣ татбиқ карда шаванд. Бо дарназардошти ин, ба қисми 4 моддаи 169, номи моддаи 471 ба қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва номи моддаи 3131 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйирот пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи тағйироти пешбинишуда субъектҳои хоҷагидорӣ дар самти моҳипарварӣ ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод карда мешаванд.

Ҳангоми бархӯрдор шудани фаъолияти моҳипарварӣ аз имтиёзҳо фазои соҳибкорӣ дар ин самт беҳтар гардида, дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Маърӯзаҳо ба поён расиданд. Кӣ оид ба масъала савол дорад? Марҳамат. Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: - Субъект­ҳои хоҷагидоре, ки аз имтиёзҳо баҳраманд мешаванд, чӣ миқдорро ташкил менамоянд? Онҳо дар давоми чанд сол талаботро ба маҳсулоти ниёзи мардум қонеъ гардонида метавонанд?

Карим ГУЛМУРОДЗОДА: — Тибқи маълумоти дарихтиёрдошта, субъектҳои ба ин фаъолият машғул 32 адад мебошанд.

Нисбат ба саволи дуюм мехоҳам бо рақамҳои муқоисакунандаи соҳаи парандапарварӣ посух гӯям. Соли 2018 назар ба як соли пеш саршумори зотии паранда 1,4 миллион сар афзоиш ёфта, айни ҳол 6,7 миллион сарро ташкил менамояд. Ҳамчунин, истеҳсоли гӯшти паранда дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 — ум 307 тонна зиёд шудааст. Бовар дорам, дар соҳаи моҳипарварӣ низ пешравӣ ба амал хоҳад омад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим дода мешавад.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута, таҳия гардидааст.

Мақсад аз он мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва ба танзим даровардани ҳиссаҷудокунӣ байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар доираи маблағҳое амалӣ мегарданд, ки аз буҷетҳои дахлдор барои нигоҳдории мақомоти иҷозатдиҳанда ҷудо карда мешаванд. Аммо моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» пешбинӣ менамояд, ки пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ танҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Ҳолати мазкур боиси гуногунфаҳмӣ гардида, қабули лоиҳаи қонуни мазкур ихтилофоти мавҷудаи қонунгузориро бартараф менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади бартараф намудани мухолифати қонунгузорӣ ва дар ин замина дуруст ба роҳ мондани тартиби додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ва муайян намудани пардохтҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таҳия гардидааст.

Мувофиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар доираи маблағҳое амалӣ мегарданд, ки аз буҷетҳои дахлдор барои нигоҳдории мақомоти иҷозатдиҳанда ҷудо карда мешаванд. Тибқи тартиби муқарраргардида, нигоҳдории мақомоти иҷозатдиҳандаи марказӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва нигоҳдории мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сурат мегирад.

Бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ба қонуни мазкур иловаҳои зерин ворид карда мешаванд:

Дар сархати сенздаҳуми қисми 2 пас аз калимаи «иҷозатдиҳӣ» аломат ва калимаҳои «(агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад)» илова мешавад.

Ба қисми 3 сархати панҷум бошад, пардохт барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад), илова мешавад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо –вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз 1 июли соли 2018 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №1043 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №332 таҳия гардидааст.

Қисми 1- уми лоиҳа бо дарназардошти таъсис додани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни амалкунанда иваз намудани калимаҳои «Иҷрочии суд», «Иҷрочиёни суд», «Иҷрочии суде», «ИҶРОЧИИ СУД», «иҷрочии судро», «иҷрочиёни судро», «иҷрочии суди дигар», «иҷрочиён» ва «иҷрочӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Иҷрочии мақомоти иҷро», «Иҷрочиёни мақомоти иҷро», «иҷрочии мақомоти иҷрое», «ИҶРОЧИИ МАҚОМОТИ ИҶРО», «иҷрочии мақомоти иҷроро», «иҷрочиёни мақомоти иҷроро», «иҷрочии мақомоти иҷрои дигар шаҳру ноҳияҳо», «иҷрочиёни мақомоти иҷро» ва «иҷрочии мақомоти иҷро»-ро пешбинӣ менамояд.

Қисми 2- юми лоиҳа пас аз калимаҳои «баҳсҳои гражданӣ» илова намудани калимаи «,оилавӣ»»-ро дар моддаи 1 қонун пешбинӣ менамояд. Зеро мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» вазифаҳои истеҳсолоти иҷро иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои дигар мақомот мебошанд.

Дар судҳо ба ғайр аз парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ парвандаҳои оилавӣ низ баррасӣ карда мешаванд, ки аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуҷҷатҳои иҷро дода мешавад. Аз ин рӯ, ворид намудани калимаи «оилавӣ» мувофиқи мақсад мебошад.

Қисмҳои 3, 5 ва 10- уми лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани мафҳумҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Қисмҳои 4 ва 8 — уми лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шудааст.

Қисмҳои 6, 7 ва 9 — уми лоиҳа иваз намудани калимаҳои «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутаносибан ба калимаҳои «Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «иҷрочиёни мақомоти иҷро» ва «сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешбинӣ менамояд.

Вакилони муҳтарам, лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо мақсади таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Мутобиқи он дар тамоми матни қонун иваз намудани калимаҳои «Иҷрочии суд», «Иҷрочиёни суд», «Иҷрочии суд», «Иҷрочии суде», «ИҶРОЧИИ СУД», «иҷрочии судро», «иҷрочиёни судро», «иҷрочии суди дигар», «иҷрочиён» ва «иҷрочӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Иҷрочии мақомоти иҷро», «Иҷрочиёни мақомоти иҷро», «Иҷрочии мақомоти иҷрое», «ИҶРОЧИИ МАҚОМОТИ ИҶРО», «иҷрочии мақомоти иҷроро», «иҷрочиёни мақомоти иҷроро», «иҷрочии мақомоти иҷрои дигар шаҳру ноҳияҳо», «иҷрочиёни мақомоти иҷро» ва дар қисми 3 моддаи 40, қисми 3 моддаи 87, сархати сеюми қисми 2 моддаи 981 ва моддаи 99 калимаҳои «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2019, № 2163 барои хулоса Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15 майи соли равон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони  кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, пас аз баррасӣ онро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» — ро ба баррасии шумо — вакилони гиромӣ пешниҳод менамояд. Хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мешавад.

Мақсад аз он иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо сабаби таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани чунин тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба миён омад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» — ро пешбинӣ менамояд. Он ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо мақсади таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Бо ин мақсад дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 10 қонуни мазкур иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2019, № 2168 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15 майи соли равон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, пас аз баррасӣ онро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамояд, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» шурӯъ менамоем.Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Мақсад аз он иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо сабаби таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани чунин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба миён омад.

Лоиҳаи пешниҳодшуда дар қисмҳои 3 ва 9 моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро»-ро дар бар гирифта, ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, дар асоси таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Бо ин мақсад дар сархати шашуми қисми 3 ва қисми 9 моддаи 48 қонуни мазкур иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

 САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд !

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мешавад.

Мақсад аз он иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо сабаби таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани чунин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» ба миён омад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар банди 6) қисми 3 ва қисми 8 моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро»-ро дар бар гирифта, ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он дар асоси таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Бо ин мақсад дар банди 6) қисми 3 ва қисми 8 моддаи 54 қонуни мазкур иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров: — Ман як чизро аниқ кардан мехоҳам: Бонки исломӣ вақте қарз медиҳад, фоизи фоида мегирад ё не?

Шариф Раҳимзода: — Мувофиқи қоидаҳои шариат гирифтани баҳра манъ мебошад. Бинобар ин, дар давлати исломӣ гирифтани фоиз мамнӯъ аст. Онҳо дар асоси шартномаи байни бонк ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фоидаро тақсим мекунанд. Даромадҳои бонк аз ҳамин чиз ташаккул меёбад. Онҳое, ки дар бонкҳо маблағ мегузоранд, аз натиҷаи фаъолияти бонк барояшон даромад ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Мақсад аз он иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо сабаби таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани чунин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба миён омад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар сархати панҷуми қисми 3 ва қисми 8 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро»-ро пешбинӣ менамояд ва ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуда, дар асоси таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Вобаста ба масъалаи мазкур, дар сархати панҷуми қисми 3 ва қисми 8 моддаи 27 қонуни зикршуда иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда ва  пешниҳод карда мешавад.

Мақсад аз он иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо сабаби таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани чунин тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба миён омад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар моддаи 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро»-ро пешбинӣ намуда, ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Раисикунанда: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он дар асоси таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

Бо ин мақсад дар моддаи 64 қонуни мазкур иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дода мешавад.

 САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мешавад.

Мақсад аз он иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5 апрели соли 2018, №1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо сабаби таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ба миён омад.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»» дар ҳамбастагӣ қарор дошта, як мавзӯъ, яъне иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ва «иҷрочиёни суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» ва «иҷрочиёни мақомоти иҷро»-ро дар бар мегиранд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2018, №332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Аз ин рӯ, дар қисми 2 моддаи 133, қисми 1 моддаи 207, қисми 7 моддаи 400, моддаҳои 418, 419, сархатҳои шашум ва ҳафтуми моддаи 422, қисми 2 моддаи 423, қисми 3 моддаи 424, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 425, моддаи 426, ном ва диспозитсияи моддаҳои 427 ва 4271 кодекси мазкур, иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли равон, № 2174 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаи масъул 15 майи соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири бахшии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва онро ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мутобиқ буда, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба пайвасткунии ғайриқонунии симкорти телефони мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани ҷиноят таҳия гардид.

Яке аз воситаҳое, ки ба рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд, тараққиёти технологияҳои телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла алоқаи барқӣ, мебошад. Телефони мобилӣ муносибатҳои ҷамъиятиро рушд медиҳад, аммо дар баъзе ҳолатҳо талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорти телефони мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ риоя нагардида, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ даст зада, ба тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ халал эҷод менамоянд.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони симкортҳо пешбинӣ гардида, масъа­лаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдор, ки ба пайвасткунии ғайриқонунии симкорти телефони мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани ҷиноят, даст задаанд, масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад. (пайвасткунии симкорт танҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014 ва иштироки бевоситаи худи шаҳрванд сурат мегирад). Симкорт ба дигар шахс барои истифода бояд дода нашавад. Операторон набояд зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс ба расмият дароранд. Ба ноболиғони то 16-сола додани симкорт манъ аст.

Бинобар ин, моддаи 3501 (Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ) дар таҳрири нав пешниҳод гардид, ки мувофиқи он барои риоя накардани талаботи мазкур, ҳангоми набудани таркиби ҷиноят, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва шахси мансабдор дар намуди ҷарима ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Нисбат ба лоиҳаи қонун экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки барои баррасӣ ду лоиҳа бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», № 208 ва лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», № 184 аз 2 майи соли 2019 пешниҳод мегардад, ки мутобиқи банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таҷдиди сохтори марказии ҳокимияти иҷроия, яъне бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 332 таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо ин мақсад дар матни моддаи 530, ном ва матни моддаи 533 Кодекси мазкур иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 3501 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиётро тибқи талаботи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онҳоро ҷонибдорӣ карда, баҳри такмилашон се таклиф пешниҳод намуданд, ки қисман қобили қабул дониста шуданд.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо пешгирии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистидош­та, яъне таъмини амнияти давлату миллат, мебошад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онҳоро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор Ахмедов:

- Ман якчанд савол дорам. Шумораи умумии шаҳрвандоне, ки бояд шиносномаҳои куҳнаашонро иваз намоянд, чӣ қадар аст? Имкониятҳое, ки хадамот дорад, дар муҳлати муқарраркардашуда иваз намудани онҳоро  кафолат медиҳад? Истифодаи симкортҳои давлатҳои ҳамсоя хатари ҷиддӣ аст. Мақомоти дахлдор барои ислоҳи он чӣ нақша доранд?

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Шояд ман ба саволҳои пешниҳодкардаи муҳтарам вакил ҷавобҳои пурра ва қонеъкунанда дода натавонам, зеро ҳама маълумотро дар ихтиёр надорам.

Ҳаминро таъкид карданиям, ки агар шаҳрвандон барои аз нав ба қайд гирифтани симкортҳояшон шиносномаҳои намунаи охирро пешниҳод накунанд, симкортҳояшон қатъ карда мешаванд. То ҳол 6 миллиону 471 ҳазор симкорти амалкунанда дорем, аз ҷумла, 2 миллиону 856 ҳазорашро дар давраи амали қарори марбута мизоҷон дарёфт намудаанд. Беш аз се миллион симкорти навро шаҳрвандон бояд бо пешниҳоди шиносномаҳои нав соҳиб гарданд. Ҳоло Вазорати корҳои дохилӣ барои дар як моҳ иваз кардани 50 ҳазор шиноснома имконият дорад.

Дар бораи иваз кардани шиносномаҳо ҳаминро низ илова кардан мехоҳам, ки агар шахс симкорт гирифтанӣ бошад, шиносномаи намунаи нав пешниҳод мекунад, дар акси ҳол шиносномаҳои соли 1996-ро ҳоло касе беэътибор эълон накардааст.

Илҳомҷон АТОЕВ, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, № 64 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2016 «Дар бораи тартиби пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасонӣ ва вобаста ба он» ба як шахс на зиёда аз ду симкорт дар сурати пешниҳод кардани шиносномаи намунаи соли 2014 иҷозат дода мешавад. Талаботи қарори мазкур бояд то моҳи августи соли ҷорӣ ба амал бароварда шавад.

Азнавбақайдгирии симкорт дар асоси шиносномаи намунаи соли 2014 чӣ маънӣ дорад?

Ҳанӯз соли 2016, вақте ки қарор дар бораи бақайдгирии симкортҳо қабул гардид, тасмим гирифта шуд, ки азнавбақайдгирӣ дар заминаи IT корт гузаронида шавад. Аммо маълум шуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ наметавонанд сари вақт IT корташонро ба қайд бигиранд. Қарор шуд, ки шаҳрвандон аз шиносномаи соли 2016 тадриҷан ба IT корт мегузаранд.

Ҳоло махзани IT -корт дар ҷумҳурӣ омода шудааст. Ин имкон медиҳад, ки аз истифодаи нодурусти симкортҳо ҷилавгирӣ карда шавад. Солҳои 2016-2019 дар натиҷаи истифодаи махзани мазкур беш аз 400 ҳодисаи истифодаи симкорти ғайриқонунӣ гирифташуда ошкор гардида, соҳибони онҳо беш аз 2 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор симкорти ғайриқонунӣ мусодира гардид, ки беш аз 40 ҳазори он марбут ба ширкатҳои мобилии Россия мебошад.

Бинобар ин, корти идентификатсионӣ дар шароити технологияи муосир хеле муфид буда, доир ба соҳиби он қариб тамоми маълумоти зарурӣ ҷой дода шудааст, аз қабили изи ангуштони даст, ҷойи зист ва ғайра, ки басо муҳим мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва пешгирӣ кардани пайвасткунии ғайриқонунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, ки дар як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шудааст ё ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад, таҳия шудааст.

Тибқи ҳисоботи дақиқи мақомоти дахлдор, амалҳои террористие, ки 29 июли соли 2018 дар вилояти Хатлон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ рух дод, маҳз бо истифода аз симкортҳо, ки аз тарафи ҷинояткорон ғайриқонунӣ ба даст оварда шуда буданд, содир гардиданд.

Омӯзиши ҳодиса ва ҷиноятҳои бо истифода аз симкортҳои мобилӣ дар кишвар рухдода нишон доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ё экстремистидошта ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар нагардидааст. Чунин муносибат метавонад боиси аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша истифода шудани симкортҳои мобилӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои нопок гардад.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони симкортҳо ва меъёрҳои танзимкунанда пешбинӣ гардида бошад ҳам, вале масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсе, ки ба пайвасткунии ғайриқонунӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ даст задааст, гузошта нашудааст.

Бо мақсади бартараф намудани камбудии мазкур ва бо дарназардошти таҳдиди хатарҳои замони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, зарур шуморида мешавад ки ба қонунгузории амалкунанда илова ворид карда шавад. Аз ин лиҳоз, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав – «Моддаи 3411 — Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он» илова карда мешавад.

Дар қисми 2 моддаи 3411 ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад, пешбинӣ гардидааст.

Нисбат ба лоиҳаи қонун экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад. Лоиҳаи қонуни зикргардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва баҳри такмил 8 таклиф пешниҳод карданд, ки 5-тояш қабул гардид.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Доир ба ин масъала кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Ман ба муовини сардори Хадамоти алоқа чунин савол дорам: Имрӯз маълумотҳое мавҷуданд, ки симкорти шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истифода бурда мешаванд. Кадом ширкатҳо ё намояндагии онҳо ба ин кор машғуланд? Ягонтои онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ё не?

Илҳомҷон АТОЕВ: — Дар асоси заминаи талаботи техникӣ фароҳамоварандагони алоқаи мобилӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, тибқи иҷозатномаи Хадамоти алоқа амал менамоянд, чор ширкат — ҶДММ «Таком», ҶДММ «ТТ мобайл», ҶСП «Вавилон мобайл» ва ҷамъияти «Индиго» Тоҷикис­тон» мебошанд.

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2016 аз дилерон ва субдилерони ба фурӯши симкортҳо машғул симкортҳо бозпас гирифта шуд ва ҳоло танҳо марказҳои расмии фурӯши симкортҳо ва бақайдгирии симкортҳо боқӣ мондаанд. Инчунин, ширкатҳои мобилӣ низ ба ин кор машғуланд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкати «Билайн»-120, «Мегафон»-141, «Вавилон мобайл»- 143 ва Индиго Тоҷикистон 267 маркази хизматрасонии додани симкортҳо ва барқарорсозии онҳо ба фаъолият машғуланд.

Вобаста ба истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Давлати Исломии Афғонис­тон мо санҷишҳои техникӣ гузаронидем. Тибқи талаботи техникӣ мо сояафканҳо, яъне шохаҳои мавҷии телефоние, ки ба ҷумҳурии ҳамсоя нигаронида шуда буданд, хомӯш кардем.

Онро низ бояд ба назар гирифт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз Афғонистон танҳо як дарё ҷудо мекунад. Барои он ки мавҷи телефонӣ ба он сӯи дарё нагузарад, маҷбур ҳастем, ки алоқаи мобилиро қатъ намоем. Он вақт системаи алоқаи худро дар он минтақа мо аз даст хоҳем дод.

Мо бо мақомоти қудратӣ якҷо кор карда, симкортҳое, ки тариқи қочоқ ба он сӯи дарё бурда мешаванд, мусодира менамоем. Шахсонеро, ки ғайриқонунӣ ба ин амал даст мезананд, дастгир мекунем. Дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти амният беш аз 5 ҳазор адад чунин симкортҳо аниқ ва мусодира шуданд.

Дар асоси шартномаи байни Вазорати мухобироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ин амалҳо гирифта мешаванд.

РАИСИКУНАНДА: — Марҳамат, сухан ба вакил Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: — Имрӯз шабакаҳои мобилии Тоҷикис­тон чӣ қадар абонент доранд ва чӣ миқдорашон аз қайд гузаштаанд? Оё ҳама бо шиносномаҳои нав таъмин шуданд?

УМАРЗОДА Икром Ислом: — Аз соли 2014 беш аз 2400 ҳазор нафар шаҳрванд шиносномаи нав гирифтанд. Барои пурра таъмин намудани онҳо боз 3 миллион шиносномаи дигар зарур мебошад.

Илҳомҷон АТОЕВ: — Мувофиқи маълумоти ширкатҳои мобилии умумӣ 6 миллиону 852 ҳазору 513 нафар, аз ҷумла шумораи муштариёни алоқаи мобилии фаъол 1 миллиону 837 ҳазору 976 нафар муштариро дар бар мегирад.

Раисикунанда: — Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода: — Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда тақозои низоми фаъолияти соҳаи алоқаи барқӣ мебошад. То ин вақт ҳар шахс симкорти телефонии мобилиашро ба нафаре, ки онро дархост менамуд, бемалол барои истифода кардан медод. Агар бо истифодаи он симкорт ҷиноят содир мешуд, ҷавобгарӣ надошт, зеро дар ин бора қонун мавҷуд набуд.

Тибқи талаботи қонуне, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад, агар шахс телефонашро ба каси дигар диҳад ва ӯ агар ягон занге ба каси дигар занад, ки он боиси ба амал омадани амалҳои террористиву экстремистӣ гардад, соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Дар шаҳр ё маҳалҳои аҳолинишини теъдоди сокинонашон зиёд онҳое, ки ба синни балоғат нарасидаанд, аз қабили наврасон, қариб ҳама телефони мобилӣ доранд. Шахсони ношинос бо додани маблағи муайян аз телефонҳои нав­расон, ҳатто калонсолон, муддати чанд дақиқа истифода мекунанд. Маълум нест, ки онҳо ба кӣ ва ба куҷо занг мезананд.

Акнун мутобиқи лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ онҳое, ки телефонҳояшонро ба истифодаи шахси дигар медиҳанд ва агар он симкорт боиси сар задани амали террористӣ шавад, соҳиби симкорт ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Агар мо хоҳем, ки суботу амн дар ҷумҳурӣ пойдор бошад, замина ва шароити ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад, қабули қонуни мазкур аз он ҷумла хоҳад буд.

Дар мавриди иваз кардани шиноснома. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ифтихор дорад, ки тоҷикистонӣ аст, бояд шиносномаи куҳнаашро бо нав иваз намояд. Ин кори мақомоти қудратиро низ сабук хоҳад кард, зеро аз шиносномаи нав қариб ҳама маълумоти заруриро мақомот дар сурати сар задани ҷиноят барои аниқ кардани шахсияти ҷинояткор дарёфта метавонанд.

Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамоям ва хоҳиш менамоям барои қабули он овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам! Бо баррасии ду масъа­лаи охири рӯзнома мо шоҳид шудем, ки фаъолияти ширкатҳои мобилии дохилии ҷумҳурӣ беҳбудии хеле ҷиддиро металабад. Муносибат бо симкортҳо низ таваҷҷуҳи бештар талаб карда, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки телефонҳои худро аз рӯи таъинот истифода бурда, ҳангоми ба истифодаи шахси дигар додан эҳтиёткор бошем. Умуман, масъа­лаҳои фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вақтҳои охир саволи зиёде ба миён овардааст. Биноан, пешниҳод менамоям, ки бо даъвати роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ соати парламентӣ доир карда шавад, то ин ки вакилони Маҷлиси намояндагон, ки интихобкардаи мардуми Тоҷикистон мебошанд, ба саволи худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, вазъ ва ҳолати воқеии соҳаи алоқаро ба интихобкунандагон расонанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Абдуҷаббор  Азизӣ ҷамъбаст кард.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ