Парчами миллӣ сари баланди мост

№142 (3936) 24.11.2018

Парчам аз қадим, аз давраҳои пайдоиши нахустин давлатҳо дар таърихи инсоният, чун рамзи давлатдорӣ, истиқлол ва ифтихори миллӣ истифода шудааст. Тоҷикон чун миллати куҳанбунёд ва дорои фарҳанги ғанӣ аз замонҳои бостон соҳибдавлат ва дорои Парчами миллӣ буданд. Тибқи ривоятҳои гузаштагон ва «Шоҳнома»-и безавол, нахустин парчамро Коваи оҳангар барои мубориза бар зидди истилогарон боло кардааст. Ин парчам бо номи «Дирафши ковиёнӣ» машҳур ва то истилои араб дар хазинаи шоҳони Сосонӣ маҳфуз будааст.

Баъди ба истиқлолият расидан, мардуми Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатӣ, гардид, ки яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол ва халқи озод мебошад. Маҳз ҳамин парчам халқи тоҷикро, ки тӯли садсолаҳо аз таърих ҷафои зиёд дидаву парокандаву парешон гардид, муттаҳид сохт, худшиносӣ, ифтихор ва ғурури миллиро дар қалбҳо шуълавар намуд.

Агар Конститутсия бахтномаи миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди мардум номид. Бо таҷлил гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар яки мо эҳсоси дӯст доштан ва муқаддас донистани марзу буми Ватан дучанд меафзояд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар қатори дигар мамлакатҳо, бо роҳи ба худ хос вориди тамаддуни ҷаҳонӣ гаштааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ ва назаррас ба пеш гузошт. Парчами давлатӣ, ки дар фазои Тоҷикистон парафшонӣ менамояд, аз Истиқлолияти давлатии тоҷикон, нуфузи баланд дар ҷаҳон, дастоварду комёбиҳои халқ дар соҳаҳои гуногун башорат медиҳад. Халқи меҳнатқарини тоҷик зери Парчами давлатӣ на танҳо иқтисодиёти таназзулёфтаро барқарор сохт, балки дар ҳалли бисёр масъалаҳои ҳалталаби сиёсии ҷаҳонӣ ташаббускорӣ нишон дод.

Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз матои росткунҷаи се рахи рангдор — сурх, сафед ва сабз иборат аст. Ранги сурх ранги шуои офтоб, рамзи равшанӣ, сурхрӯйӣ ва ҷоннисориҳои халқ, сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагии мардум, сабз рамзи табиати хурраму ҳамешасабз, сарсабзии мардуми мост.

Имрӯз Истиқлолияти давлатии кишварро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон эътироф кардааст ва дар аксари онҳо сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки дар пештоқи онҳо чун рамзи давлати соҳибихтиёру мустақил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикис­тон парафшонӣ менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, анҷуманҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз шукуфоӣ ва пешрафти давлати тоҷикон, мақому манзалати шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад.

Парчами давлатӣ ифтихори мост ва ҳам:

Парчами мо ҳидояти некист,

Рамзи иқболи бегазанди мост.

Парчами мо шукӯҳи озодист,

Парчами мо сари баланди мост!

Бигузор, Парчами давлатии Тоҷикис­тон ҳамеша баланд ва парафшон бошад!

 Абдураҳмон ШОРАҲМАТОВ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари литсейи №3, деҳаи Ворухи шаҳри Исфара