Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

DSC_207726 декабри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасановро ба муносибати ба анҷом расидани фаъолияти дипломатияш бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон бо барқарор намудани муносибатҳои дип­ломатӣ аз 29 майи соли 1992 оғоз гардид.

Парлумони Тоҷикистон ба гус­тариши муносибот бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро мардуми моро дӯстӣ, арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва расму оин аз давраҳои қадим пайванд додаанд.

Ҳамкории дуҷониба ва бисёр­ҷонибаи Тоҷикистон бо Озарбойҷон ба таври анъанавӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикии тарафайн густариш меёбад. Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, САҲА ва ИДМ ба роҳ монда шудааст.

Давлатҳо ҳавасмандии худро барои минбаъд боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши ҳуқуқ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати чавонон, варзиш, туризм ва ғайра зоҳир менамоянд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои ду мамлакат дар ин замина корҳои зиёдро дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом доданд.

Шукурҷон Зуҳуров аз сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ёдовар шуда, онро саҳифаи нави пурсамар дар муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду давлати ба ҳам дӯсту бародар хонд.

«Мо аз ин сафар таассуроти хеле хуб барои худ бардоштем ва бисёр масъалаҳоро матраҳ намудем. Мо шуморо ҳамчун сафири муваффақтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо некӣ ёд мекунем. Дар симои шумо ба ҳама мардуми баору номуси Озарбойҷон муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям», — иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Дипломати озарӣ таъкид намуд, ки «аз мулоқот бо шумо, муҳтарам Шукурҷон­ Зуҳуров, аз таҳти дил хуш­ҳолам ва ибрози хушнудӣ менамоям, ки дар ҷумҳурие, чун Тоҷикистон софдилона ба нафъи ҳар ду давлати бо ҳам дӯсту бародар хизмат кардам».

Сафир, ҳамчунин иброз намуд, ки «Парлумон бавуҷудорандаи фазои ҳуқуқиву қонунӣ ҷиҳати густариши муносибот дар ҳама замина мебошад ва нақши намояндагони халқ дар беҳтар гардидани ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳо хеле муҳим ва арзанда аст».

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон ба марҳилаи нав ворид карда шуда, дар оянда барои тақвияти он тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.