Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём – муайянкунандаи дурнамои рушди устувор

№15-16 (4277-4278) 04.02.2021

РахимзодаПаёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, нишондиҳандаҳои як соли охирро баррасӣ ва дурнаморо барои соли оянда муайян мекунанд. Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон соли аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Зеро дар натиҷаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дар ин замина босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ, афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ҷомеаи ҷаҳониро ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодӣ, молиявию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ намуд.

Бо вуҷуди ин, соли сипаригашта дар кишвар ду чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, сокинон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва фарҳанги волои сиёсӣ дар онҳо фаъолона ширкат варзиданд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат давоми даҳ соли охир аз ҳама сарчашмаи мавҷуда самаранок истифода бурда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Воқеан, дар шароити иқтисоди бо­заргонӣ рушди соҳибкории хур­ду миёна ва дар маҷмӯъ, бахши хусусӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши муассир дорад. Дар ин замина, Пешвои миллат ба роҳбарияти Бонки миллӣ супориш доданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорон ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин, таъкид гардид, ки «дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ башумор меравад. Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.».

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки «бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон бо иқтисоди миллӣ соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв» гузаронида шавад.

Соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаври роҳандозӣ карда шуд. Дар навбати аввал, бо назардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID-19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардида, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки аз якуми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 — сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои бунёди се Мактаб – интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидори нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.

Мусаллам аст, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун бахши муҳиму афзалиятнок дар пешбурди иқтисоди миллӣ нақши муассир дорад. Тибқи таҳлилҳо, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст. Соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз се баробар коҳиш ёфтааст. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева се баробар зиёд шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Яъне, дар замони соҳибис­тиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрок­ворӣ нақши назаррас бозида истодааст.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат зикр намуданд, ки илму маориф дар сиёсати Ҳукумат дар сархати аввал боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешраф­ти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Тибқи маълумот, соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст ­бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Аз комёбиву дастовардҳои муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо ёдовар шуда, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.

Зимнан, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ҳақиқат, ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бос­тонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибис­тиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.

Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди кишвар — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид.

Ҳамин тавр, аз назари мазмун ва муҳта­во Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъ­мини зиндагии сазовори мардум аз ҷумла, таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти ни­зоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва ба татбиқи дурнамои рушди устувори ҳама бахши мавҷудаи хоҷагии халқи кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад.

Дар баробари ин, Президенти мамлакат, ҳамчунин ба мавзӯоти ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили коррупсия, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва муноси­батҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, татбиқу иҷрои онҳоро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир аз ҷониби ҳар як шаҳрванд муҳиму аввалиндараҷа арзёбӣ намуданд.

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ,

вакили Маҷлиси намояндагонsи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣзахираҳои об ва замин