Паёми бахту саодати миллат

№1 (4107) 01.01.2020

777777777777Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Дастгоҳ  дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат Паёми бахту саодати миллат аст» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиён раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода баромад кард.

Зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳим аст, зеро дар он ҳама соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар Паёми имсола ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ дастуру супориш дода шуд.

Инчунин, ба таълиму тарбия, мутолиаи китоб, омӯзиши касб, илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ низ диққати бештар зоҳир гардид.

Пешвои миллат дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ташаккули қонунгузории мамлакат таклифу пешниҳодҳои муҳим манзур менамоянд ва дар ин замина аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, консепсияҳо таҳия ва қабул мегарданд.

Дар анҷоми мулоқот Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.

Т. Фаррухпай, «Садои мардум»