Паёми Президент ва аҳамияти ҳуқуқии он

№114 (3908) 20.09.2018

v59hn0nukugПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ироа мегардад, ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар ҳаёти давлатӣ ва ҳуқуқии мамлакат ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро президентӣ эътироф намуда, дар боби алоҳида вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим даровардааст. Он танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуданро дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб медонад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва дар маҷмӯъ, барои рушди кишвар, дастуру супоришҳои мушаххасу зарурӣ дода мешавад ва онҳо бояд аз ҷониби субъектони ваколатдор сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд. Зеро амалӣ шудани онҳо боиси афзудан ва боло рафтани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як шахс, дар маҷмӯъ, халқи Тоҷикис­тон, мегардад.

Аз ин лиҳоз, нақш ва мавқеи Паёми Президент боло меравад ва намояндагони қишрҳои ҷомеа баргузории онро ҳар сол бесаброна интизорӣ мекашанд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хоса тамошо ва мутолиа мекунанд, мазмуну мундариҷаашро бо самимият меомӯзанд ва дар амалисозии муқаррароти он фаъолона иштирок менамоянд.

Олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ ва хориҷӣ ба он назаранд, ки воқеан ҳам Паёми Президент ба мақоми олии қонунбарор ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва санади меъёрии ҳуқуқӣ амал менамояд ва дар робита ба он мақолаву асарҳои зиёди илмиву оммавӣ ба табъ расонида, санади меъёрии ҳуқуқӣ будани онро илман ва амалан асоснок кардаанд. Онҳо пешниҳод ва андешаҳои судманду заруриро вобаста ба расман эътироф намудани Паёми Президент ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ манзур менамоянд.

Академик Ф. Тоҳиров зикр мекунад, ки: «Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ хусусияти ҳатмӣ-ҳуқуқӣ дорад, барои сари вақт ё сифатнок иҷро нанамудани дастурҳои Паём аз ҷониби субъектони дар Паём қайдшуда онҳо бояд ҷиддӣ пурсида шаванд. Ин барои устувор кардани нақш ва эътибори Паёми ҳарсола ҳамчун институти нав дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Амалӣ намудани он дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, қадам ба қадам Тоҷикис­тонро ба зинаҳои нави рушди сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мерасонад».

Дар робита ба Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ Б. Гадоев қайд мекунад, ки: «зарур аст, дар сатҳи қонунгузорӣ масъалаи ҳатмияти ҳуқуқии дастур, супориш ва вазифаҳо баррасӣ карда, механизми иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, нисбат ба мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор барои иҷро накардан ва ё беэътиноӣ зоҳир намудан ба иҷрои вазифаҳои муайянгардида, ҷавобгарӣ муқаррар карда шавад».

Қобили қайд аст, ки амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва талаботе, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бармеоянд, ба мақомоти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Зеро онҳо баҳри рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона мегарданд. Аз ин рӯ, барои боло бурдани нақшу мавқеъ ва нуфузу эътибори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи неку муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд хуб мебуд, ки ба қонунгузории мамлакат тағйиру иловаҳои дахлдор ворид ва вазъи ҳуқуқии Паёми Президент расман муқаррар карда шавад.

И. Камолов қайд мекунад, ки Паёми Президент «хусусияти меъёрӣ ва барои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эътибори умумиҳатмӣ дорад».

Олимон М. Краснов ва Э. Кочетов Паёми Президент ба парламентро аз рӯйи қувваи ҳуқуқӣ ба қонун баробар ва ҳатто аз он боло медонанд. Аз ҷумла, М. Краснов менигорад: «Паём санади расмиест, ки аз рӯйи қувваи ҳуқуқиаш ба қонун баробар аст».

Профессор А. Тиковенко зикр менамояд: «Дар баробари низоми сарчашмаҳои ҳуқуқии расмие, ки дар қонун дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, сарчашмаҳои хоси ҳуқуқие мавҷуданд, ки дар назарияи умумии ҳуқуқ коркард нашудаанд ва мавриди таҳлили илмӣ қарор нагирифтаанд. Паёми Президент ба ҳамин гуна сарчашмаҳои ҳуқуқӣ дохил мешавад».

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷумҳурии Беларус Қонун «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Беларус» аз соли 2005 амал менамояд ва ба он ду маротиба — солҳои 2013 ва 2015 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст.

Ба андешаи инҷониб, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қувваи олии ҳуқуқӣ ва як қатор махсусият аз қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо бартарӣ ва тафовут дорад, зеро:

- қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо дар ҷаласаҳои алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Паёми Президент танҳо дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва он мавриди баррасӣ қарор дода намешавад;

- қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо ҳангоми ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидан мавриди баррасии ҷиддӣ, аз ҷумла, дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, қарор мегиранд ва ба онҳо таклифу пешниҳоди зиёд манзур карда мешавад. Лоиҳаи қонун, кодекс ва ё қонуни конститутсионӣ мумкин аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пас гардонида шавад, аммо ҳеҷ кас ҳуқуқи эрод гирифтан ба Паём ва савол додан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад;

- қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо, ба ҷуз аз он ки дар Маҷлиси намояндагон пас аз бар­расии тӯлонӣ қабул карда мешаванд, инчунин дар Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ мегарданд. Яъне, ин ҷо тафовут дар муҳлат низ дида мешавад. Санадҳои қонунгузории мазкур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, аммо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рӯзи муқарраргардида ироа ва ҳамон рӯз дар воситаҳои ахбори омма расман интишор мешавад ва масъулин аз ҳамон лаҳза баҳри амалӣ намудани талаботи он камари ҳиммат мебанданд;

- ҳарчанд кодекс санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, ба андешаи баъзе олимон, аз қонун боло меистад, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он муқаррарот мавҷуд нест. Дар хусуси Паёми Президент бошад, меъёрҳо дар се модда — моддаҳои 55, 69 ва 70-и Конститутсияи мамлакат ҷой дода шудаанд;

- Паёми Президент аз санадҳои қонунгузорӣ боз аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки ба қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Ҳамчунин, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дар асос ва талаботи қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо ҷиҳати иҷро санадҳои зерқонунӣ (қарор, фармоиш ва ғайра) қабул карда мешаванд.

Агар ба мафҳуму моҳият ва мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо диққат кунем, бартарии Паёми Президентро аз онҳо мушоҳида менамоем: қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Масалан, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»…

Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад. Масалан, кодексҳои меҳнат, гражданӣ, ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад, ба мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи хизмати давлатӣ»…

Тавре аз мафҳуму моҳият ва мазмуну муҳтавои санадҳои қонунгузорӣ возеҳу равшан гардид, санадҳои қонунгузорӣ танҳо фаъолияти як мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё як соҳаи муайянро танзим менамоянд. Агар ба мазмун ва моҳияти Паёми Президент ҳамчун меъёри конститутсионӣ назар афканем, хоҳем дид, ки он фаъолияти ҳама соҳаро фаро мегирад.

Дар робита ба Паёми Президент О. Сериков зикр менамояд: «Ба Паёми Президент метавонад танҳо Конститутсия баробар шавад». Воқеан ҳам, Паёми Президентро аз рӯйи қувваи олии ҳуқуқӣ ва аҳамияту эътибор метавон ба Конститутсия муқоиса кард, зеро он баҳри амалӣ гаштани меъёрҳову муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиму назаррас дорад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар барои риоя ва амалӣ гаштани меъёру муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои мамлакат, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи неку муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қонуни махсус қабул ва ё ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда, ба он расман қувваи олии ҳуқуқӣ дода шавад. Амалӣ намудани ин тадбир боиси афзудани мақому манзалат ва нуфузу эътибори он гардида, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ, рушди қонунгузорӣ, соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистони соҳибистиқлол, мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади конститутсионӣ – ҳуқуқие мебошад, ки дар асоси он санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда мешаванд.

Фирӯз Сайнозимзода,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон