Паёми Президенти кишвар ва парламенти касбӣ таърихи муштарак доранд

№№14 (3964) 05.02.2019

DSC_4431Якуми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни «Таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» семинармашварат баргузор гардид. Фирӯз Сайнозимзода — мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иброз дошт, ки оғози ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ба таърихи таъсисёбии парламенти касбии ҷумҳурӣ рост меояд. Он дар асоси ворид гардидани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ, бахусус моддаҳои 55 ва 69-уми он, рӯйи кор омад.

Баҳри  амалӣ намудани меъёрҳои конститутсионии зикршуда бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд. Дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба вазъи сиёсии ҷомеа, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати хориҷӣ андеша баён намуданд.

Пешвои миллат 26 декабри соли 2018 бистумин Паёмашонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа карданд. Дар ин фосила (аз Паёми нахустин то ба бистум), баҳри иҷрои талаботи Паёми Президент, зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо ба баланд бардош­тани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, мудофиа ва амсоли инҳо мусоидат намуданд. DSC_4392

Зикр гардид, ки сол то сол нақш, мавқеъ ва аҳамия­ту эътибори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» боло меравад ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузории онро интизор мешаванд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хоса мутолиа мекунанд, мазмун ва мундариҷаашро меомӯзанд ва дар амалисозии муқаррароти он фаъолона ширкат меварзанд.

Дар анҷом Фирӯз Сайнозимзода ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»