Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок ҷонибдорӣ гардид

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

DSC_0217Бисту якуми июни соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

 1. Дар бораи Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808 rev/AUS-2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум»

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF-2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум»

3. Дар бораи Созишномаи иловагии №1 ба Созишномаи қарзӣ №41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд»

4. Дар бораи Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (қарзи №3434-TAJ(SF)) ва гранти №0498-TAJ(SF))

5. Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории хориҷӣ) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (гранти №9188-TAJ(EF))

6. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак»

7. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак»

8. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак»

9. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак»

10. Дар бораи Созишномаи грантӣ (43257) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии вилояти Хатлон»

11. Дар бораи Созишномаи грантӣ (43255) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II»

12. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (46147) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ»

13. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (47477) байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II»

14. Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат (47477) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II»

15. Дар бораи Созишнома оид ба дастгирии лоиҳа (47477) байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II»

16. Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808 rev/AUS-2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» сухан ба муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон дода мешавад.

УБАЙДУЛЛОЗОДА Ғолиб Хонҷон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Неругоҳи барқи обии (НБО)-и «Қайроққум» солҳои 1956-1957 сохта, ба истифода дода шуда, зиёда аз 60 сол аст, ки барқ истеҳсол менамояд. Айни замон таҷҳизоти он куҳнаву фарсуда шуда, масъалаи таҷдиду азнавбарқарорсозии онҳо ба миён омадааст.

Бояд зикр намуд, ки пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ аз 126 МВт ба 170 МВт расонида мешавад. Истеҳсоли миёнаи неруи барқ то 38 фоиз афзоиш ёфта, муҳлати истифодаи таҷҳизот зиёд мегардад.

Бо ҷалби маблағҳои грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд соли 2014 аз ҷониби Ширкати австриягии «IC Consulenten» тадқиқоти «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди НБО-и Қайроққум» гузаронида шуд. Маблағи умумии таҷдиди НБО дар асоси тадқиқоти гузаронида тақрибан аз 180 то 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба маблағгузории Марҳилаи якуми Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» 25 июли соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳо ба маблағи 71 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуда, 10 декабри соли 2015 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Марҳилаи аввали лоиҳа иваз намудани ду агрегат, таҷдиди сарбанди бетонӣ, иваз намудани таҷҳизоти механикию барқиро дар бар мегирад. Қобили зикр аст, ки баъд аз иҷрои корҳо бехатарии сарбанд таъмин мегардад, иқтидорҳои мавҷуда барқарор шуда, инчунин иқтидори НБО 16 МВт меафзояд.

Дар доираи лоиҳа, пешниҳоди кумаки техникӣ то 2 миллион евро барои ҷалби ширкати машваратии байналмилалӣ пешбинӣ гардида буд. Вобаста ба ҷалби мушовир оид ба дастгирии ГТЛ дар татбиқи лоиҳа, дар асоси натиҷаҳои озмун, ширкати машваратии ILF Consulting Engineers Austria GmbH — (Австрия) ғолиб дониста шуда, 12 октябри соли 2015 Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808rev/AUS-2015-01-01 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и «Қайроққум» якҷоя бо қарордоди машваратӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати машваратии ILF ба маблағи 1 971 714 евро (баробар ба 2 237910,35 доллари ИМА) ба имзо расонида шуд. Инчунин, дар доираи лоиҳа, пешниҳоди кумаки техникӣ дар ҳаҷми то 1 миллион доллари ИМА барои ҷалби ширкати машваратӣ ҷиҳати лоиҳакашии техникӣ пешбинӣ гардид.

Пас аз ба анҷом расонидани равандҳои озмунӣ, ҷиҳати ҷалби мушовир оид ба хизматрасониҳои лоиҳакашӣ 21 апрели соли 2016 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Созишномаи грантӣ вобаста ба пешниҳоди кумаки техникӣ № С33191/EBSF-2015-02-20 ба маблағи умумии 694 879 доллари ИМА ба имзо расид. Ҳамон рӯз қарордоди машваратӣ, ки қисми ҷудонашавандаи созишнома мебошад, байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Консортсиуми ширкатҳои «Stucky Ltd ва Sweco International» ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба маблағгузории марҳилаи дуюм, ки зиёда аз 120 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гуфтушунид идома дорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хисрав Абдуназар дода мешавад.

 Хисрав Абдуназар: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Барои тасдиқ ду созишнома ба баррасии шумо пешниҳод мешавад. Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808rev/AUS-2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди  НБО-и Қайроққум» ва Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF – 2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум».

Онҳо 12 октябри соли 2015 ва 21 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2017, таҳти № 1273, № 1274 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст.

Оид ба созишномаи якум ҳаминро метавон зикр кард, ки дар доираи лоиҳа, пешниҳоди кумаки техникӣ то 2 миллион евро барои ҷалби ширкати машваратии байналмилалӣ пешбинӣ гардида, ширкати машваратии ILF Consulting Engineers Austria GmbH — (Австрия)  ғолиб дониста шуд.

Тибқи созишномаи дуюм, дар доираи лоиҳа пешниҳоди кумаки техникӣ то 1 миллион доллари ИМА барои ҷалби ширкати машваратӣ ҷиҳати лоиҳакашии техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Пас аз ба анҷом расонидани равандҳои озмунӣ вобаста ба ҷалби мушовир оид ба хизматрасониҳои лоиҳакашӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созишномаи грантӣ вобаста ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF-2015-02-20) ба ­маблағи умумии 694 ҳазору 879 доллари ИМА ба имзо расид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқи Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808rev/AUS- 2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ва Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF -2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум»-ро пурра ҷонибдорӣ карданд.

Хоҳишмандем ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808rev/AUS- 2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF -2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» унвон дорад. Муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» ва вакили Маҷлиси намояндагон дар маърӯзаҳояшон аз ин хусус низ маълумот доданд. Ба шарҳи иловагӣ зарурат ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF -2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Созишномаи иловагии №1 ба Созишномаи қарзӣ, №41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон дода мешавад.

 УБАЙДУЛЛОЗОДА Ғолиб Хонҷон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», аз як тараф пурра таъмин намудани муштариёни шаҳри Хуҷандро бо ҳисобкунакҳои электронии интеллектуалии муосир фаро гирифтан бошад, аз тарафи дигар, таҷдиди танҳо қисмати шабакаҳои барқиро дар бар мегирифт. Бо сабаби он ки аксарияти шабакаҳои барқии мавҷудаи шаҳри Хуҷанд дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба истифода супорида шуда, муҳлати хизматрасонии онҳо ба охир расидааст, истифодаи минбаъдаашон ба талафоти зиёди неруи барқ оварда мерасонад.

Созишномаҳои асосӣ вобаста ба маблағгузории Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» солҳои 2011-2012 ба имзо расида буд. Лоиҳаи аввал танҳо таҳвили системаи автоматии идора ва ҳисоби неруи барқ, системаи муосири биллингӣ, таҳвили ҳисобгиракҳо ва таҷдиди шабакаҳои барқии шиддати пастро дар бар мегирифт. Баъдан, пас аз мувофиқа бо созмонҳои маблағгузор, аз ҳисоби маблағҳои мавҷуда ба лоиҳа сохтмони зеристгоҳи нав — «Ваҳдат»- 110/10 кВ ворид карда шуд.

Мақсади асосии Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.

Вобаста ба маблағгузории лоиҳа созишномаҳои қарзӣ, кафолатӣ ва грантӣ ба маблағи умумии 30,4 миллион доллари ИМА баста шуда буданд.

Ҳамчунин, Созишномаи иловагӣ №1 аз 3 августи соли 2016 ба Созишномаи қарзии № 41538 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 4 000 000,00 доллари ИМА ҳамроҳ гардид.

Дар доираи лоиҳаи номбурда асосан иҷрои се қарордод (Лот) пешбинӣ гардидааст:

Лоти 1 «Таҳвил ва насби ҳисобкунакҳо, таҷҳизоти системаи гирифтани нишондодҳои ҳисобкунакҳо, системаи биллинг барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он» ба маблағи 21766463,93 доллари ИМА;

Лоти 2 «Таҷдиди Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд» ба маблағи 4 417010,43 доллари ИМА;

Лоти 3 «Сохтмони зеристгоҳи «Темурмалик» 110/10кВ». Маблағи пешбинигардида – 4 000 000 доллари ИМА.

Айни замон корҳои омодасозии ҳуҷҷатҳои озмунӣ идома дошта, эълон намудани озмун дар семоҳаи сеюми соли 2017 ба нақша гирифта шудааст.

Таҳлили натиҷаҳои лоиҳа дар Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд (дар соҳили рости он) нишон дод, ки пас аз сохтмони зеристгоҳи «Ваҳдат» шиддати зеристгоҳҳои мавҷуда коҳиш ёфта, ба дараҷаи лозима муътадил гардонида шудааст, ки дар натиҷа барқтаъминкунии муштариён беҳтар ва садамаҳо кам гардидааст.

Сарфи назар аз сохтмон ва ба истифода додани зеристгоҳи «Ваҳдат» шиддати як қатор зерист­гоҳҳои мавҷудаи соҳили чапи шаҳри Хуҷанд, ба монанди «Новая», «Южная», «Авитсенна», «Марказӣ» ва «Заречная» то ҳол зиёд мебошад, ки ин низ ба талафоти неруи барқ оварда расонидааст.

Тадқиқотҳои техникӣ нишон дод, ки мушкилиҳои ҷойдоштаро танҳо бо гузаронидани шабакаҳо аз шиддати 6 кВ ба шиддати 10 кВ ва сохтмони зеристгоҳи нави «Темурмалик» 110/10 кВ ҳал кардан мумкин аст.

Дар доираи маблағгузории иловагӣ сохтмони зеристгоҳи нави «Темурмалик» 110/10 кВ, гузаронидани 78 адад трансформатор аз шиддати 6 кВ ба 10 кВ ва гузаронидани 28000 метр кабелҳои 6 кВ ба 10 кВ амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он ки ислоҳоти №1 (аз 3 августи соли 2016) ба Созишномаи қарзӣ № 41538 аз 8 июни соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд як қатор талаботро вобаста ба эътибор пайдо кардани маблағгузорӣ пешбинӣ менамояд, хоҳишмандам барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

 МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи иловагии № 1 ба Созишномаи қарзӣ № 41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», ки 3 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли 2017, № 1272 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Мақсади асосии он кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва инчунин, насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.

Лоиҳа аз таҳвил ва насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ, системаи гирифтани нишондоди ҳисобкунакҳо ва қисман барқарорсозии шабакаҳои барқӣ барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он иборат аст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи қарзӣ № 41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15 июни соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Хоҳишмандам, барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи иловагии № 1 ба Созишномаи қарзӣ № 41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (қарзи № 3434-TAJ(SF)) ва гранти № 0498- TAJ(SF)) оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

 Ҷамшед Нурмаҳмадиён: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаҳои молиявӣ ва грантии лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд 15 ноябри соли 2016 ба маблағи 31,8 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз он 5,85 миллион доллари амрикоӣ гранти Бонки осиёгии рушд, 19,25 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки осиёгии рушд, 3,0 миллион доллари амрикоӣ гранти Фонди Ҷопон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 16 ноябри соли 2016 № 630 тасдиқ шудааст ва ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2015 № 772 тасдиқ гардидааст, ворид карда шудааст.

Маблағи қарзӣ барои лоиҳаи мазкур дорои имтиёзнокии баланд буда, ба муҳлати 38 сол ҷалб гардида, дорои 8 соли имтиёзнок мебошад. Пардохти фоизи қарз дар ҳаҷми 1 фоизи солона дар давраи имтиёзнокӣ ва 1,5 фоизи солона минбаъд пешбинӣ шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа ба кор даровардани инфрасохтори обёрӣ тавассути азнавкунӣ мутобиқ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ мебошад. Системаҳои обёрӣ, ки 120 ҳазор гектарро фаро гирифтаанд, дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар вилояти Хатлон яке аз калонтаринҳо ба шумор меравад. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз сабаби набудани маблағгузорӣ барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ, барои нигоҳдории инфрасохтори обёрӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, ба фарсудашавӣ оварда расонид.

Лоиҳаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Қисми А – навкунӣ ва ба кор даровардани инфрасохтор дар самти идоракунии захираҳои обӣ дар Системаи обёрии Чубек, ки ба тағйироти иқлим устувор мебошад.

Қисми В – баланд бардоштани иқтидор дар самти идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва самаранокии истифодаи об.

Лоиҳаи мазкур барои пурра ба кор даровардани инфрасохтори идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани заминҳои обёришаванда тавассути азнавсозӣ ва таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ нигаронида шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз ёфта, то соли 2022 идома хоҳад ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) ва грантӣ оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд ва Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд, пешниҳод шудаанд.

Созишномаҳои мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шудаанд.

Мақсади асосии созишномаҳо, таҷдид ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ ва дренажӣ, сохтмони такшингоҳ, барқарорсозии ду силсилаи истгоҳи обкашӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, баланд бардоштани иқтидори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, истеҳсоли тухмиҳои баландсифат ва хизмат­расонии машваратӣ мебошад, ки ба беҳтар гаштани ҳолати мелиоративии замин ва идоракунии захираҳои об, таъмини устувории экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва дар маҷмӯъ, ба баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаҳои мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15 июни соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Хоҳишмандем барои тасдиқи онҳо овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи молиявӣ (амалиётҳои махсус) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (қарзи № 3434-TAJ(SF)) ва гранти № 0498 — TAJ(SF)) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома «Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории хориҷӣ) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки осиёгии рушд (гранти № 9188 — TAJ(EF)) ном дорад. Оид ба масъалаи мазкур муовини вазири молия ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни маърӯзаҳояшон маълумот доданд. Ба маълумоти иловагӣ ниёз ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (маблағгузории хориҷӣ) оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (гранти № 9188 — TAJ(EF)) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар натиҷа, сол то сол сифати хизматрасонии обтаъминкунию канализатсионӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мегардад.

Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат дар ин самт барнома ва лоиҳаҳои зиёд амалӣ гардида, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар мешавад.

Муҳтарам вакилони мардумӣ, ба муҳокимаи шумо созишномаҳои лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» пешниҳод гардидааст. Бинобар бо ҳам вобаста будани татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак», ки ҳамчун созишномаҳои қарзӣ, грантӣ, кафолатӣ ва дастгирии лоиҳа ба имзо расонида шудаанд, нисбат ба масъалаҳои мазкур дар як маърӯза маълумот пешниҳод менамоям.

Бо мақсади сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ баҳри беҳтаргардонии фаъолияти муассиса ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ, канализатсия ва обтозакунӣ дар шаҳри Норак 10 ноябри соли 2016 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, шаҳри Норак ва Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»- и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак созишномаҳои қарзӣ, грантӣ, кафолатӣ ва дастгирии лоиҳа ба имзо расиданд.

Маблағи умумии лоиҳа, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод гардидааст, 6,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 3,0 миллион доллари амрикоӣ қарз ва 3,0 миллион доллари амрикоӣ грант мебошад. Инчунин, барои амалӣ намудани лоиҳа 1560000 доллари амрикоӣ аз ҷониби бонки мазкур ҳамчун кумаки техникӣ пешниҳод гардидааст.

Оид ба Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур қайд менамоям, ки он аз ҷониби Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»- и шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 ноябри соли 2016 дар ҳаҷми 3,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст. Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз 15 сол;

- давраи имтиёзнокӣ 3 сол;

- фоизи қарз Libor + 1 фоиз.

Шартҳои пешниҳодгардидаи қарз ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ пурра мутобиқ аст, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

Созишномаи грантӣ бошад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»- и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 ноябри соли 2016 ба маблағи 3,0 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи маблағҳои лоиҳа иҷрои корҳои зерин дар назар аст:

- истифодаи об аз қубурҳо;

- барқароркунии шабакаҳои обтаъминкунӣ;

- пойгоҳи обтаъминкунӣ;

- барқароркунии резервуарҳо;

- дастраскунии обченкунакҳо;

- насбкунии обченкунакҳо;

- пойгоҳи обкашии обҳои партов;

- дастгоҳҳои амалиёт;

- таҷдиди бинои маъмурӣ.

Ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шудааст. Баимзорасонии созишномаи мазкур аз ҷумлаи талаботи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ҳисоб рафта, тибқи созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак як қатор корҳоро ба уҳда мегирад, аз ҷумла:

- иҷрои саривақтии уҳдадориҳои маблағҳои қарзиро аз ҷониби Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» — и шаҳри Норак таъмин менамояд;

- дар доираи татбиқи лоиҳа, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ҳаҷми тарофаҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда ҷорӣ менамояд;

- пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳри Норак назорат ва таъмин менамояд.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала, аз ҷумла бехатарии саломатии аҳолӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, дар ин робита 10 ноябри соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи кафолатӣ ба имзо расид, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Дар маҷмӯъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур, таъминоти оби нӯшокӣ беҳбудӣ ёфта, фаъолияти муназзами системаи канализатсия дар шаҳри Норак таъмин мешавад.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

 НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаҳои қарзӣ, грантӣ, дастгирӣ ва кафолатии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» байни Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ»- и ­назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади лоиҳаҳо аз барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ дар шаҳри Норак, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию экологии шаҳр иборат мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаҳои зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита, ки 15 июни соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор шуд, созишномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули онҳо мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи онҳо овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» унвон дорад.

Доир ба ин масъала муовини вазири молия ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Ниёз ба маълумоти иловагӣ ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» унвон дорад. Аз ин хусус низ зимни суханрониҳои муовини вазири молия ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид. Ба маълумоти аз ин бештар ниёз ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» ном дорад.

Роҷеъ ба ин масъала муовини вазири молия ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.

Ба маълумоти иловагӣ зарурат ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Созишномаи грантӣ (43257) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии вилояти Хатлон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

 Ҷамшед Нурмаҳмадиён: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантии лоиҳаи «Барқарорсозии системаи оби вилояти Хатлон» пешниҳод гардидааст. Он 31 марти соли 2015 байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расидааст. Маблағи умумии лоиҳа 12,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 5,0 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 7,0 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад. Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 2547000 доллари ИМА пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии шаҳрҳои пилотӣ буда, баҳри баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва корпоративии Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румӣ равона гардидааст. Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 14 декабри соли 2012 дар хаҷми 2,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2013, №1243 тасдиқ гардидааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, барқарорсозии обанбори мавҷуда, сохтмони шоҳқубур аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, сохтмони шоҳқубури худҷории обтаъминкунӣ, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон ва барқарорсозии обанбор, ҳавзҳо ва чоҳи такшонкунӣ, васеъкунии бинои маъмурӣ, барқарорсозии истгоҳи насосӣ, ­сохтмони қубурҳо, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва сохтмони истгоҳи нави омодакунии об дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, инчунин харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои об, таҳвили техникаи фаврӣ ва таҷҳизоти идоравӣ барои ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румӣ дар назар дошта шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

 Акрамзода Баҳодур Исмоил: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Созишномаи грантӣ (43257) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии вилояти Хатлон» 31 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Мақсади асосии лоиҳа аз сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии ноҳияҳои пилотӣ иборат буда, баҳри баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва корпоративии Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румӣ равона гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита, ки 15 июни соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор гардид, созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (43257) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС :- Ба баррасии Созишномаи грантӣ (43255) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II» шурӯъ менамоям. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

 Ҷамшед Нурмаҳмадиён: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантии лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II» пешниҳод мешавад. Дастовардҳои назарраси лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон марҳилаи I» буд, ки маблағгузории марҳилаи дуюм аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа, 16 декабри соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Маблағи умумии лоиҳа 15,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 7,0 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 8,5 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад. Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари ИМА пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа барқарорсозӣ ва сохтмони системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафаробод, харид ва насби ҳисобкунакҳои об, харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ, гузаронидани ташхиси гидрогеологӣ, сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда баҳри беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва молиявии корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия, инчунин, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва сари вақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад.

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 14 декабри соли 2012 дар ҳаҷми 2,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2013, №1243 тасдиқ шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2017 пешбинӣ шудааст.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

 Азимзода Толибхон Ситамурод: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (43255) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II» 16 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Бояд мушаххас намуд, ки аз маблағҳои ҷалбгардида 3,7 миллион доллари ИМА ба шаҳри Истаравшан, 4,6 миллион доллари ИМА ба шаҳри Панҷакент, 3,8 миллион доллари ИМА ба ноҳияи Шаҳристон ва 3,4 миллион доллари ИМА ба ноҳияи Зафаробод баҳри барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ равона мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита, ки 15 июни соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор гардид, созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (43255) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи II» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Созишномаи қарзӣ (46147) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

 Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи қарзии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» пешниҳод мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа 4,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 2,0 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2,0 миллион доллари амрикоӣ гранти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд. Илова бар ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,05 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ, баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Хоруғ мебошад.

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и шаҳри Хоруғ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 31 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 2,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст ва ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ пурра ба уҳдаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» вогузор шудааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд ­дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз 15 сол;

- давраи имтиёзнокӣ 3 сол;

- фоизи қарз Libor + 1 фоиз;

Барои татбиқи лоиҳа ­маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидааст, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод мешавад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур тибқи нақша, амалишавии корҳои зерин дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст:

- сохтмон ва барқарорсозии партовгоҳҳои мавҷуда;

- харидории автомашинаи махсус барои кашонидани партов;

- харидории контейнерҳо барои партов;

- барқарорсозии майдончаи контейнерҳои партовгоҳ;

- харидории техникаи махсуси партовкашонӣ;

- бароҳмонии барномаи муҳосибавӣ ва биллингӣ.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз ёфта, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дода мешавад.

 Олимҷон Бобоев: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қарзӣ (46147) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» 31 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли 2017 барои хулоса ба Комиссияи экологӣ, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созишномаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Комиссияи масъул созишномаи мазкурро 14 июни соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (46147) байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» — и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Созишномаи қарзӣ (47477) байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

 Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади баланд бардош­тани сифати хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некуаҳволии халқ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар натиҷа, сол то сол сифати хизматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мегардад.

Ба баррасии шумо созишномаҳои лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» пешниҳод гардидааст. Қобили зикр аст, ки 13 майи соли 2016 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои кафолатӣ, қарзӣ ва дастгирии лоиҳа ба имзо расонида шуд.

Маблағи умумии лоиҳа 6,079 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 2,5 миллион доллари амрикоиро қарз, 2,5 миллион доллари амрикоиро грант ва 1,079 миллион доллари амрикоиро кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ташкил медиҳад.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии майдони партовгоҳ баҳри беҳгардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 13 майи соли 2016 дар ҳаҷми 2,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд ­дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

Муҳлати қарз: 12 сол;

Давраи имтиёзнокӣ: 3 сол;

Фоизи қарз: Libor + 1 фоиз.

Барои татбиқи лоиҳа ­маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидааст, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод мешавад.

Дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа иҷрои корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- хариди автомашинаҳои боркашонӣ барои ҷамъкунӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ;

- хариди контейнерҳо барои ҷамъкунии партов;

- таҷдиди нуқтаҳои ҷамъкунии партов ва маркази амалиётӣ;

- насби таҷҳизот барои коркарди партов;

- васеъкунии макони ҷойгиршавии партов.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала, аз ҷумла таъмини бехатарии саломатии аҳолӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, дар ин робита 13 майи соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Созишномаи кафолатӣ ба имзо расид, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ мешавад.

Қайд намудан зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расидааст.

Баимзорасонии созишномаи мазкур аз ҷумлаи талаботи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ҳисоб рафта, тибқи он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як қатор корҳоро ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳои маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба уҳда мегирад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур то соли 2019 идома хоҳад ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев дода мешавад.

 Олимҷон Бобоев: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ (47477) байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» 13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2017 барои хулоса ба Комиссияи экологӣ, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созишномаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Комиссияи масъул созишномаро 14 июни соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

 Ҷаббор Ахмедов: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза мо созишномаҳои зиёди қарзиву грантиро оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ баррасӣ намуда, онҳоро ҷонибдорӣ кардем. Созишнома оид ба дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» низ аз ҳамин ҷумла мебошад.

Ман дирӯз аз шаҳри Хуҷанд баргаштам. Бо хоҳиши роҳбарияти корхонаи мазкур бо онҳо мулоқот доштам.

Роҳбарияти корхона ба вакилони Маҷлиси намояндагон барои дастгирии Созишнома миннатдорӣ изҳор намуда, дар баробари ин хоҳише доштанд, ки ман мехоҳам онро ба шумо расонам. Чуноне ба шумо маълум аст, лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» аз соли 2011 татбиқ мешавад. Тӯли ин муддат қурби асъори хориҷӣ хеле боло рафт. Масалан, агар соли 2011 қурби як доллари амрикоӣ ба 4 сомонию 76 дирам баробар бошад, пас 31 декабри соли 2016 он ба 7 сомонию 87 дирам расид. Яъне, фарқ қариб 6 миллион сомониро ташкил менамояд, ки албатта, ба вазъи молиявии корхона таъсири ногувор мерасонад. Имрӯз корхона аз пардохти андоз 7 миллион сомонӣ қарздор буда, дар баробари ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз корхона ҳудуди 5,5 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Аз ин хусус дар Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот мавҷуд аст.

Ба корхона ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳар сол нархи хизматрасониашро 10 фоиз зиёд кунад, вале бо сабабҳои барои ҳама маълум ин корро карда наметавонад. Бо мақсади дастгирии корхона шояд Вазорати молия ва Кумитаи андоз иҷозат диҳанд, ки байни корхонаи мазкур ва МИҲД-ии шаҳри Хуҷанд ҳисоббаробаркунӣ сурат гирад, ки дастгирии қобили мулоҳиза барои фаъолияти корхона хоҳад буд.

Бояд гуфт, лоиҳаҳои тат­биқшаванда барои рушди соҳаҳо нигаронида шудаанд. Хеле хуб мебуд, агар онҳо шакли давраи пурраро фаро мегирифтанд. Масалан, лоиҳаи обтаъминкунии ин ё он шаҳру ноҳияро бигирем. Аксаран ба лоиҳа иваз кардани хати магистралии об дохил карда шуда, хатҳои оби ба маҳаллаву кӯчаҳо гузаронидашуда аз доираи лоиҳа берун мемонанд. Дар натиҷа қубурҳои магистралии нав оби зиёди дар онҳо ҷориро ба қубурҳои қутрашон хурди аксаран ба таъмир ниёздошта гузаронида наметавонанд ё дар лӯлаҳо тарқишҳо пайдо шуда, об ба истифодабаранда намерасад. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, агар лоиҳаҳо тамоми инфрасохторро фаро гиранд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (47477) байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат (47477) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» унвон дорад. Оид ба ин масъала муовини вазири молия ва раиси Комиссияи экологӣ дар маърӯзаҳои муттаҳидкардаашон маълумот доданд. Зарурати пешниҳоди маълумоти иловагӣ ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат (47477) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ «Дар бораи Созишнома оид ба дастгирии лоиҳа (47477) байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» ном дорад. Оид ба ин масъала низ маърӯзачиён дар суханрониҳояшон маълумот пешниҳод намуданд. Маълумоти иловагӣ зарур ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба дастгирии лоиҳа (47477) байни шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи II» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ — «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён дода мешавад.

 Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» пешниҳод гардидааст.

Қарори мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ аз бозорҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони иншооти стратегии давлат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳия шуда, барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатиро (Евробондҳо) пешбинӣ менамояд. Қарори мазкур аз чорабиниҳои Гурӯҳи кории ваколатдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Бояд зикр намуд, ки барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ шакли қарзгирии давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, он бо мақсади риояи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гирифтани иҷозат барои ҷалби қарзи давлатӣ пешниҳод мешавад. Сипас, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи зикргардида, дар асоси қарори қабулнамудаи Ҳукумат, коғазҳои қиматноки давлатӣ ба муомилот бароварда мешавад.

Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли вомбаргҳо ба маблағи то 1 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта, дар марҳилаи аввал ба маблағи то 500 000 000 (панҷсад миллион) доллари ИМА ба муҳлати то 10 сол бароварда мешавад. Меъёри фоизи вомбаргҳо дар заминаи рейтинги қарзии давлат муайян карда шуда, дар марҳилаи муаррифии тарҳи барориш ба сармоягузорони инфиродӣ ва институтсионалӣ мушаххас карда мешавад. Тибқи таҳлилҳои пешакӣ, меъёри фоизи вомбаргҳо аз 7,5 фоиз то 8,5 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии давлатӣ дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда шуда, чунин тарзи қарзгирии берунаи давлатӣ таҷрибаи нахустини давлат дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, ҷалби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматноки хориҷа, аз қабили андеррайтер, агентиҳои бақайд­гиранда ва амсоли онҳо дар назар аст. Расмиёт ва давраҳои эмиссияи коғазҳои қиматнок тибқи тартиби қонунгузории ИМА ва давлате, ки дар он паҳнкунии вомбаргҳо дар назар аст, амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати пешгирии хавфҳои ҳуқуқии ҷониби Тоҷикис­тон, инчунин ҷалби ташкилоти ҳуқуқии байналмилалӣ ба раванди барориш ва гардиши ­вомбаргҳо пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қарори мазкур, дар маҷмӯъ, ба меъёрҳои қарзгирии давлатӣ, ки «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» муқаррар намудааст, мутобиқ аст. Тибқи он ҳадди ниҳоии нишондиҳандаи қарзи беруна нисбат ба ММД (номиналӣ) 40 фоиз муқаррар шудааст. Таҳлили қарзи беруна ва дурнамои стратегия нишон медиҳад, ки дар сурати ҷалби қарзи беруна тариқи барориши вомбаргҳо дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА, бо дарназардошти афзоиши ММД дар соли 2018 ва хизматрасонии қарзи беруна ин нишондиҳанда 38,4 фоизро ташкил медиҳад.

Иқдоми мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузориро барои хизматрасонии фоизҳо ва маблағи асосии вомбарг талаб менамояд. Ҳамзамон, ҷиҳати кам кардани сарбории Буҷети давлатӣ, бо ҶСК НБО-и «Роғун» дар доираи маблағҳои аз фурӯши вомбаргҳо бадастомада созишномаи зерқарзӣ баста шуда, дар назар аст, ки баргардонидани маблағҳои додашуда баъд аз гирифтани даромад аз фурӯши неруи барқи истеҳсолшуда шурӯъ мегардад.

Бинобар ин, барои ҷалби қарз, тавассути барориши вомбаргҳо, ризоият доданатонро хоҳиш менамоям.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф РАҲИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» мутобиқ ба талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гирифтани ­ризоият барои ҷалби қарзи давлатӣ пешниҳод гардидааст.

Ҷалби сармоя аз бозорҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони иншооти стратегии давлатӣ — Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо роҳи барориш ва паҳнкунии коғазҳои қиматноки давлатӣ (Евробондҳо) мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пешниҳодро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита, ки 15 июни соли 2017 баргузор гардид, пешниҳоди мазкур бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои додани ризоият ба он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ