Пешвои миллат афсонаро ба ҳақиқат табдил доданд

№145 (3939) 01.12.2018

45908381931_b81c7f58c5_oЧархаи якуми НБО-и «Роғун» ба кор даромад. Шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ин рӯйдоди нодир ҳадду канор нест, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар — ба кор оғоз кардани иншооти тақдирсози мамлакат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Моҳиятан бо ибтикор ва дар заминаи талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсона ба воқеият табдил ёфт. 

DSC_1076Ҳоло дар ҳама ҷо сухан аз «Роғун» асту меъмори он. Ба ибораи дигар, овозаи ин корнамоӣ дунёро гирифтааст. Расонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии «Ал Ҷазира», «Евронюс», «НТВ», «Россия 24», «МИР» ва ғайра онро васеъ инъикос карданд, ки дар таҷрибаи  расонаҳои мазкур  камназир аст. Ин худ далели бебаҳси муҳимияти ин иншооти аср аст. Аз ин рӯ, санаи мазкур — 16 ноябри соли 2018   дар таърихномаи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Шоҳиди ҳол будем, ки ин масир ҳамвору бемушкил набуд. Вале Пешвои миллат,  сарфи назар аз монеаҳои зиёд, ки асосан моҳияти  молиявию иқтисодӣ доштанд, баҳри ҷомаи амал пӯшидани орзуи чандинсолаи мардум аз тамоми имконият самаранок истифода карданд. Ба қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».

Қадршиносии Роҳбари мамлакат аз дастгирии мардуми меҳнатқарини кишвар ҷиҳати бунёди НБО «Роғун» воқеан ҳам намунаи ибрат аст: — Мардуми шарифи Тоҷикис­тон хуб дар хотир доранд, ки ман 5-уми январи соли 2010 ба онҳо муроҷиат намуда, даъват карда будам, ки саҳми худро дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне манбаи нуру гармии хонадони хеш гузоранд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба ҳамаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта, саҳмияҳои неругоҳро харидорӣ карданд ва барои оғози корҳои сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштанд, миннатдории самимӣ баён мекунам — изҳор доштанд Пешвои миллат зимни як суханронӣ.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба сифати ҳадафҳои стратегӣ эътироф намуданд. Аз ин ҷост, ки дар ин ҷода кори зиёде ба сомон расид. Чанд сол пеш бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки идомаи мантиқии корҳои пештар амалигардида маҳсуб мешавад, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба кишвари воҳид табдил ёфт. Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ низ ташаб­буси зиёд амалӣ шудааст, ки намунаи барҷастааш ба кишоварзон тақсим кардани 75000 гектар замин мебошад.

Инак, ба шарофати ҷаҳду талош ва иродаи шикастнопазири Пешвои миллат мо ба ҳадафи дигари  стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шудем.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳафт сол пеш ба Бонки ҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд.

Он замон сохтмони «Роғун» ба назар  афсона менамуд, вале эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки маҳз азми қавӣ ва нияти неки  Пешвои миллат  боис гардид, ки корҳои сохтмони ин иншоот бомаром пеш равад. Ҳатто шоҳид будем, ки 29-уми октябри соли 2016, Роҳбари мамлакат шахсан тавассути техникаи пуриқтидор дар тағйир додани  маҷрои дарёи Вахш саҳм гузоштанд. Сафарҳои мунтазами Пешвои миллат ба маҳалли сохтмон бунёдкорони онро рӯҳбаланд намуда, замина фароҳам овард, ки корҳо дар сатҳи хубу сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба сомон расанд.  Ҷалби 67 ташкилоту муассиса, истифодаи 3600 мошину механизм ва 22 ҳазор мутахассису коргар, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд,  шаҳомату муҳимияти ин иншоотро бозгӯйӣ менамояд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои сохтмону васли таҷҳизот дар неругоҳ бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, ташхиси ҳамаҷониба аз ҷониби коршиносони баландихтисосу соҳибтаҷриба ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон ба охир расиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи энергетика, таҳкими низоми энергетикӣ, дастрасии доимии муштариён ба неруи барқ, кам намудани талафоти техникии он, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ амалӣ гардид ва татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад.

Тавре дар суханронии Пешвои миллат зикр шуд: «Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози корҳои сохтмон то имрӯз иншооти неругоҳро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми умумии 24 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ намуд.Танҳо барои иҷрои корҳои сохт­мони платина аз соли 2016 то инҷониб сеюним миллиард сомонӣ сарф шудааст».

Дар бораи ин иншоот ва нақши меъмори он метавон зиёд навишт, вале шояд як ҳиссаи онро дар умум ифода кардан натавон.  Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки гуфтаанд:  «Баъди гузашти айём мову фарзандонамон боифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем».

Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон