«Проблемаҳои истифодаи истилоҳот дар раванди қонунгузорӣ»

№21 (3815) 17.02.2018

DSC_4934Таҳти ин унвон 15 феврали соли 2018 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ ва иштироки намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ семинари методологӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бахусуc, пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар низоми қонунгузории кишвар истифодаи истилоҳот, мафҳумҳои нав ривоҷ гирифт.

Қонунҳо аз нигоҳи методологӣ вобаста ба талаботи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳаракат ва тағйирпазиранд. Яъне, аз нигоҳи диалектикӣ доим дар инкишофу пешравӣ мебошанд. Аз ин ҷост, ки пайваста истилоҳоти нав ба вуҷуд меоянд.

Мавқеи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риояи истифодаи истилоҳоти нав, услуби матни қонунҳо ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушаххас аст.

То кунун аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва пажӯҳишгарони ҳуқуқшинос фарҳангҳои истилоҳоти ҳуқуқӣ табъу нашр шудаанд, ки мавриди истифода қарор доранд. Вале дар низоми қонунгузорӣ бидуни истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ мафҳуму ибора ва категорияҳое низ истифода мешаванд, ки марбут ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоианд. Онҳоро дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи кино», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ғалла», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва амсоли инҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди инкишофи истилоҳоти қонунгузорӣ мутахассисони касбу кори гуногун саҳм гузоранд.

Вобаста ба мавзӯъ, ҳамчунин Ф. Идиев – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ф. Табаров — сардори шуъбаи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, С. Матробиён — муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷ. Саъдизода — омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ф. Сулаймонов — омӯзгори кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ истифодаи истилоҳоти аслии тоҷикӣ дар раванди қонунгузорӣ, дар илми ҳуқуқшиносӣ ва дигар соҳаҳо аз мавзӯъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода парлумони касбии мамлакат саҳми беандоза дорад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон