Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Прокуратура баҳри ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати шаҳрвандон чора меандешад

№49 (3686) 06.05.2017

DSC_0308Сеюми майи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Мирзозода М.З.»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Масъалаи аввали рӯзнома «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Мирзозода М. З.» мебошад.

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 ба ҷойи вакили хориҷшуда вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Номбурда соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳои 1995 – 2005 иҷрочии Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2005 — 2011 судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аз соли 2011 судяи Суди вилояти Суғд буд.

Ба Мирзозода савол доред? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Мирзозода М. З.»- ро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Тибқи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми прокурори генералии ­Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам ­Назрулло дода мешавад.

 НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ки вобаста ба фаъолияти мақомоти прокуратура арзи ҳастӣ намудаанд, равона шуда, ба баланд гардидани нақш ва мақоми прокуратура дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Дар раванди таҳияи он муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии гражданӣ, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла, «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин тағйиру иловаҳои ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ воридгардида, ба инобат гирифта шуданд. Бо қабули лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур забони қонуни амалкунанда такмил ёфта, ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мувофиқ карда мешавад. Дар он калима ва ибораҳои «(Сарқонун)», «қаламрав», «ҳақ», «маҳаллӣ», «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ», «ташкилотҳо», «ба қувваи қонунӣ надаромадаи» ва «ҷиноӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуд», «ҳуқуқ», «шаҳрак ва деҳот», «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ», «ташкилотҳо», «эътибори қонунӣ пайдо накардаи» ва «ҷиноятӣ» иваз карда мешаванд.

Дар баробари ин, бо қисми 2 моддаи 12 қонуни конститутсионӣ розӣ шуда наметавонам, зеро дар таҳрири ҷорӣ, яъне қисми 2 моддаи 12 омадааст: «Агар шахс бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва дигар камбудиҳояш ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда натавонад, прокурор вазифадор аст барои таъмини он чораҳои зарурӣ андешад». Ин меъёр, ҳамчунин ба моддаи 47 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф буда, дар сурате ки агар шахс вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узр­нок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда натавонад, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ прокурор ба суд бо ариза муроҷиат мекунад.

Ворид намудани ин тағийрот: «Қароре, ки прокурор марбут ба баррасии муроҷиатҳо қабул намудааст, барои ба суд муроҷиат кардани шахс ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ монеъ шуда наметавонад», — чунин ваколати прокурорро истисно менамояд.

Бо ин асос, дар сурати қабули қисми 2 моддаи 12 дар таҳрири пешниҳодшуда, таклиф менамоям, ки ба моддаи 12- уми қонуни конститутсионӣ қисми 3 дар таҳрири зерин илова карда шавад: «Агар шахс бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва дигар камбудиҳояш ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда натавонад, прокурор метавонад дар доираи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ ба суд бо ариза муроҷиат кунад».

Ворид намудани ин қисм ба манфиати шахсоне равона мешавад, ки осебпазир буда, бинобар вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабаб­ҳои узр­нок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро мустақилона ҳимоя карда наметавонанд.

Иловаи сархатҳои ҳаштум ва нуҳум ба қисми 2 моддаи 16- уми қонуни конститутсионӣ асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуроронро пурра гардонида, муқаррар менамояд, ки қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуророн мебошанд.

Таҳрири қисми 1 моддаи 53- юми қонуни конститутсионӣ шартҳои ба мақомоти прокуратура ба кор қабул шудани шахсони довталабро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дошта, синнаш то 35 бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро карда тавонад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам Назарзода, шумо ба матни моддаи 12 илова пешниҳод кардед. Ба лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса ворид шудааст. Дар он лоиҳа пешниҳоди шумо зикр шудааст ё не?

- Кӣ ба ин савол ҷавоб медиҳад? Марҳамат, муҳтарам Холмуҳаммадзода.

 ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис! Дар хулосаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ягон тағйирот пешниҳод нашудааст.

Мувофиқи моддаи 47 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки прокурор дар мурофиа пешбинӣ шудааст ва дар ин модда зикр гардидааст, ки прокурор ҳуқуқ дорад ба суд ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бо ариза муроҷиат намояд. Аризаро прокурор метавонад дар ҳолате пешниҳод намояд, ки агар шаҳрванд вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок натавонад худашро ҳимоя кунад. Ҳамин гуна муқаррарот дар моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ зикр шудааст.

Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дорад. Ба ин тартиб, дар ҳолатҳои пешбинишуда прокурор дар доираи муқаррароти қонуни зикргардида ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс ба суд бо ариза муроҷиат мекунад. Бо дарназардошти ин, ба лоиҳа ворид намудани иловаи аз ҷониби муовини якуми прокурори генералӣ пешниҳодгардидаро зарур намешуморам.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ду лоиҳае, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва Сафарзода Бахтовар Амиралӣ пешниҳод гардидааст, омода шудааст.

Мақсади он мутобиқ намудани муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат, инчунин, пешбинӣ намудани хизмати давлатӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, мебошад.

Лоиҳаҳои зикргардида, тибқи талаботи зербанди е) банди 53 ва банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шудаанд.

Таҳрири нави матни моддаи 12 қонуни конститутсионӣ меъёри мазкурро мушаххас гардонида, муқаррар менамояд, ки мақомоти прокуратура муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд. Қароре, ки прокурор марбут ба баррасии муроҷиатҳо қабул намудааст, барои ба суд муроҷиат кардани шахс ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ монеъ шуда наметавонад.

Инчунин, дар мувофиқа бо моддаи 47 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурор имконият дода мешавад, ки агар шахс вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда натавонад, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ ба суд бо ариза муроҷиат кунад. Тағйироти мазкур ба нафъи сокинони мамлакат, қабл аз ҳама, шахсоне мебошад, ки бинобар вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро мустақилона ҳимоя карда наметавонанд.

Иловаи сархатҳои ҳаштум ва нуҳум ба қисми 2 моддаи 16 қонуни конститутсионӣ асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуроронро пурра гардонида, муқаррар менамояд, ки қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуророн мебошанд.

Мақсади бевоситаи лоиҳа мутобиқ намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат, додани имконият ба прокурор ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда наметавонанд, инчунин мушаххасгардонии шартҳои ба кор қабул кардани шахсони довталаб ба мақомоти прокуратура, асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуророн, баландбардории масъулияти прокуророн ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳо вобаста ба бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Ба лоиҳа аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати мамлакат 41 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 34 — тои он пурра ва 3 — тои дигараш қисман қабул гардиданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 2017, №17 ва аз 25 апрели соли 2017, №192 маъқул дониста шудааст.

Лоиҳа дар ҷаласаи кумитаи масъул низ, ки 28 апрели соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир гардид, ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» овоз диҳед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Ба муаллифон кӣ савол дорад? Сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Арзу шикоятҳое, ки шаҳрвандон аксаран дар бораи фаъолияти мақомоти қудратӣ менависанд, барои чораҷӯйӣ ба ҳамон мақомот ирсол карда мешавад. Назари шумо, муҳтарам Назарзода, дар ин хусус чӣ гуна аст?

Ҳотам НАЗАРЗОДА: - Шахсоне, ки аз ҷиноят ҷабр дидаанд, онҳо ҷабрдида ҳисобида мешаванд. Ин гуна ашхос, ҳам аз ҷониби прокуратура ва ҳам аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд. Манфиатҳояшон ҳифз мегарданд. Нисбат ба шахсе, ки ҷабр кардааст, қарори суд қабул карда мешавад. Яъне, ҷабрдида мавриди пуштибонӣ қарор меёбад.

РАИС: — Ба манзури ман, саволи вакил он чизро ба дунбол дорад, ки камбудию норасоие, ки муфаттиш, ёрдамчии прокурор ҳангоми баррасии ин ё он парванда роҳ дода, боиси норозигии шахс мешавад, дар сурати аз болои он арз ё шикоят кардан дубора ба ҳамон прокуратураи шаҳр ё ноҳия ирсол мешавад. Оё дар ин сурат баррасии холисонаи парванда сурат мегирад?

Ҳотам НАЗАРЗОДА: — Дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кадрҳо мавҷуд аст ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ки аз болои мансубини прокуратураи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ворид мешаванд, он ҷо мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

 МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои номбаршуда мутобиқ намудани онҳо ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мебошад.

Аз ин рӯ, ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби прокурор дар моддаи 12 -уми лоиҳаи қонун дар назар дошта шудааст.

Қавӣ гардонидани талабот нисбат ба сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқии довталабон, ки дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд (моддаи 53) низ аз ҷиҳатҳои муҳими лоиҳа мебошад.

Матни моддаи 12-уми қонуни конститутсионӣ, ки дар таҳрири нав ифода меёбад, дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба вуҷуд омадааст. Иловаи сархатҳои ҳаштум ва нуҳум ба қисми дуюми моддаи 16-уми қонуни конститутсионӣ бошад, асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуроронро пурра гардонида, муқаррар менамояд, ки қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ, тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокуророн мебошанд.

Таҳрири қисми 1 моддаи 53 шартҳои ба мақомоти прокуратура ба кор қабул шудани шахсони довталабро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки ба мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад, дорои сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, доғи судӣ надошта бошад ва аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммаашгузоштаро иҷро карда тавонад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

 АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конс­ти­ту­т­сионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» идомаи мантиқии санадҳое мебошад, ки баъди қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудаанд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки дар матни қонун ва моддаҳои алоҳидаи он баъзе калимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мувофиқ карда шуданд ва ин имкон медиҳад, ки мухолифатҳои имлоиву техникӣ аз байн бурда, таҷрибаи ягонаи истифодаи он амалӣ карда шавад.

Муҳимтарин фаъолияте, ки прокурор дар самти назорати прокурорӣ амалӣ мекунад, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ дарҷ гардидааст. Аз ҳамин ҷост, ки дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тартиби баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дар рафти амалӣ намудани он ошкор намудани қонунвайронкуниҳо ва тартиби бартараф намуданашон бо чораҳои эътиноии прокурорӣ пурра инъикос шудаанд.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки ваколатҳои прокурор дар ин самт бо қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии граждании ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст. Яъне, агар шахс бо сабабҳои узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ­худро ҳимоя карда натавонад, он гоҳ ба прокурор ҳуқуқ дода мешавад, ки баҳри ҳимояи судии ӯ чораҳои мурофиавиро аз ҷониби худ амалӣ намояд.

Ғайр аз ин, ба қонуни конститутсионии амалкунанда меъёрҳое ворид мешаванд, ки бевосита ба таъмини мақомоти прокуратура бо кадрҳои ихтисосноку аз ҷиҳати касбӣ ва ахлоқӣ зарурӣ равона шудаанд.

Аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан оид ба ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

 УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сиёсати мардумсолории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, зеро ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки шахсони имкониятҳои маҳдуди ­ҷисмонидошта наметавонанд ҳуқуқҳои худро пурра ҳифз намоянд ва дар баррасии судӣ далелҳоро шарҳ диҳанд. Ин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ имкон медиҳад, ки мақомоти прокуратура дар баррасии судӣ низ аз номи ҷабр­дида ба суд ариза пешниҳод намоянд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

 Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», ки муаллифони он вакилони Маҷлиси намояндагон Раҷабова Лутфия, Қодирова Мусалам ва Ахмедов Ҷалол мебошанд, ду ҳадафро фарогир аст: мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва мушаххас гардонидан ва ҷорӣ намудани баъзе муқаррароти нав вобаста ба таклифу пешниҳодҳои иброзгардида ҳангоми муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ки моҳи ноябри соли 2016 баргузор шуд.

Дар лоиҳа як қатор меъёри нав пешбинӣ гардидаанд. Чунончӣ:

1. Ба моддаи 5 қисмҳои 2 ва 3 илова шудаанд, ки мутобиқи он дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг тасдиқ карда мешавад. Объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ бошанд, тибқи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешаванд.

2. Қисми сеюми моддаи 51 қонуни амалкунанда сохтмони объект­ҳои навро дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ба истиснои объектҳое, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, манъ намудааст. Пешниҳод карда мешавад, ки минбаъд сохтмони объектҳои ба доираи истисно воридшуда бояд бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мақоми ваколатдори давлатии меъморию сохтмон анҷом дода шавад. Ин таклиф вобаста ба он мебошад, ки ҳоло ҳам камбудиҳо дар ин самт пурра бартараф нашудаанд ва ҳолатҳои бе мувофиқа кор бурдан ҷой доранд. Ҳол он ки дар назди Вазорати фарҳанг муассисаи махсусгардонида фаъолият дорад, ки корҳои таъмирию сохтмонӣ бояд танҳо аз тариқи он ба роҳ монда шавад.

3. Баъзе меъёрҳои моддаи 9-уми қонуни амалкунанда вобаста ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ мушаххас гардонида шудаанд, ки мутобиқи он мақоми ваколатдори давлатӣ Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба он воридшуда шиноснома медиҳад.

4. Номи моддаи 10 тағйир дода шуд. Дар он ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар қисмҳои алоҳида мушаххас пешбинӣ гардидаанд.

5. Матни моддаи 17-уми қонун такмил ёфта, дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст. «Расмиёти ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Номгӯйи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ» тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дахлдори байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад. Мутобиқи ин меъёр, доираи навъҳои объект­ҳои мероси таърихию фарҳангие, ки ба Номгӯйи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд, васеътар мегардад, зеро қонуни амалкунанда чунин ҳуқуқро нисбат ба навъҳои объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои арзиши таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ, эстетикӣ ва этнологию антропологӣ муқаррар кардааст. Минбаъд он мутобиқи моддаи 4-уми қонуни амалкунанда васеътар гардонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки вобаста ба ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳоло шаш мақоми байналмилалӣ фаъолият доранд. Аз ин рӯ, расмиёти ворид намудан тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат мегирад. Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки ин расмиётро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ ва ба ташкилоти дахлдори байналмилалӣ пешниҳод менамояд. Дар амал чунин ҳам буд, вале ин меъёр дар қонуни амалкунанда инъикос нагардидааст.

Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ вобаста ба ворид намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгӯйи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор омода ва хароҷоти он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пардохт мешавад.

Барои такмили лоиҳаи қонун аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 41 таклиф пешниҳод гардид, ки 25-тои он пурра ва 8-тояш қисман қабул шуд.

Ҳамчунин, пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми баррасии масъалаи мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон вобаста ба қисмҳои 8 ва 9-уми лоиҳаи қонун ба эътибор гирифта шуд.

Аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.

 ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» барои равнақи минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки меъёрҳои нави пешниҳодшуда баҳри такмили фаъолият вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ равона шудаанд. Алалхусус, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба таҳия, пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, дараҷабандии ин объектҳо ва тасдиқи он, додани шиносномаҳо мушаххас гардонида шудаанд, ки мо онро пурра дастгирӣ мекунем.

Иловаи пешбинишударо дар қисми 6-уми лоиҳа вобаста ба сохтмони объектҳои нав дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ хеле бамаврид меҳисобем, зеро камбудию баҳсҳо дар ин самт аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ҷой доранд. Муассисаи махсусгардонидаи вазорат дар асоси ин меъёр метавонад минбаъд корро зери назорати қатъӣ гирад.

Қобили дастгирист, ки ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар қисми алоҳида мушаххас пешбинӣ шудаанд, зеро як теъдоди чунин объектҳо маҳз дар ҳамин ҳудудҳо ҷой гирифтаанд.

Муқаррароти пешбинишудаи матни моддаи 17-ро низ пурра ҷонибдорем, чунки он расмиёти ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангиро ба Номгӯйи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ аниқ ва мушаххас гардонидааст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо хотима ёфтанд. Кӣ савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ба вазир ду савол дорам.

1. Вазъи мероси таърихӣ — фарҳангии Саразм дар кадом поя қарор дорад?

2. Барои кофтукоби археологӣ, ки майдони 13 гектар дар минтақаи Саразм ҷудо шудаасту ҳоло дар он мавзеъ манзилҳои истиқоматӣ ҷойгиранд, чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд?

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА: — Воқеан ҳам, қадимтарин мероси таърихию фарҳангии мо шаҳраки Саразм буда, соли 2006 барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида, соли 2015 бо қарори ин ташкилот ба ин феҳрист ворид карда шуд.

Дар шаҳраки Саразм аз соли 2005 хеле корҳо ба сомон расиданд, ки соли гузашта дар Маҷлиси намояндагон оид ба вазъи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангии он муҳокимаи парламентӣ доир гардид. Тибқи барномаи давлатии рушди соҳаи мазкур барои давраи солҳои 2012 – 2020, беш аз 64 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки як қисми он барои шаҳраки Саразм тахсис дода мешавад. Бо дарназардошти вазъи душвори иқтисодӣ – молиявии кишвар ин маблағҳо сари вақт ҷудо намешаванд. То анҷоми барнома ҳоло муҳлат ҳаст ва бовар дорам, ки чорабиниҳои ба нақшагирифта амалӣ мешаванд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид дода мешавад.

 СУЛТОНЗОДА Сулаймон Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани талаботи қонуни амалкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мебошад.

Лоиҳа дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 моддаи 10 — ро, ки ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ алоқамандӣ дорад, пешбинӣ менамояд, ки ҳадафи он ба ҳам мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, қисми 1 моддаи 24, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 26 дар таҳрири нав ифода ёфтаанд ва ба қисми 2 моддаи 32 ҷиҳати пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар мақомоти Агентӣ бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, доштани душаҳрвандӣ ё бисёршаҳрвандӣ ва нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан иловаҳо ворид шудааст.

Тағйироти ба моддаи 12, қисмҳои 2 ва 5 моддаи 24, қисми 14 моддаи 26, қисми 4 моддаи 28 пешниҳодгардида хусусияти таҳрирӣ ва мушаххасгардонии меъёрҳоро доранд. Инчунин, бо дарназардошти таҷдиди Раёсати алоҳидаи Агентӣ дар нақлиёт, аз қисми моддаи дахлдор хориҷ намудани ибораи «кормандони Раёсати Агентӣ дар нақлиётбуда аз нақлиёти роҳи оҳан» дар назар дошта шудааст.

Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайрулло Суфиев дода мешавад.

 Хайрулло СӮФИЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назо­рати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруп­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода, Тоҳир Ҷобирзода ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо тартиби ҳуқуқи ташаббу­си қонунгузорӣ ҳамчун лоиҳаҳои алоҳида аз ҷониби субъектҳои зикргардида ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид. Бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муттаҳид намудани лоиҳаи қонунҳои пешниҳодгардида, кумитаи масъул бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои марбутаро ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун муттаҳид намуд, ки он тибқи қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаи имрӯза пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади танзими тартиби қабул ва фаъолияти шаҳрвандон ҳамчун хизматчии давлатӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Вобаста ба лоиҳаи мазкур 38 таклиф пешниҳод гардида, дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шудаанд. Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 апрели соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насиба Содиқова дода мешавад.

 Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммадюсуф Имомзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ва Насиба Содиқова пешниҳод шудаанд. Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1038 аз 26 декабри соли 2016 ва № 1118 аз 13 марти соли 2017 лоиҳаҳо барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд ва бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун муттаҳид гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида аз матни қонун хориҷ намудани калимаи «(Сарқонуни)»-ро дар назар дошта, ҳамчунин хусусияти мушаххасгардониву таҳрирӣ дорад ва ба ҳам мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Инчунин, дар моддаи 5, қисми 1 моддаи 10, моддаи 322 ворид намудани иловаҳо ҷиҳати пешбинӣ намудани маҳдудият дар мансаби Ваколатдор, яъне доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, доштани шаҳрвандии давлати дигар, нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан, инчунин як қатор омилҳои дигар, ки боиси пеш аз муҳлат аз вазифа озод шудан мегарданд, пешбинӣ гардидаанд.

Кумитаи масъул 28 апрели соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва 8 таклиф пешниҳод карданд, ки шаштои он пурра ва ё қисман қабул шуд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷониб­дорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъала «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлуда Қаландарзода, Равшан Раҷабов, Ҳокимҷон Холиқов ва Насиба Содиқова пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2017, №1077 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Он бо мақсади мутобиқ намудани талаботи қонуни амалкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Инчунин, меъёрҳои алоҳидаи лоиҳа хусусияти таҳририву имлоӣ доранд.

Оид ба лоиҳаи қонуни мазкур хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби кумитаи масъул, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, таклифу пешниҳодҳои воридгардида ба инобат гирифта, он такмил дода шуд. Ҳамчунин, дар лоиҳа ба 5 қисми моддаи 1-уми қонуни амалкунанда ворид намудани зиёда аз 15 тағйиру илова пешбинӣ шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, танзимкунанда ва мутобиқкунанда доранд.

Тағйиру иловаҳои моддаҳои 1, 11 ва 13-уми қонун, ки қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкурро дар бар мегиранд, бо назардошти мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани мухолифати меъёри дохилии моддаҳои дар боло зикргардида ва мутобиқ намудани мазмуни матни модда бо номи модда пешниҳод гардидааст. Тағйиру иловаҳои қисмҳои 4 ва 5-уми лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 3 моддаҳои 14 ва 15-уми қонуни амалкунанда, ки пеш аз муҳлат аз вазифа озод кардани раис, муовини раиси Палатаи ҳисоб ва сараудиторони Палатаи ҳисобро танзим менамояд, чор сархати нав: расидан ба синни нафақа, нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан, машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст, риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо илова шудааст, ки масъулияти хизматиро баланд менамояд. Илова бар ин, ҳашт сархати моддаҳои 14 ва 15 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки барои такмил додани меъёрҳои қонуни амалкунанда равона шудааст.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз 48 таклифу дархости воридшуда 30-тоаш қабул гардид.

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки 1 майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу эрод доир ба лоиҳаи қонун пешниҳод гардид, ки дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ ва қисмҳои 4 ва 5-уми лоиҳа такмил дода шуданд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъ­ала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлуда Қаландарзода ва Тоҳир Ҷобирзода ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, боиси дастгирӣ мебошад.

Коррупсия яке аз проблемаҳои ҷомеаи имрӯза аст. Аз ин рӯ, вазифаи стратегии ҳар як давлат паст кардани сатҳи коррупсия ва пешгирӣ кардани ҷараёни паҳншавии он дар ҷомеа мебошад. Бо мавҷудияти коррупсия як қатор зуҳуроти иҷтимоии манфӣ афзоиш ёфта, дар натиҷа зарари ҷиддӣ мерасад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсия самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» моҳи июли соли 1999 яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина тадбирҳои тақвиятбахшӣ ва самаровар дар самти таъмини шаффофияти раванди идоракунии маблағу воситаҳои давлатӣ ва ошкору пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои коррупсионӣ идома доранд. Ҳамчунин, таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, қабули стратегияҳои миллии муқовимат бо коррупсия, мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва шомилшавӣ ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз тадбирҳои дигари муҳиму саривақтие буда, шароит фароҳам оварданд, ки афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо  ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаи байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло бардошта шавад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Муҳаммадюсуф Имомзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шарофиддинова бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, интизоми давлативу хизматӣ дар радифи татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016, мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба моддаҳои 8, 15, 32, 34 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ ба хизмати давлатӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро гузаштааст. Ҳангоми баррасӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он 35 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 28 таклиф пурра ва 3 таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур такмил ёфт.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

 Усмонзода Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз ҷумлаи талаботи рукнҳои миллӣ ва фарҳангии давлатдорӣ мебошад. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани масъулияти шахсоне аст, ки ба корҳои роҳбарикунанда ба хизмати давлатӣ ҷалб мешаванд. Зеро ҳар шахс, вақте ки дар ҳузури намояндагони давлат ва дигар шохаҳои Ҳукумат даст дар болои Конститутсия мегузорад ва мебинад, ки дар паҳлуяш Парчами давлатӣ истодааст, масъулияти бештарро ҳис мекунад.

Қасам хӯрдан дар фарҳанги миллӣ, эътимоди динӣ ва ахлоқии мардуми мо мебошад. Он масъулияти имонӣ ва виҷдонии инсонро қавӣ мегардонад, зеро вақте ки Президенти кишвар пеш аз шурӯъ ба вазифа дар назди мардум савганд ёд мекунад, хизматчии давлатӣ низ бояд пайрави Пешвои миллат бошад.

Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонун овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ