Рӯзҳои сахту сангин пушти сар хоҳанд шуд, агар…

№58 (4164) 14.05.2020

Муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллат ва пешрафти давлати миллӣ бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардумро дар роҳи пешгирии ҳама гуна мушкилӣ ғайрату неру ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Дар таърихи гузашта низ миллати сарбаланду таҳаммулпазири тоҷик дар роҳи душвори зиндагӣ ҳангоми сар задани шароити вазнин дасти ҳамдигарро мегирифтанд, дӯсту тифоқ буданд ва баҳри барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ якҷоя кӯшишу ғайрат менамуданд. Нишонаи аслии урфу одат, қабл аз ҳама, одоби аҷдодӣ, дастгирии ҳамдигар, амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек мебошанд.

Бемории коронавирус ва дар ҷаҳон босуръат паҳн шудани он барои инсоният, аз ҷумла, миллати сарбаланди тоҷик, санҷиши нахустини сарнавишт нест. Агар гузаштаи на чандон дурро ба хотир орем, дар минтақаи Осиёи Марказӣ бемориҳои сироятӣ тез-тез хурӯҷ намуда, бар асари онҳо ҳазорон нафар ҷон аз даст медоданд.

Хирадмандон зиндагиро «маҷмӯаи бешу кам» номидаанд ва он аз ҳодисаву ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ғайриинтизор пур аст. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз касе ба гӯшаи хотир оварда наметавонист, ки мардуми сайёра ба чунин хатар рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳар як рӯйдоди ҳаёт барои инсон панду андарз аст. Бояд аз рӯи онҳо натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ намуда, роҳу шеваи дурустро интихоб кунем. Рӯзҳои сиёҳу сахти умри гузарон бояд аҳли ҷомеаро боз ҳам тифоқу аҳлтар созанд, ғамхорию дастгирӣ ва меҳрубонии инсонҳоро нисбат ба якдигар бештар намоянд.

Мардуми сайёра дар интиҳои соли 2019 аз пайдоиш ва паҳншавии бемориии коронавирус дар музофоти Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин огоҳӣ пайдо намуд ва дар кишвари мо вобаста ба пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии он андешидани чораҳои амалӣ аз ҳамон вақт оғоз ёфт ва то ҳол бомаром идома дорад.

Дар асоси дастуру супориш ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу ғайрат, пеш аз ҳама, ба он нигаронида шуд, ки вирус ворид нагардад. Аҳли ҷомеа шоҳид ҳастанд, ки дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрванд аз давлатҳои хориҷа ба Ватан баргашта, ба карантин фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, гузаргоҳҳо маҳкам карда шуданд.

Ҳоло дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои зиёди умедбахш ба чоп расида истодаанд ва онҳо аз одоби бародарӣ, тифоқию ҳамдастӣ, дӯс­тию муттаҳидии миллат шаҳодат медиҳанд. Бешубҳа, ҳамаи он натиҷаи таълиму тарбияи инсонпарваронаи аҷдоди бузургамон ва сиёсати мардумсолоронаи Пешвои миллат буда, ҳар як шахсро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем.

Мутаассифона, дар ин айёми душвору сангин, қатори мардуми хайрхоҳу босабру таҳаммули тоҷик, ашхоси бадхоҳ ва бадбин бо афкору ақидаи фитнаангез оромию осудагии мардумро халалдор намуда, барои расидан ба мақсадҳои нопок аз фурсат истифода бурда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардурӯғ ангехта истодаанд. Бархе аз сиёсатбозон ва ба ном мухолифони давлат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе аз расонаҳои хабарии хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки суботу оромии мардуми кишварро халалдор намоянд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус як гурӯҳ корбарони шабакаҳои иҷтимоии дурӯяи фурӯхташуда ва душманони миллат бадбахтии ба сари аҳолии ҷаҳономадаро дидаю дониста барои ба таҳлука андохтани халқ, паҳн намудани овозаҳои беасосу бепоя, дурӯғ ва сиёҳ намудани давлату Ҳукумати кишвар истифода бурда истодаанд. Ин тоифа иқдому ташаббусҳо, корбариҳои назарраси баанҷомрасида ва ҳамдилию ҳамовозии мардумро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд.

Чанд муддат вирди забони бадгӯёну бадхоҳон ҳамин буд, ки гӯё роҳбарияти кишвар ва дар умум мақомоти расмӣ, ҳодисаи гирифторшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемории коронавирусро пинҳон медоранд. Онҳо ҳатто барои тобиши дигар додан ба ҳодисаи марги чанд нафар бисёр кӯшиш ҳам намуданд, то давлат ва Ҳукуматро сиёҳу бадном намоянд.

Аҳли ҷомеа, чи хурду чи калон, бояд хуб дарк намоянд: аз пинҳон намудани пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус, ба Давлату Ҳукумат манфиат нест. Баръакс, пинҳон доштан ва бепарвоӣ зиёновар аст. Он ки дер гоҳ дар Ватан ҳодисаи гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашуд, ҳақиқатро пинҳон намудани мақомоти расмӣ не, балки самараи неки чораву тадбирҳои андешидашудаи саривақтӣ мебошад.

Ҳоло дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолиятро густурда ба роҳ мондааст. Ҳар маҳдудияте, ки муваққатан ҷорӣ мегардад, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва ҳифзи саломатии аҳолист.

Аз тариқи расонаҳои ахбори оммае, ки воқеиятро холисона инъикос менамоянд, аз омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, дар умум, хоҷагии халқ, захираи доруворию таҷҳизоти тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра воқиф шуда истодаем. Ба бозору фурӯшгоҳҳо маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ворид гардида, нархҳо ҳам ба танзим даромада истодаанд ва барои хавотирию нигаронӣ баҳонаю сабаб нест.

Дар чунин вазъияти ҳассос зарур аст, ки аз хатар ва таҳдидҳо наҳаросида, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои таъмини сиҳатии мардум пайдо  намоем. Таърихи тамаддунофари тоҷикон собит месозад ва шароити вазнину номусоиди ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки танҳо ба он халқу миллатҳо роҳи баромадан аз мушкилӣ ва шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам меояд, ки қудрати бебаҳои табдил додани бадиро ба некӣ  доранд.

Бартарии бузурги мо – тоҷикистониён дар баробари баъзе аз давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз сарҷамъии мардуми сулҳпарвару тифоқ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, моҳият ва арзиши ягонагию сарҷамъии мардум ҳамчун сабақи ибратомӯз барои ҳама ниҳоят муҳим мебошад. Чунки дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ҳамдастӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ барои мардум омили асосии сиҳатии ҷомеа, кафили боэътимоди амнияти давлат ва шарти асосии пешрафту ободии кишвар аст.

Бемории коронавирус барои сокинони кишвар ҳам як навъ санҷиш ва имтиҳони зиндагист. Чуноне муҳтарам Президенти кишвар дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, борҳо аз чунин санҷишу имтиҳон гузаштаем ва ин дафъа низ сарбаландона хоҳем гузашт. Айни замон аз ҳама сабру таҳаммул ва тоқату истодагарӣ тақозо мешавад.

Барои ноил шудан ба пирӯзии комил дар мубориза бо вабои аср ва таъмини рӯзгори босаодати мардуми кишвар ҳама — ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст, аз хурд то бузург вазифадорем, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошем. Хушбахтона, бо ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқ, ҳамчунин муҳоҷирони бо нангу номусу саховатпешаи тоҷик, майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бонангу номуси кишвар, саломатӣ ва оромии мардум дар кишвар ва берун аз он ҳар чӣ зудтар барқарор гардида истодааст.

Бигзор, дар Тоҷикистони азиз то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ ҳукмфармо бошад!

Гулбаҳор НАЗИРӢ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ