Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Рӯзи кормандони мақомоти адлия муайян карда шуд

№158 (4420) 31.12.2021

DSC_8701Бисту нуҳуми декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, директори Агентии назорати маводи нашъа­овари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа шаш масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»

6. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, ­басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷумъа ДАВЛАТОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими якхела ва ба талаботи санадҳои нави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эъломиякунонии хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мувофиқат ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 7 августи соли 2020 таҳти №1714 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешниҳод карда шудааст. Тибқи он, ба қисми сеюми моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, минбаъд матни қонун дар таҳрири зерин ифода мегардад: «Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амалӣ карда мешавад».

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо дарназардошти асосҳои пешниҳодгардида, лоиҳаи қонуни конс­титутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зайнудин Сафарзода дода мешавад. Марҳамат.

 Зайнудин САФАРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Он 12 майи соли 2001 таҳти №28 дар таҳрири нав қабул гардида, аз 7 боб ва 38 модда иборат мебошад. Ба қонуни конститутсионии мазкур панҷ маротиба, аз ҷумла, ду маротиба ба қисми сеюми моддаи 11 (солҳои 2009 ва 2017) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Лоиҳаи қонун бо дарназардошти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андоз таҳия гардидааст. Мувофиқи он, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андоз ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021 таҳти №952 барои баррасӣ ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ супорида шуд. Он дар асоси таклифҳои пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил ёфта, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба боби панҷуми Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

 Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани коркарди хокаи маъдан Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таҳия ва 12 ноябри соли 2021 ба имзо расонида шуд.

Зимни татбиқи лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷии ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалбшаванда беш аз 1,3 млрд. сомонӣ (117 млн. доллари ИМА)-ро ташкил дода, барои аҳолии маҳаллӣ беш аз 100 ҷойи кории нав муҳайё карда мешавад.

Тибқи созишнома, маҷмӯан дар корхонаи бунёдшаванда дар се соли аввали татбиқ, ки марҳилаи сохт­монро дар бар мегирад, таносуби кормандон 80 фоиз маҳаллӣ ва 20 фоиз хориҷиро ташкил дода, пас аз ин 90 фоиз кормандони маҳаллӣ ва 10 фоиз кормандони хориҷӣ таъмин карда мешавад.

Дар ҳолати татбиқи муваффақонаи лоиҳа ҳаҷми андозҳои пардохт­шаванда аз ҷониби ширкат, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, солона беш аз 40 млн. долларро ташкил медиҳад.

Иқтидори корхонаи бунёдшаванда коркарди 165 ҳазор тонна хокаи маъдан дар як солро дар бар гирифта, барои дар оянда коркард намудани хокаи маъдан аз дигар корхонаҳои дар ҷумҳурӣ дар ин самт фаъолияткунанда низ шароит фароҳам оварда мешавад.

Аз ҷониби сармоягузор пурра риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист, тибқи созишнома, танзими ҳуқуқӣ ёфтааст. Муҳлати амали созишнома аз санаи эътибор пайдо кардани он 10 солро ташкил медиҳад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

 Фозил ОБИДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бун­ёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи созишнома, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар асоси иҷозатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор» ва «Ҷилав»-ро таъмин намуда, дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва ­мисро дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сохта, ба истифода медиҳад.

Ҷамъият, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои ҳуқуқҳои зарурӣ барои коркарди конҳои «Тарор» ва «Ҷилав», аз ҷумла, иҷозатномаҳои амалкунанда барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии қитъаҳои замин, геологӣ ва кӯҳкорӣ мебошад.

Татбиқи лоиҳа барои амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ва ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи нав, бунёди инфрасохтори замонавӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, воридгардии маблағҳои иловагӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.

 Парвиз ШОДИЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тасдиқ гардидани созишномаи зикршуда қадами навбатӣ баҳри расидан ба ҳадафи чоруми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» маҳз ба хотири бунёди бештари корхонаҳои саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои саноатии мавҷуда ва ба ин васила, ҳар чӣ бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бо музди меҳнати арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳар чӣ зудтар аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани Тоҷикис­тон мебошад.

Корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки дар асоси супориши бевоситаи Пешвои миллат бунёд мегардад, беш аз 100 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намуда, барои ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Дар созишнома ҷиҳати ба муҳити зист ва амнияти экологӣ таъсир нарасонидани корхонаи металлургӣ низ таъкид гардидааст.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад. Марҳамат.

 Файзулло БАРОТЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Пешрафти соҳаи саноат дар таъмини рушди устувори иқтисодии ҳар кишвар ҷойгоҳи арзанда дорад. Аз ин мавқеъ, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст, иқдоми фараҳбахш арзёбӣ гардида, аз чанд ҷиҳат муҳим мебошад:

Якум, бунёди Корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис ҳамчун воҳиди сохтории саноатӣ метавонад ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Паёми ба тозагӣ ироашудаи Пешвои миллат ба сифати намунаи беҳтарини ҳалқаи ҳамкории илм, техноло­гияҳои нав ва истеҳсолот муаррифӣ гардад.

Дуюм, ноил шудан ба натиҷаҳои ниҳоии ин созишнома барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, бунёди ҷойҳои кории дорои тахассуси баланд ва эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи маъданҳои хусусияти стратегидошта такони ҷиддӣ ворид менамояд.

Сеюм, аз нигоҳи сиёсати сармоягузорӣ низ созишнома бахши ояндадор будани соҳаи иктишоф, коркард ва истеҳсоли саноати маъданҳои кӯҳиро тақвият мебахшад ва ҳамчун «неруи нарми истеҳсолӣ» ҷалби таваҷҷуҳи сармояи мустақими хориҷиро осонтар мегардонад.

Пӯшида нест, ки бунёди ҳар гуна корхонаи металлургӣ ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин ҷиҳат, ҳамчун тавсияи хоҳишмандӣ баён карданӣ ҳастам, ки аз оғози тарҳрезӣ, сохтмон, насб ва ба истифода супоридани иншооти лоиҳа ба масъалаи гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ дар маҳфузгоҳҳои тибқи таҷрибаи байналмилалӣ бунёдшуда тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар асоси матлабҳои баёншуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳишмандам, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба коркарди маҷмӯии конҳои «Тарор», «Ҷилав» ва бунёди корхонаи металлургӣ барои барориши маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

 Музаффар АШУРИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани рӯзи кормандони мақомоти адлия ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — ро таҳия намуд.

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархатҳои нав илова гардида, тибқи онҳо 20 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл — Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян карда мешавад.

Алҳол дар асоси қонуни мазкур рӯзи кормандони мақомоти адлия якшанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Аммо санаи мазкур ба ягон санад ё рӯйдоди таърихӣ рабт надорад ва дақиқ намудани он ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 апрели соли 2021 қабул гардида, он дар таърихи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳиб­истиқлол аввалин санади қонунгузорие мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин, тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро муайян менамояд. Бинобар ин, салоҳ дониста шуд, ки иди кормандони мақомоти адлия ҳар сол маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 20 апрел пешбинӣ ва ҷашн гирифта шавад.

Гарчанде низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад ҳам, он дорои уҳдадорӣ ва ваколатҳое мебошад, ки танҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ шудааст.

Дар самти таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар дар реҷаи махсуси хизмат фаъолият менамояд.

Дар ҷараёни такмили мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 таҳти №855 «Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун заминаи асосӣ дар рушди такомул ва ислоҳоти соҳа нақши муҳим дорад. Бинобар ин, давраи таҷдиди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятиро маҳз аз ҳамон лаҳза ҳисобидан амри воқеӣ мебошад.

Лоиҳаи мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.

 Сарвиноз МАҶИДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 декабри соли 2021 таҳти №954 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гузаштааст. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст. Мақсад аз таҳияи он иҷрои талаботи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2030», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, мебошад.

Дар ин замина, ба қисми 2 моддаи 97 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, ба сардорони шуъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳуқуқи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи Агентӣ дода мешавад.

Айни замон, тибқи моддаи 97 кодекси зикршуда, барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи Агентӣ танҳо директори Агентӣ, муовинони ӯ ва роҳбарони сохторҳои он дар ВМКБ ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд. Вале сардорони шуъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ, ки тайи солҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд, ҳуқуқи баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ надошта, ҳангоми ошкор кардани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба маводи нашъаовар (моддаҳои 127 ва 128 КҲМ) ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Масалан, кормандони шуъбаи ноҳияи Мурғоби Раёсати Агентӣ дар ВМКБ барои баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ маводҳоро ба шаҳри Хоруғ (дар масофаи тахминан 310 км ҷойгир мебошанд) ва кормандони шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар ноҳияи Лахш (дар масофаи тахминан 290 км ҷойгир мебошанд) маводҳоро ба шаҳри Душанбе мефиристанд, ки барои сари вақт қабул гардидани қарорҳои мурофиавӣ монеа эҷод мегардад. Зеро муҳлати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҳдуд буда, расмиёти айни замон амалкунанда метавонад ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд намояд.

Ҳангоми ба сардорони шуъбаҳои ҳудудии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо додани ҳуқуқи баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ дар ин самт беҳтар гардида, ба зиёд ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба маводи нашъаовар мусоидат намуда, масъулияти сардорони онҳоро баланд менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

 Мансур УСМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади иҷрои талаботи банди 20 «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва ҷиҳати марҳила ба марҳила гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳангоми заруриат пешниҳод намудани таклифҳои мушаххас оид ба такмили қонунгузории соҳаро пешбинӣ менамояд.

Он масъалаи мушаххасгардонӣ ва додани ваколат ба воҳидҳои сохтории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо, ҷиҳати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазоро ба танзим медарорад.

Агентӣ дар доираи ваколатҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 127 ва 128 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ намуда, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба шумор меравад. Салоҳияти Агентӣ якҷоя бо воҳидҳои сохториаш, тибқи моддаи 97-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар ин ҷода баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазо дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи ­нашъаовар роҳандозӣ карда мешавад.

Қисми 2 моддаи 97 дар таҳрири нав ифода мегардад, ки тибқи он, «Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, сардорони шуъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд».

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 3 пешниҳод манзур карданд, ки онҳо қобили қабул дониста шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 17, 38, 40 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тақсими дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ гарави фаъолияти самаранок ва натиҷабахши мақомотҳои давлатӣ ва сохторҳои онҳо мебошад. Дар мувофиқа бо принсипи мазкур, шунидани ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Ба ҳолати имрӯза ҳамаи он маблағҳое, ки дар сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли равон пешбинӣ гардида буданд, аз худ карда шудаанд. Дар соли ҷамъбастӣ аз тарафи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он истифода намудани маблағҳои ҷудошуда хуб ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2021 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумита оид ба иқтисод ва молия 24 декабри соли равон баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2021 ба маълумот гирифта шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қабули сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли навбатӣ, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон, салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Имрӯз мавриди баррасии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2022, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот дар сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон барои соли 2022 пешниҳод карда шудаанд, қарор гирифтаанд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барон соли 2022», барои Маҷлиси намояндагон ва сохтори он 21 155 200 (бисту як миллиону яксаду панҷоҳу панҷ ҳазору дусад) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 118 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат ба маблағи 717 000 сомонӣ ва басти вазифаҳои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ 162 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат дар ҳаҷми 124 000 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Аз ин рӯ, лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2022 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор ва Кумита оид ба иқтисод ва молия 24 декабри соли 2021 баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шуданд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қабули сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2022, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагонро, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд, ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС:Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

 Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ