Рӯзи Президент ҷашни ҳар як шаҳрванди худшинос аст

№141 (4247) 19.11.2020

36760741234_6acbe2cff3_oВақт, ҳамчун довари бузургу беназир, ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро ба ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд.

Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абармарди ҷаҳони сиёсат – Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар лаҳзаҳои ҳассос ва душвори таърихӣ миллату давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳад.

Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостем ба ифтихори солгарди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар ду бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, фикру мулоҳиза иброз дорем.

Тавре маълум аст, 15-уми апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки минбаъд дар асоси он ҳар сол 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.

Воқеан ҳам, дар шароити муосир ва зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳар як қавму миллат ба зуҳури шахсияти сиёсии худфидо дар роҳи Ватан, беш аз пеш, ниёз дорад. Зеро таърихи аксар кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ зарурати бебаҳси марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тақдири минбаъдаи давлат ва миллатҳоро муайян мекунад.

Хушбахтона, ин ҳолатро таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон дар шахсияти Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд. Маҳз ӯ қодир гардид, ки халқро ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ карда, дар қалби онҳо шуълаи умедро фурӯзон нигоҳ дорад.

Яъне, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, чун бузургону пешвоёни дигар давлату миллатҳо, рӯзи нахустини ба арсаи раҳбарӣ по ниҳодан ба мардуми тоҷик, раҳбару раҳнамо ва ворису пешво гардида, ташаб­бусҳои башардӯстонаашон аз ҷониби аҳли сайёра дастгирӣ ёфтааст.

Дар ин замина, ёдовар шудан бамаврид аст, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз баргузор шуда, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Яке аз дигаргуниҳои ҷиддие, ки дар ҳамон давра ба амал омад, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни иҷлосия қабул карда шуд. Ҳамчунин, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тони соҳибистиқлол, ки соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идораи Тоҷикистон ба низоми президентӣ табдил ёфта, сипас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб гардид.

Баъди баргузории ин рӯйдодҳои таърихӣ миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии шахсияти сарсупурдаи миллат арсаҳои давлатдориро рушд дода, пояҳои онро таҳким бахшад.

Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мардуми кишвар ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Хоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмон ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардид ва ба расмият шинохта шуд. Хушбахтона, ҳоло ташаббусҳои байналмилалии созандаи кишвар дар масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо мекунанд, ки боис ба ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо қабули қарорҳои таърихии барои миллату давлат муҳим рӯйдоди сарнавиштсоз ва раҳнамунсоз гардид. Барқарор кардани пояҳои сохти конститутсионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба қабули 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ замина гузошт, ки рушди ҷомеа ва низоми азбайнрафтаи онро муайян сохта, роҳи қонунии ҳалли онҳоро мушаххас кард.

Тавре маълум аст, кишвар то соли 1997 пойбанди моҷарои дохилӣ буд. Вазифаи асосии Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардонидани фирориён ба шумор мерафт. Бо мақсади иҷро ва татбиқ намудани он ҳадафҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои ­фидоии миллати тоҷик намунаи аз худ гузаш­танро нишон дода, ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам овард ва ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омада, барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат дар Иҷлосияи тақдирсоз, дар маҷмӯъ, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва изҳорот қабул шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозиданд.

Вале дар он асно хидматҳои қиёснопазире, ки дар заминаи набуди камтарин имкониятҳои молӣ барои таъсису ҳастии миллати мустақилу воҳид, аз ҷониби Пешвояш рӯйи даст гирифта шуд, баҳояшро таърихи садсолаи охири башар, қариб ки ёд надораду ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре ҳам накардааст.

Мусалламан, ҳақ бар ҷониби вакилони парлумони кишвар аст, ки ҳанӯз зимни қабули санаи зикршуда иброз дошта буданд: «Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст».

Аслан, тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихороти ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикис­тони навин аст.

Ҳарчанд дар кишвар ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ бо рамзу намод, анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёданд ва сокинони мамлакат онҳоро ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд, аммо миёни он ҳама Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон байни мардуми шарифи кишвар нақш ва мақоми хоса дорад. Зеро таҷлили шукӯҳманди ин санаи арзишманд моро водор месозад, ки самимияту эҳтироми хоса ва арҷгузориҳоро дар Рӯзи Президент ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкору ифшо намоем.

Дар маҷмӯъ, метавон РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИС­ТОНРО ҷашни бузурги умумимиллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ, бузургдошти Ватану миллат ва Президент унвон кард ва Пешвои миллатро ШАХСИЯТИ БОРИЗИ СИЁСӢ ВА ЛИДЕРИ УМУМИМИЛЛИЕ хонд, ки ҷавҳар ва кишвару минбараш боис ба дарси ибрати ҳар як шаҳрванди бедордилу соҳибватан ва дигар сокинони сайёра мебошад.

Моҳияти бузурги рӯзҳои сарнавиштсоз ва хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон водор месозад, ки даст ба дасти ҳамдигар гирифта, дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз бештар аз ҳарвақта талош варзида, барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм гузорем.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот,

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон