Рӯзи Президент — рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи миллат

№140 (4246) 16.11.2020

DSC_173516-уми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиш баргузор гардид.

Зимни он Маҳмадтоир Зокирзода вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро бо рӯзи таърихиву фаромӯшнопазир муборакбод намуда, таъкид намуд, ки ҳар як  қавму миллат ба ҳузури шахсияти сиёсӣ ва худфидо дар роҳи Ватан, беш аз пеш, ниёз дорад. Хушбахтона, ин ҳолро таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон дар симо ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд. Зеро маҳз бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат субҳи умед дамидаву зиндагии шоистаи дорои арзиши олӣ баҳри мардум эҳдо карда шуд.

- Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи кишвар беандоза бузург аст. Ҳамин аст, ки хурду бузурги кишвар Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат пешвоз гирифта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба иқдомҳои неки Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Ӯ, инчунин, зикр намуд, ки тибқи назари коршиносу сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ ҷашни қадрдонию сипос ба он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти мамлакат ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

- Дар маҷмӯъ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи  муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода аснои суханронӣ таҳти унвони «Рӯзи Президент — ҷашни миллии тоҷикон» иброз намуд, ки дар дунё ду шакли интихоботи Президент маълум аст. Яке интихоботи бевосита, ки дар он шаҳрвандон бевосита Президентро интихоб мекунанд ва дигаре интихоби бавосита, ки дар он Президент тавассути намояндагон интихоб мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки шакли интихоботи бевосита барои идоракунии давлат бартарӣ дорад, зеро Президент ваколатро бевосита аз халқ мегирад ва дигар қувваҳои сиёсӣ наметавонанд ба фаъолияти вай дахолат кунанд.

Бартарияти шакли идораи президентӣ боз дар он аст, ки президенти аз тарафи халқ интихобшуда ҳамчун пешво, амалкунандаи орзую ормонҳои халқ ва нишони ягонагии миллат баромад мекунад. Ин шакли идоракунӣ ба як шахс салоҳият медиҳад, ки дар лаҳзаҳои душвор бо истифодаи ваколат давлатро аз гирдобҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ берун орад. Таҷрибаи таърихии начандон дур нишон медиҳад, ки дар мушкилтарин давраҳои рушди давлатҳо нақши Президент дар пешрафти давлат ҳалкунанда мегардад. Дар мушкилтарин давраи солҳои аввали истиқлолият дар мамлакат маҳз кордонию ҷасорат, таҳаммулпазирию пуртоқатӣ ва дигар сифатҳои шахсии Президенти ҷумҳурӣ боис ба пойдорию рушди давлати ҷавони соҳибистиқлоламон гардид.

DSC_1754- Мақоми махсуси Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, онро бо санади меъёрии ҳуқуқии дигар маҳдуд кардан мумкин нест. Президент доираи васеи вазифаю салоҳиятро доро буда, дар низоми мақомоти давлатӣ ҷои махсусро ишғол карда, расман ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) шомил намебошад ва ба онҳо ҳисоботдиҳанда нест. Аммо кафили фаъолияти бомароми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, — гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода.

Мутобиқи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Инчунин, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

- Ба бахти мардуми Тоҷикистон дар давраи бисёр мушкилу сарнавиштсози миллат моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии давлат ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки ҷасурона масъулияти раҳо намудани давлатро аз буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зимма гирифт, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини ваҳдату ягонагиро ваъда дод, барқарор намудани сохти конститутсиониро вазифаи муқаддас эълон намуд, вогузор гардид. Маҳз таҳти роҳбарии ин абармарди таърихӣ ҷумҳурӣ аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ ёфта, давлат эҳё гардид. Тайи он солҳо Тоҷикистон тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ барояд, истиқлолияти энергетикиро ба даст орад, амнияти озуқавориро таъмин намояд ва ҳоло дар самти саноатикунонии босуръат корро бомаром идома дода истодааст. Дастовардҳои иқтисодию сиёсии тайи се даҳсолаи охир бадастовардаи кишвар ба номи ин шахсияти таърихӣ вобастагии ногусастанӣ дорад, — гуфт М. Ватанзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол» сухан гуфта, аз ҷумла, зикр намуд, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти бобаракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Ба навиштаи бархе аз таърихнигорони дохилу хориҷи кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, ­бозёфти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

- Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни мардумдошта қудрат доранд, ки халқро сарҷамъ ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷиб на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони миллатро хомӯш карданд ва равандҳои марказгурезиву минтақагароиро барҳам заданд, балки давлати дар варта қарордоштаро наҷот бахшиданд, — гуфт Саидмурод Фаттоҳзода.

Ӯ таъкид намуд, ки муваффақият, дастовард ва маҳбубияту бурди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ҷумҳуриро аз нав сохтанд.

Нахуст мардуми фирориро баргардониданд, бо мухолифон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро ба имзо расониданд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшиданд. Яъне, тақдири Президент ва мамлакат ба ҳам тавъам омад. Ин ду мафҳум як маъниро гирифтанд. Барои ҳамин ҳам таҳлилгарон иқдомҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Авраам Линколн,  Шарл де Гол, Камол Отатурк ва дигар пешвоёни халқу миллатҳои ҷаҳон монанд мекунанд.

- Президенти Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, барои халқ ва миллат хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти энергетикӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ-дунявӣ ва ягона шурӯъ гардидааст, — изҳор дошт Саид­мурод Фаттоҳзода.

Дар хотима Маҳмадтоир Зокирзода бори дигар ёдовар шуд, ки маҳз дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони навин дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, ­зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор ­дастовардҳои назарраси ин марҳила мебошанд.

Инчунин, сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхона, варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро ҳоло чун оина дар пешорӯ мебинем.

- Хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, тавсия ва ҳидоятҳои ин абармарди нотакрор ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хизмат хоҳад кард, — гуфт дар охир Маҳмадтоир Зокирзода.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ