Рӯзи Ваҳдати миллӣ — рӯзи эҳёи миллат

№75 (4181) 25.06.2020

unnamed (1)27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдории миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёдамон яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз — рӯзи баҳамоиву оштӣ ва сарҷамъию иттиҳод бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва пиру барнои мамлакат ҳар  сол  фарорасии онро бо шукронаву ифтихор ва шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Дар ин рӯзи фархундаву муборак, ки ҳоло бо номи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёд мешавад, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли равон Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар марҳилаи омодагиҳо ба ҷашни мубораки 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рӯзи бунёдкорию созандагӣ фаро мерасад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳои бар асари паҳншавии бемории COVID — 19 бамиёномада, сокинони кишварро рӯҳияи баланди идона фаро гирифтааст ва онҳо рӯз то рӯз бо ривоҷ додани корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздик мешаванд.

МАНСУРӢ ДИЛРАБО (2)Соли равон аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 23 сол сипарӣ мегардад, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Вале дар ҳамин фурсати кӯтоҳ миллати тоҷик ва дар умум, сокинони мамлакат дар самти бунёдкорию созандагӣ роҳи ба садсолаҳо баробарро сарбаландона тай намуданд ва ин ҳама, бешубҳа, ба шарофати сулҳу ваҳдат ва суботи комили сиёсӣ ба миён омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «Ҳар кас ниҳоле сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини дарахти сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Албатта, дар ин гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мурод аз дарахти боровар ва меваи ширини он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш мебошад, ки дар ивази қурбонии зиёд ба даст омад.

Ҳар гоҳ сухан дар бораи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон равад, пеш аз ҳама, симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки ин бесабаб нест. Зеро ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз ҳамин шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик ҳастанд.

Тавре маълум аст, дар қиёс ба дигар миллату халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои тоҷикону тоҷикистониён ҳифзи истиқлолияту озодӣ хеле гарон афтод. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар душманону бадхоҳон пайдо шуданд, ки истиқлолияту озодӣ, пешрафту шукуфоии Тоҷикистонро дидан нахостанд. Онҳо корро аз шиорпартоиву майдоннишинӣ оғоз намуда, баъдан ба даъвати рӯирости сарнагун намудани давлати тозаистиқлол ва аз байн бурдани сохти конститутсионӣ гузаштанд. Зуҳуроти аз ҳама номатлуб дар он давра ба хоинону ватанфурӯшон пайвастани гурӯҳе аз зиёиёну равшанфикрони гумроҳшуда ва мавқеи бетарафиро ихтиёр намудани ашхоси дар ҷомеа обрӯю нуфуздошта буд. Хулоса, бар сари миллат, ки таърихан ва азалан сулҳдӯсту инсонпарвар, маданиву соҳибмаърифат аст, ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардид. Ҳақиқати ҳол он аст ва асоснок ҳам шудааст, ки нақшаи ҷанги дохилӣ дар хориҷа тарҳрезӣ гардид, вале дар амалӣ шуданаш «дӯстон»-и дуру наздик, ҳамзабону ҳамхун низ саҳм гузоштаанд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои мардуми заҳматқарини кишвар ҳоло аз харобаҳои он замон осоре намондааст, вале захмҳои ҷанг дар дилҳо пурра шифо наёфтаанд. Ин, албатта, як навъ ҳушдорест, ки дар олам неъмате беҳтар аз сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлол нест. Бояд ба қадрашон расему ҷиҳати таҳкимашон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар 5 — уми майи соли 1992 оғоз гардида, то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. Бар асари он беш аз 150 ҳазор нафар ҷон аз даст дода, ҳазорон оила саробон гум карданд. Шумораи фарзандони бепадару модармонда, занони шавҳаргумкарда, волидони ҷигарбанд аздастдода низ ҳазорон нафарро ташкил медиҳанд. Бадбахтии бузург муҳоҷирати иҷбории бештар аз як миллион нафар мардуми осоиштаи ба гирдоби ҷанг афтода буд. Зарари ба иқтисодиёти мамлакатрасида ба беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Агар ба як ҷумла ифода намоем, ба Ватани соҳибистиқлоламон хатари ҳамчун давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид гардидан ва ба миллати тамаддунофарамон хавфи пора – пора шудану аз байн рафтан таҳдид мекард.

Хушбахтона, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, вакилони мардумӣ якдилона муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда, рисолати бузургро дар назди таърих иҷро карданд ва гузашти солҳо дурустиву саривақтии онро нишон дод.

Раиси тозаинтихоб муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, аз минбари баланди иҷлосия ваъда доданд, ки ба қимати ҷон бошад ҳам, сулҳу суботро барқарор менамоянду гурезагони иҷбориро ба Ватан бармегардонанд. Ва бар аҳд содиқ монданд. Маҳз бо талошу заҳмат, фидокорӣ ва қаҳрамонии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ, бо мушкилоти зиёд бошад ҳам, хомӯш гардид. Барои мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландист, ки маҳз интихоби дурусти вакилони халқ моҳи ноябри соли 1992 сароғози таъмини сулҳу суботи комил ва хомӯш гардидани оташи ҷангу низоъҳои дохилӣ гардид.

То баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон пушти сар намудани наздик ба чор соли музокирот ва гуфтушунид бо мухолифини давлат лозим омад. Он мулоқотҳо, ки аз соли 1994 оғоз ёфта, то соли 1997 тӯл кашиданд, дар кишварҳои гуногун доир шуданд. Дар умум, баъди 8 даври гуфтушуниди байни тоҷикон дар шаҳри Москва — пойтахти Федератсияи Россия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон ба имзо расид.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ҳамвору суфта набуд. Мухолифин бо ҳар роҳу восита мехостанд он ба таъхир афтад ва дар рафти ҳар музокирот талабу дархостҳои нав ба навро пеш мегузош­танд. Яке аз талабҳои онҳо дар мавзеи Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир намудани гуфтушунид буд.

Дар навиштаи яке аз муаллифони рустабор, ки он ҳодисаро холисона инъикос намудааст, омадааст, ки роҳбарияти иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик бо чунин талаб мехос­танд иродаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро санҷанду имтиҳон кунанд. Чунки дар он айём мавзеи Хосдеҳи Афғонистони ҷангзада ҷои хеле хавфнок буд, сари ҳар қадам марг таҳдид мекард, ҳатто имкони фурудоиву ба замин нишастани чархбол мавҷуд набуд. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама, Эмомалӣ Раҳмон аз азми қавию роҳи пешгирифтаашон нагаштанд. Чунин мисолҳоро фаровон овардан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, бо камоли боварию эътимод метавон гуфт, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар замони музокироти ҷониби Ҳукумати қонунӣ ва мухолифини давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат буданашонро амалан собит намуда буданд.

Баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон оғози давраи нав дар таърихи давлатдории миллӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар гардид. Баҳри расидан ба ин рӯзи нек ва ноил шудан ба дастоварди бузург муншии ҳамонвақтаи Созмони Милали Муттаҳид, сарони давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсояи Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон нақши муҳим бозиданд.

Баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон барои пурра аз байн рафтани низоъҳои дохилӣ ва маҳв сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпеша боз чанд соли дигар лозим омад. Аммо сиёсатмадорону муҳаққиқон ва коршиносон бар онанд, ки он аз нигоҳи эътибор ва аҳамияти таърихӣ бо Эъломия оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст. Зеро, агар Эъломия Тоҷикистонро ҳамчун давлати ­соҳибихтиёр ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда бошад, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро устувору пойдор гардонд.

Соли равон Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон 29-сола мешавад. Вале, тавре борҳо дар суханрониҳои Президенти мамлакат таъкид шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон танҳо дар оғози солҳои 2000-ум тавонист ба роҳи инкишофу тараққиёт ворид шавад. Ба ибораи дигар, дар давоми наздик ба 20 сол кишвар ба дастоварду комёбиҳое ноил шуд, ки дар тӯли қариб 70 соли мавҷудият дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар нагашта буд. Рӯйхати ҳамаи онҳо дар умум чандин ҷилд китоб мешавад. Барои мисол, танҳо сохтану мавриди истифода қарор гирифтани чор нақби муҳимтарини автомобилиро мегирем, ки дар 70 сол ақаллан яктояш сохта нашуд.

Инчунин, ифтихор мекунем, ки таҷрибаи сулҳофарии миллат дар ҷаҳон яке аз нодиртарин таҷрибаҳо дар роҳи расидан ба ваҳдат эътироф гардидааст ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ омӯхта ва истифода мешавад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳар рӯз иқдомҳои шоиста рӯи кор меоянд ва дар ин радиф сатҳу сифати зиндагии мардум боло меравад.

Бо вуҷуди ин ҳама, ҳанӯз дар рӯзгори аҳли кишвар мушкилоту муаммоҳои ҳалталаб пурра аз байн нарафтаанд. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд ва он моро ба боз ҳам муттаҳидтар шудан дар атрофи Сарвари давлат, аз як гиребон сар баровардан, бунёдкорию созандагиро ривоҷ додан ва фардои дурахшони наслҳоро таъмин кардан водор менамояд. Замони муосир, ки ҳамчун замони ҷаҳонишавӣ шинохта мешавад, дар баробари корҳои қобили қабул зуҳуроти номатлуби ба амнияту бехатарии ҷаҳон таҳдидкунандаи зиёд ҳам дорад. Мутаассифона, дар чунин муҳиту шароит бештар кишварҳои хурд, камиқтидор ва рӯ ба инкишоф зиён мебинанд.

Яке аз зуҳуроти номатлуб авҷ гирифтани терроризму экстремизм аст, ки ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма шоҳиди харобкории пайравони онҳо шуда истодаем. Мутаассифона, зумрае аз ҳамватанони хоину гурезаамон ҳам машғули коштани тухми нифоқу душманӣ дар дили афроди ноогоҳ, бадном сохтани Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, паҳн намудани хабарҳои беасосу дурӯғ, ҷудоиандозӣ дар байни аҳли ҷомеа ва даъвати рӯирост ба ҷангу хунрезӣ ҳастанд. Дар умум, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд монеи пешрафту тараққиёти мамлакат шуда, рӯзгори сахту хунини солҳои 90 — уми асри пешинро дигарбора ба сари мардум биёранд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ  масъалаҳои таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвар, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Миллати сарбаландамон, албатта, ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки ин тоифа ба нияту мақсадҳои нопокаш расад. Вале ҳамеша зирак будан ва аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ аз ҳар нафар тақозои замон аст.

Бо истифода аз минбари баланди рӯзномаи «Садои мардум» фаро расидани Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳамватанон муборакбод гуфта, ба ҳама сарбаландиву хонаободӣ мехоҳам ва бо ёдоварӣ аз ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро  бо  номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд» ҳамаро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ даъват менамоям.

Дилрабо МАНСУРӢ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ