Раъйпурсӣ. Ҳадаф дифоъ аз манфиатҳои халқу давлат мебошад

№57 (3537) 30.04.2016

DSC_005429 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид. Ҷамъомадро, ки дар он раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораю муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма, дин ва ғайра ширкат доштанд, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оғоз бахшид.

Зимни суханронӣ Шукурҷон Зуҳуров аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши соли нави молиявӣ дар фарҳанги сиёсии миллат маънидод намуд.

- Замони ироаи Паём, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — ба вазъияти ниҳоят пуртазоди муносибатҳои байналмилалӣ ва буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ рост омад ва аз ҳамин сабаб дар муқаддимаи суханронии Пешвои миллат чанд омили хатарзо ва нигаронкунандаи ҷаҳони муосир, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва шиддати буҳрони молиявию иқтисодӣ махсус таъкид шуд.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба муҳимтарин нуктаҳои Паём ҷалб намуда, барои ҳозирин доир ба фаъолияти парлумони касбии кишвар маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар ҷараёни фаъолияти яксола Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум беш аз 300 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардидаанд. Аммо ду санади хеле муҳим, ки 10-уми феврали соли равон қабул шуданд, Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъини раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд. Маҷлиси намояндагон бо қабули ин ду қарори сарнавиштсоз ҷиҳати такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои муҳим ва устувор гузошт.

Аз омӯзиш ва таҳлили пешниҳоди ­а­ъзо­и Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Суди конститутсионӣ дар мавриди ин пешниҳод метавон натиҷагирӣ кард, ки тағйи­ру иловаҳои пешниҳодшуда дар ҳақиқат ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров зарурати ин иқдомро чунин шарҳ дод:

- Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Тағйироти пешниҳодшуда воқеан ҳам ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.

Ба изофа бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.

Зарурати дигари ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсия, ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиро­ти пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тавсеа ва рушд ёбанд.

- Ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров ва идома дод: — Тибқи ин илова шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ-парламентӣ ё парламентӣ-президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад.

Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, пешниҳоди зикргардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин роҷеъ ба тағйиру иловаҳои марбут ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, масъулияти падару модар барои нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзанд, нигоҳубини падару модарон аз ҷониби фарзандон, пешниҳод ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки пазируфтан ё напазируфтани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия, албатта, халқи Тоҷикис­тон рӯзи раъйпурсӣ ҳал хоҳад кард.

 Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ