РАҲМОН Озода Эмомалӣ: «Дар доираи қонун бояд воситаву имкониятро баҳри таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва суботи ҷомеа равона созем»

№48 (4154) 16.04.2020

DSC_5538Дар давраи фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният (минбаъд Кумита) баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди фазои ҳуқуқӣ ва робитаҳои байнипарламентӣ фаъолияти пурсамар дошт. Он ягона Кумитаест, ки қонунҳои ба Маҷлиси миллӣ воридшударо баррасӣ намуда, хулоса ирсол менамояд. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳо суҳбат доштем бо раиси он муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки фишурдааш пешкаш мегардад.

 - Фаъолияти густурдаи Кумита аз куҷо маншаъ мегирад ва тайи панҷ соли охир он чӣ гуна буд?

- Боиси сарфарозист, ки дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Маҷлиси миллиро дар низоми сиёсии кишвар ва фазои қонунэҷодкунии мамлакат рукни муҳими рушди давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ карданд. Дар робита ба ин, фаъолияти Кумита аз муқаррарот, дастуру супориш ва хулосарониҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, нақшаҳои Маҷлиси миллӣ ва Кумита маншаъ гирифта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, қарорҳои марбута ва Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.

Тайи панҷ соли сипаришуда фаъолияти Кумита низ дар робита ба рӯйдодҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ, бахусус, 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, рӯҳбаландиву садоқатмандӣ аз дигар дастовардҳои навини давлат ва мустаҳкам шудани мавқеъ ва нуфузи он дар ҷаҳон сурат гирифт. Инчунин, дар партави ғояҳои созандаву бунёдкорона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар ҳама самт корҳои муайянро тавассути таҳия ва амалисозии чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташвиқу тарғиботӣ амалӣ намоем. Бе ягон муболиға, тавонистем дар заминаи таҳия ва баррасии қонунҳои ҷавобгӯи талаботи замон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эъти­рофнамудаи Тоҷикистон баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди бемайлони фазои ҳуқуқии кишвар ва робитаҳои байнипарламентӣ саҳми босазо гузошта, ба ин васила, барои пойдории давлату миллат, устувории Ваҳдати миллӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон, таҳкими амният, субот ва волоияти қонун мусоидат намоем. Ҳамин буд, ки дар иҷлосияи хотимавӣ барои фаъолияти пурсамар чор аъзои Кумита бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Агар бо далелҳо гӯем, дар давраи зикршуда, ба баррасии Кумита 451 кодексу қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, 32 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, 61 қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 31 қонуни намунавии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин, ҳар сол Номаи Суди конститутсионӣ, ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш оид ба рафти татбиқи қарорҳои Маҷлиси миллӣ доир ба ҳисоботи прокурори генералӣ, маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, мониторинг ва ҳисоботи омории шакли №1 оид ба баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта, шарҳи вазъи нашъамандӣ, ҳисоботи омории вазъи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба Кумита аз вазорату идораҳои дахлдор ворид шуданд. Ва дар тӯли панҷ сол 9 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, 26 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ, 21 иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ баргузор гашта, дар кори онҳо аъзои Кумита фаъолона ширкат варзиданд.

Аз 451 кодексу қонуне, ки дар ҷаласаҳои Кумита (ҷамъ 24 ҷаласа) баррасӣ гардиданд, 183 адади он ё 40,5 фоиз, бевосита ба ваколати Кумита шомил буданд. Кумита бо таҳлили онҳо ва мутобиқ будан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 182 қонун доир ба ҷонибдории онҳо ба Маҷлиси миллӣ ва нисбат ба 268 адад ба кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ хулоса ирсол намуд. Инчунин, Маҷлиси миллӣ маҳз бо дастгирии хулоса ва ташаббуси Кумита 6 қонунро, бинобар ҷой доштани мухолифат ва норасоиву камбудӣ, ҷонибдорӣ накарда, онҳоро барои бартараф кардани нуқсонҳо ба Маҷлиси намояндагон баргардонид.

1026732371Маҷлиси намояндагон аз як адади он даст кашида, бо бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта 5 ададро такроран баррасӣ ва қабул карда, ба Маҷлиси миллӣ ирсол намуд.

Аз 61 қонуне, ки бо ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ шахсан аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ё дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва қабул шуданд, 48 адади он ё 78,7 фоиз зимни фаъолияти якҷояи аъзои Кумита, вакилони Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният таҳия шуданд.

Бояд зикр намуд, ки аз қонунҳои зикр­шуда 10 адад барои татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи панҷ соли охир ироа гардиданд ва нақшаҳои стратегии давлат равона шудаанд. Мисоли равшани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мебошад, ки аз ҷониби узви Кумита, шодравон Қаҳҳор Маҳкамов якҷо бо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати татбиқи ташаббуси Президенти кишвар оид ба саноатикунонии мамлакат пешниҳод шуд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз тағйиру иловаҳое, ки ба қонунҳо ворид карда мешаванд, бештар хусусияти таҳрирӣ доранд…

- Қонун догма нест ва мутобиқ ба раванди муносибатҳои ҷамъиятӣ ба он пайваста тағйиру илова, аз ҷумла, таҳрирӣ, бо мақсади  сайқал додани забон ва сифати он ворид карда мешавад. Забони ҳуқуқӣ аз забони лаҳҷавӣ ва бадеӣ фарқ дорад ва дар он истилоҳ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. Илова бар ин, меъёрҳои қонун бояд ҷавобгӯи  мантиқи ҳуқуқӣ низ бошанд. Лекин тағйиру иловаҳое, ки аъзои Кумита бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод намудаанд, бештар хусусияти меъёриро доранд. Дар ин робита месазад барои мисол зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбат ба хизматчиёни давлатӣ маҳдудиятҳо, аз қабили  манъи иштирок дар идораи ташкилотҳои тиҷоратӣ ва фаъолияти мақомоти ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ, кушодани суратҳисоб ва доштани пасандозҳо дар бонкҳои хориҷӣ пешбинӣ шуданд. Ё ин ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд мекунад, ки матни он дар моддаи алоҳидаи қонун дарҷ карда шудааст.

- Баргузории ҷаласаҳои Кумита ва рафти баррасии пешниҳодоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна буданд?

- Фаъолиятро тавре ба роҳ мондем, ки ҷаласаҳои Кумита шаффоф ва бо иштироки шахсони масъул гузаронида шуданд. Баъзе аз ҳолатҳо, масалан, дар мавриди хулоса баровардан ҷиҳати ҷонибдорӣ накардани қонун, барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи масъул субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ё намояндаи ӯ даъват мегардид. Инчунин,  кормандони масъули рӯзномаи «Садои мардум» низ ҳама вақт дар ҷаласаҳо иштирок доштанд.

- Боис ба сарфарозист, ки дар давраи зикршуда Шумо сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» таъин шудед. Оё ин мақом ба ҳамкории Кумита дар самти робитаҳои байнипарламентӣ таъсир дошт ва онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Мақоми зикршуда бештар барои баланд бардоштани нақши заноне, ки дар сиёсат фаъолият доранд, инчунин ба идоракунии давлатӣ ҷалб намудани занон рабт дошта, ҳамчунин барои роҳандозии ҳамкориҳои байнипарламентӣ низ мусоидат менамояд. Инчунин, маврид ба зикр аст, ки аъзои Кумита дар як вақт аъзои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Кумитаи марбутаи Иттиҳоди байнипарламентӣ буданд. Бояд гуфт, ки аз 139 лоиҳаи қонунҳои намунавии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Кумита 92 адади он (47,6 фоиз) ворид шуда, аз натиҷааш ба масъулин эрод ва пешниҳодҳои зарурӣ манзур гардиданд. Боис ба ифтихор аст, ки бештари онҳо аз ҷониби масъулин қабул ва лоиҳаҳо такмил дода шуданд.

- Фаъолияти аъзои Кумита дар самти татбиқи Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ чӣ гуна буданд?

- Бояд зикр намоем, ки Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун институти нави муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳуҷҷати сиёсӣ — барномавиест, ки на танҳо ҳолати феълӣ, балки роҳҳо ва стратегияҳои муҳими рушди иҷтимоӣ — иқтисодии кишвар, аз ҷумла, ҳамкориҳои байналмилалии мамлакатро аз нуқтаи назари Сарвари давлат муайян менамоянд. Илова ба қонунҳое, ки дар радифи Паём пешниҳод ва қабул шудаанд ва дар ин бора зикр намудем, аъзои Кумита дар самти мазкур низ фаъол буданд. Онҳо  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар муддати панҷ соли фаъолият, илова ба Нақшаи Маҷлиси миллӣ, нақшаву чорабинӣ таҳия намуда, шахсан ё дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ, бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ беш аз 1800 маротиба суҳбату вохӯрӣ гузаронида, тавассути матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма бештар аз 1100 хабару гузориш ва мақола ба табъ расониданд. Ҳамин тариқ, аз ҷониби аъзои Кумита, дар маҷмӯъ, тақрибан 3000 чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.

Муҳтавои асосии суҳбату вохӯриҳои баргузоргардидаро ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018 — 2028», 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021, мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар солҳои 2019 — 2020, омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини истиқлолияти энергетикиву иқтисодии кишвар ва саҳми он барои гузаштан аз иқтисодиёти аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, тақвияти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва воситаҳои ­нашъадор, ҷиноятҳои муташаккилонаву трансмиллӣ ва коррупсия ташкил дода, ба ин васила, шаҳрвандон бори дигар аз иқдомҳои мазкур хабардор гардиданд. Инчунин, аъзои Кумита дар доираи чорабиниҳои зикргардида, аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳсили ғайрирасмии онҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ҳарф зада, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ва ғайраро роҳандозӣ намуданд.

- Ҳамакнун, мехостам аз фаъолияти аъзои Кумита дар самти қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон низ алоқамандони рӯзномаро воқиф созем.

- Ҳуқуқи конститутсионӣ ба муроҷиат ин ҳуқуқи субъективии ҳар як шахс, воситаи таъмини иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, амалишавӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодии онҳо, алоқаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва яке аз шаклҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи зикршуда, аз ҷониби аъзои Кумита дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» беш аз 24 400 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ ва дар доираи салоҳият ҳаллу фасл карда шуд.

- Тибқи талаботи қонунгузории кишвар ҳар сол прокурори генералӣ ба Маҷлиси миллӣ дар бораи фаъолият ҳисобот пешниҳод менамояд. Аз ҳисоботи имсолаи прокурори генералӣ ба чӣ хулоса омадед? Оё, воқеан, дар самти риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо назорат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст?

- Натиҷаҳо собит сохтанд, ки прокурори генералӣ бо роҳандозии барномаи махсус ва дар заминаи такмили низоми ташкиливу ҳуқуқӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ ва тақвият бахшидани назорати прокурорӣ, ҷиҳати таъмини волоияти қонуну таҳкими қонуният, риоя ва эҳтироми ҳуқуқҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткориву пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат корҳои назаррасро анҷом додааст. Инчунин, прокурори генералӣ ба самти назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба меҳнат, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти озуқаворӣ, санитарӣ — эпидемиологӣ, андоз, гумрук, нақлиёт, фаъолияти бонкӣ, ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст. Таҳлили ҳисоботи имсолаи прокурори генералӣ нишон дод, ки нишондиҳандаҳои мусбат ва асосии фаъолият нисбат ба соли 2018 зиёд гардида, қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуданд. Маҳз барои ҳамин фаъолияти он, дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, баъзе аз масъалаҳое, ки аз нигоҳи аъзои Кумита дар фаъолияти мақомоти прокуратура ба ислоҳ ва пешгирӣ ниёз доштанд, ба мақомот расман  изҳор ва пешниҳод карда шуданд.

Бояд дар доираи қонунҳои кишвар тамоми восита ва имкониятро барои таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва суботи ҷомеа равона созем. Ба назари ман, бо пайдо ва паҳн шудани вируси тоҷшакл (коронавирус), ҷаҳон ба буҳрони нави иқтисодӣ – молиявӣ дучор гардид. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои мову шумо ва мақомоти прокуратура дар баробари пешгирии пайдоиш ва паҳншавии вируси зикршуда, татбиқи ҳама чора ба хотири таъмини амнияти иқтисодии кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии он, сатҳи зиндагии мардум ва маърифати санитарии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин бобат, ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи онҳо падару модар бояд фарзандонро дар рӯҳияи бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд, истеъмоли моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намуда, барои интихоби касб ба онҳо мусоидат карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонанд.

- Зимни суханронӣ дар ­Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум зикр намудед, ки «Прокурори генералӣ дар доираи ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва дастгирии онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, тақвияти назорати риояи қонунгузорӣ оид ба сиёсати гендерӣ, оила ва ноболиғону ҷавонон, инчунин, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва худкушӣ чораандешӣ намояд». Воқеан, то кадом андоза масъалаҳои вобаста ба занон дар кишвар ҳал шудаанд?

- Ҳар як инсон мехоҳад, ки фарзандонаш солиму саводнок ва ботарбия бошанд. Агар хоҳем, ки дар ҳақиқат ба ин гуфтаҳо ноил гардем, пас бояд ба занон шароити заруриро муҳайё намоем, зеро дар фарҳанги оиладории мардуми мо ба таълиму тарбияи фарзандон асосан занҳо машғуланд. Мо — занон мехоҳем, ки дар ин кор мардон низ бо тамоми масъулият иштирок намоянд. Дар ин бобат, тибқи дастурҳои Президенти кишвар, доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо дар идоракунии давлатӣ якчанд барномаи давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд. Чунончи, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум собит сохт, ки 15 нафар ё 23,8 фоизи вакилонро занон (дар даъвати панҷум 13 нафар ё 20,6 фоиз) ташкил намуданд. Илова ба ин, сиёсати давлатии гендерӣ тақозо мекунад, ки дар ҳама соҳа бояд принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии занону мардон ва имконияти баробари амалисозии онро таъмин намоем. Дар ин самт, алҳол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ» мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, масъалаҳои вобаста ба мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа ҳал шуда истодаанд ва итминон дорем, ки бо татбиқи барномаҳои зикршуда ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

Бо дарназардошти боз ҳам беҳтар намудани вазъ, дар Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» — ро, ки алҳол мавриди амал қарор дорад, ҷонибдорӣ намудем. Илова ба ин, коршиносон такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро зарур мешуморанд. Ҳамчунин, яке аз вазифаҳои дигар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ки барои риоя ва эҳтироми қонун мусоидат менамояд, ба ҳисоб меравад.

- Нақши Кумита дар баргузории муҳокимаҳои парламентӣ ва иҷрои супоришҳои протоколӣ чӣ гуна буд?

- Бояд зикр намуд, ки аъзои Кумита дар баргузории се муҳокимаи парламентӣ, бахусус, татбиқи қарору тавсияҳои онҳо фаъолона ширкат варзиданд ва ба ин васила 7 лоиҳаи қонун пешниҳод гардид. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Баҳри иҷрои супоришҳои протоколии Маҷлиси миллӣ ё Шӯрои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳои дар Кодекси шаҳрсозӣ ҷойдошта, аз ҷониби аъзои Кумита лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод карда шуд.

- Тавре зикр шуд, Маҷлиси миллӣ дар даъвати панҷум 451 қонунро ҷонибдорӣ намуд. Магар шумораи зиёди онҳо барои донистану татбиқ намудан мушкилӣ эҷод намекунад?

- Мо ҳам тарафдори онем, ки шумораи қонунҳо камтару сифаташон беҳтар бошад. Аз ин нуқтаи назар, кӯшиш дорем, ки бештар ба кодификатсияи онҳо бигзарем. Дар иҷлосияи хотимавии даъвати гузашта ду кодексро ҷонибдорӣ намудем. Тавре огоҳӣ доред, ҳоло гурӯҳҳои корӣ дар арафаи анҷом додани таҳияи лоиҳаи кодексҳои экологӣ, маориф ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо қабули онҳо тахминан 30 қонуни амалкунанда аз эътибор соқит карда мешаванд. Ба назари мо, бояд лоиҳаи кодексҳои энергетикӣ, буҷет ва танзимкунандаи дигар соҳаҳо низ таҳия карда шаванд.

- 17 апрели соли ҷорӣ Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор мегардад. Дар иртибот ба он мехостем таманниёти Шуморо ба аъзои нави Маҷлиси миллӣ расонем.

- Парламенти кишвар мактаби бузургест, ки аз ҳар як узви он касбият ва масъулияти баландро тақозо менамояд. Дар ин робита, ба аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ фаъолияти пурмаҳсулу муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри рушду инкишоф, шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии мардуми он таманно менамоям. Итминони комил дорам, ки онҳо бо дарки масъулияти баланд барои рушди бемайлони институти парламентаризм саҳми босазо мегузоранд.

- Дар интиҳо, бо истифода аз фурсат, барои суҳбати самимона сипосмандии аҳли қалами рӯзномаро ба Шумо мерасонам.

- Ташаккур.

Суҳбаторо

Самариддин АСОЗОДА,

сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»