Раҳмон Озода Эмомалӣ Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» таъин гардид

№102 (4052) 24.08.2019

Озодаи РахмонСозмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Сафири Созмони мазкур дар Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро қобили қабул донист.

Созмони зикршуда бо Шаҳодатнома расман тасдиқ кард, ки ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси узви парламент ва талоши доимиашон ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳо гузошта мешавад.

Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» (қароргоҳаш дар Исландия ва Белгия) бунёди мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ буда, ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз неруи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.