Зикри хайр

Рафт аз дидаҳо ба умқи дилҳо

№33 (3827) 13.03.2018

Ёде аз собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Бобоҷони Абдулвоҳид

Хуррам он кас, ки дар дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Абдулвохидов БҲар гоҳ ки ин байти Мавлонои Ҷомиро мехонам, пеши назарам чеҳраи хандону самимии дӯсти шодравонам Бобоҷони Абдулвоҳид ҳувайдо мешавад.

Ӯ, ки солиёни зиёд хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти собиқи Қӯрғонтеппа, муовини сармуҳаррир, зиёда аз 10 сол  вазифаи сармуҳарририи ин рӯзномаро ба уҳда дошт, маҳз дар айёми гулшукуфти зиндагӣ, фасли баҳорон, 15-уми марти соли 1953 чашм ба олами пурасрор кушода, дар моҳи дай-фасли сармои сол аз дори дунё рафту доғ дар дили дӯстону наздикон гузошт.

Ҳамсабақ будем ва моро одате буд, ки пас аз хатми Университети давлатии  Тоҷикистон (соли 1976) ҳар баҳори гулпӯш дар пойтахти кишвар ҷамъ омада, аз дидори ҳамдигар баҳра мебурдем. Аз ин рӯ, тайи наздик ба ду даҳсола, то он даме ки Бобоҷони Абдулвоҳид дар қайди ҳаёт буд, бо баҳонаи зодрӯзи ӯ, тӯю сури ягон ҳамсабақ ё соҳиби хонаву унвон гардидани ягон ҳамкурсамон ба пойтахти кишвар мешитофтем. Дар раъси ин ҳама сарҷамъӣ ва дидорбинӣ ҳамеша Бобоҷони Абдулвоҳид меистод.

Инак, зимистон ҳам сипарӣ шуду баҳор омад. Вале ин баҳори даҳум аст, ки Бобоҷон дар байни мо нест.

Дарвоқеъ, яке аз суннатҳои Наврӯзи фаррухпай ёду поси хотири гузаштагон аст. Хоса, ёду поси хотири онҳое, ки нек буданду аз худ номи нек гузоштанд.

Бобоҷон аз ҳамин қабил инсонҳои неку накуниҳод, некукору некандеш буд. Ин парвардаи обу хоки Хатлони бостон бо кору амал, рафтору гуфтору пиндори неки хеш ба қалби садҳо одам, чӣ аз Хатлону Бадахшон, чӣ аз Зарафшону Ҳисори шодмон, чӣ аз  Суғду Бохтар маскан гузида буд.

Мавлавии Балхӣ мефармояд:

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад.

Сад ҳайф, ки дӯсти азизи мо ҳам дар айёми гулшукуфти зиндагии хеш рахти ҳастӣ аз ин олами фонӣ барбасту ба Ҳақ пайваст. Ӯ ҳарчанд ҷавон рафт, вале ёди некаш дар дили дӯстону наздиконаш ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Мо — шомилшудагони риштаи суханшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли аввал зиёда аз 100 нафар будем. Дар нимсолаи аввали соли хониш зиёда аз 20 нафар сафи моро тарк гуфтанд.

Бобоҷон ба гурӯҳи мо аз оғози соли дуюми таҳсил пайваст. Бо сабаби беморӣ аз таҳсили нимсолаи дуюм бо ҳамкурсон дар канор монда, ба гурӯҳи мо шомил шуд. Аз рӯзи аввали шиносоӣ дар симои ӯ рафиқи одиву заминӣ, сухангӯю сухандон ва суханшиносро дарёфтем. Беҳтарин тафовути рӯзгори он солҳо аз зиндагии имрӯза адами маҳалгароӣ дар байни донишандӯзон буд, яъне, барои мо фарқ надошт, ки кӣ аз куҷост, фарзанди одами бой аст ё камбағал, мансабдор аст ё бемансаб.

Мо — се нафар донишҷӯёни гуногунриштаву гуногунмаҳал, банда аз гурӯҳи адабиёти классикии факулта аз вилояти Суғд, Бобоҷон аз гурӯҳи рӯзноманигорӣ аз Кӯлоби бостон ва Ҷӯрақул Мусулмонқулов аз гурӯҳи забоншиносӣ аз Шаҳритус бештар якҷо менишастем, ҳамроҳ ба китобхона рафта, дарс тайёр мекардем. Риштаи дӯстиву рафоқати ҳар сеи мо ба ҳамдигар сахт пайваста буд.

Соли 1976 донишгоҳро хатм кардем. Банда ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Бобоҷон ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» роҳхат гирифтем. Ҷӯрақул ба зодгоҳаш рафт.

Солҳои фаъолияти Бобоҷон дар Қӯрғонтеппа ҳамкурси дигарамон — Тоҳир Асомиддинов низ дар рӯзномаи вилоятии Хатлон кор мекард. Ӯ солҳо сарварии гурӯҳи моро дар донишгоҳ ба уҳда дошт, рафиқи бисёр шафиқу меҳрубон буд ва ба дидорбинии банда ҳамроҳи Бобоҷон меомад. Моро борҳо ба хонаашон, ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), бурда, меҳмон карда буд. Падару модар ва  бародарони хуб дошт Тоҳирҷон.

Ӯ овози хушу садои гӯшнавоз низ дошт. Мисли Бобоҷон аз ашъори классикону шоирони замон шеърҳои бисёр аз ёд медонист. Ба ҳофизи  ҳамон давра хеле машҳур — Ҷӯрабек Назриев бисёр хуб тақлид мекард, сурудҳои зиёди ӯро мехонд. Бобоҷон дар ағлаб вақт хоҳиш мекард, ки Тоҳирҷон суруди «Модар»-ро замзама кунад.

Ма қурбони сару пойи ту мешам, модари ман,

Фидои қади зебои ту мешам, модари ман.

Вақти сурудани ин тарона дар чашмони дӯсти азизи мо ашк ҳалқа мезад. Модари ғӯрамаргашро ёд мекард.

Соли 1984 ман, ки дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор мекардаму Бобоҷон хабарнигори рӯзномаи вилоятии вилояти  Қӯрғонтеппа буд, тавассути КМ ВЛКСМ-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон даъват шудем.

Моҳи августи соли 1984 барои гузаштани омодагии ҳарбӣ ва фиристодан ба Афғонистон  моро ба Маскав, ба Мактаби олии комсомоли Иттиҳоди Шӯравӣ фиристоданд. Қариб 20 рӯз он ҷо таҳсил кардем. Баъдан ба шаҳри Тошканд омадему ҳафтае хонда, сипас як моҳ дар шаҳри Чирчиқ омодагии низомӣ гузаштем. Дар Тошканду Чирчиқ ҳафтае набуд, ки додарарӯсони Бобоҷон аз ҳоли мо хабар нагиранд. Аҷаб инсонҳои нек ва дилсӯзу меҳрубон буданд онҳо. «Барои мо язна мисли падар азиз аст», — мегуфтанд онҳо. Дар асл Бобоҷон ба моҳии дарёи дили онҳо бо одамияти хеш шаст андохта буд.

Моҳи октябри соли 1984 моро ба Афғонис­тон фирис­тоданд. Бобоҷон, тибқи тақсимот, ба вилояти Нимрӯз ва банда ба вилояти Лағмон афтодем. Дар 3-4 моҳ як маротиба ба Кобул меомадем ва зуд ҳамдигарро мекофтем. Бобоҷон дар ҳамон ҷо ҳам ғамхори дӯстон буд. Аз шаҳри Зобули вилояти Нимрӯз ба дӯстон туҳфа меовард. Боре пеш аз ба рухсатӣ омадан ба ман қариб як ҷомадон жемпери дастибофти эронӣ овард. Барои ману завҷаам ва писару духтаронам. Вақте  эътироз кардам, ки мағозаҳо пури мол, ташвиши беҳуда кашида, чаро ин корро кардааст, гуфт:

- Ин хелашро дар ҳеҷ ҷой намеёбӣ. Бар ба наздиконат, аз амаки Бобоҷонашон савғо!

Соли дуюми хизмат ҳар ду дар шаҳри Кобул ба кор мондем. Бобоҷон тарҷумони Донишкадаи кадрҳои коргарӣ буду ман тарҷумони шуъбаи кор бо коргарҷавонони Кумитаи марказии Созмони ҷавонони Афғонистон. Дар микрорайони куҳна, дар ҳамсоягии ҳамдигар, зиндагӣ мекардем. Бобоҷон фориғ аз кор соатҳо дар бораи меҳрубонии завҷааш ва ширинии фарзандон қисса мекард. Онҳоро бисёр дӯст медошт. Падари дилсӯзу ғамхор буд.

Охири соли 1986 хизмат тамом шуду ба Ватан баргаштем. Ӯ ба Қӯрғонтеппа рафту ман дар Душанбе мондам. То соли 1993 рафтуомад доштем. Моҳҳои ноябр -декабри соли 1993 Бобоҷон, ки пас аз ташкил шудани рӯзномаи «Садои мардум» хабарнигории нашрияро дар вилояти Қӯрғонтеппа ба уҳда дошт, ба ҳайси муовини сармуҳаррир таъин шуду ба Душанбе омад. Акнун қароргоҳи ҳамкурсони дар Душанбе буда — Мақсуди Ҳусейну Шарифи Ҳамдампур, Иззатбеку Шоҳҷон, Дилбару Анора, Ояҷону Барно, Матлубаю Гулсифат ва дигарон хонаи Бобоҷон буд. Ӯ бо ҳар баҳона моро ҷамъ мекард. Зани меҳрубону фарзандони дӯстрӯяш атрофамон парвона мешуданд. Ба ҷамъомадҳои мо Партав аз Кӯлоб, Изатулло Юсуфов аз Файзобод, Умари Асалу Мавҷуда аз ноҳияи Рӯдакӣ, Малика аз Истаравшану Рухсат аз Хуҷанд ҳамроҳ мешуданд. Ба шарофати Бобоҷон мо аз тӯю маъракаҳои ҳамдигар берун намемондагӣ мешудем. Бобоҷон дар ҳама тӯю маъракаҳо соқию маҳфилоро буд.

Бобоҷон баъдан ба ман вазифаи мудири шуъбаро дар рӯзномаи «Садои мардум» пешниҳод кард. Мушкилиҳои зиёди зиндагӣ доштам. Бинобар ин, рад карда, гуфтам, ки аз Душанбе кӯч мебандам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Моҳи августи соли 1996 бо аҳли оила ба вилояти Суғд омадам. Соле чанд дар Ҳукумати ноҳияи Зафаробод ба ҳайси мудири шуъба, пасон ба сифати котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан ифои вазифа кардам. Соле камаш як маротиба ба Душанбе меомадам ва Бобоҷон ҳам ба вилояти Суғд мерафт. Аз ҳоли якдигар ҳамеша огоҳӣ доштем.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Дар арафаи таҷлили ҷашни 2500-солагии Истаравшан Бобоҷон соли 2001 ба шаҳри Истаравшан омада, бо раиси вақти шаҳр Ҷумъа Зокиров ва муовинонаш С. Набиеву М. Ҳошимзода вохӯрда, роҷеъ ба вазъи омодагиҳо ба ҷашн суҳбат дошт. Дар ин бора як саҳифаи рӯзнома дар «Садои мардум» мақола ҳам навишт. Бобоҷон вақти омадан меҳмони мо шуд. Ӯро ба як пиёла чой ба тарабхонаи «Истаравшан» даъват кардем. Дар суҳбат роҳбарони вақти шаҳр низ иштирок доштанд.

Суҳбат то як поси шаб идома дошт. Бобоҷон ҳамон шаб аз Мавлои Балху Хоҷа Ҳофиз, Саъдиву Бедил, Турсунзодаву Шукӯҳӣ, Лоиқу Фарзона он қадар шеър хонд, ки шоир Мирзомуроди Ҳошимзода ангушти ҳайрат газид…

Ҷашни Истаравшан ҳам ба дараҷаи баланд доир шуд. Бобоҷон яке аз меҳмонҳои азизи он буд. Шукӯҳу шаҳомати ҷашнро дида, Бобоҷон ифтихор кард. Ифтихор аз Истаравшан, ифтихор аз ҷашни бузург ва ифтихор аз Президенти кишвар.

Баъдан, маро боз ба кор, ба рӯзномаи «Садои мардум» даъват кард. Беш аз чор сол ба ҳам кор кардем.

Мулоқоти вопасини мо моҳи июли соли 2005 доир шуд. Ба шарофати Бобоҷон ҳамкурсон ҷашни 30 — солагии хатми донишгоҳро таҷлил карданд. Дар шаҳри Душанбе қариб 30 нафар ҷамъ омадем. Ба шаҳри Турсунзода рафтем. Бо ибтикори ҳамкурсамон — Хадича дар осоишгоҳи Корхонаи алюминий  хурсандиву истироҳат кардем.

Бобоҷон, ки бемор буду худро хеле гиронда буд, кам ҳарф мезаду маъюс буд. Пурсидам, ки «Духтурҳо чӣ мегӯянд, чӣ беморӣ дорӣ»? Хандид. «Бемории маро ягон духтур дуруст ташхис карда наметавонад», -гуфт ӯ. Якҷо расм гирифтем. Тасалло додам. Ба ҷои ҷавоб нимтабассум кард. Ҳамон нигоҳи барқпошаш якҷо бо нимтабассуми зебо ҳоло ҳам пеши назарам ҷилвагар аст.

Баъдан Бобоҷонро аз даст додем Дар умри кӯтоҳ ҳамсабақони зерин низ моро тарк кардаанд: Зулайхо, Мавлуда, Хайрӣ, Абдураҳмон, Мақсуди Ҳусейн, Бобоҷон, Тоҳири Асомиддин, Ҷӯрақул, Убайдуллои Ширин.

Парвардигор, рӯҳи рафтагонро шоду ҷояшонро дар биҳишти аъло муқаррар карда бошад. Омин!

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

 «Садои мардум»