Рамзи иттиҳоду якдилӣ

№142 (4248) 24.11.2020

DHA7KiIVoAAClLZПарчам ҳамчун рамзи худшиносӣ, худ­огоҳӣ, сарҷамъию пирӯзӣ таърихи беш аз 3000-сола дошта, моҳияти асосии он муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли озодӣ, ободӣ ва истиқлолият мебошад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шуда, оммаро ба иттиҳоду ҳамдилӣ раҳнамун сохтаанд. Дар китоби муқаддаси «Авесто» перомуни парчамҳои ниёгон, хоса парчамҳои Бохтари қадим, маълумоти зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ дар бораи Парчам, ба истилоҳи дигар, «Дирафш» маълумоти бештар дода шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами шоҳони ривоятӣ ва давлати Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд. Агар ба таърихи халқ назар андозем, мебинем, ки миллати некноми тоҷик парчами зиёд доштааст ва вобаста ба ҳаводиси рӯзгор ва гирудори таърих, шикастанҳову шукуфтанҳои миллат, парчамҳо низ дигар мешуданд.

Чунончи, бо таъсисёбии ҷумҳурии автономӣ ва баъдтар Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1924-1929, ранги Парчами кишвар саропо сурх буд. Дар канори чапи Парчам акси досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷот бо хати форсӣ — «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, як шавед!» ҷой гирифта буд. Пас аз ин Парчами Тоҷикистон соли 1953 боз тағйир ёфт. Парчами нав аз боло то поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борику сафеду сабз дошта, дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷой гирифта буд. Ин тарҳи охирини Парчами Тоҷикистони Шӯравӣ буд, ки то соли 1991 амал карда, ба ҳукми таърих ворид гашт.

Парчами даврони соҳибистиқлолии Ватан, ки ифодакунандаи орзуву ормони мост, дар шароите қабул ва тасдиқ гардид, ки Тоҷикис­тон нахустин қадамҳоро дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мегузошт. Ин замоне буд, ки душманони дохиливу берунӣ ба ҳар восита оромии кишварро халалдор мекарданд. Вазъ ноором ва ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Дар он шароити ниҳоят душвор Парчами давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 бо талоши зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои Олӣ қабул гашт, ки аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат буд. Он ­рангҳо, тоҷу ситора рамз ва решаҳои қадимаи суннатии хос дошта, аз «Авесто» сарчашма мегиранд. Қобили зикр аст, ки дар замони Зардушт ранги сурх ҳамчун рамзи рӯсурхиву сарбаландиву хушҳолӣ, сафед — равшанӣ, покизагиву покзодагӣ ва сабз — ҷавонӣ, зебоӣ, шукуфоӣ маънидод мешуд, ки то ҳол мазмуну моҳият гум накарда, тобишҳои нав касб кардааст.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дувоздаҳуми майи соли 2007 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар мекунад. Сеюми ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардида, дар тақвими таърихи халқ ҳамчун рӯзи ҷашн илова шуд. Сеюми августи соли 2011 бошад, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр парафшон гардид, ки нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба он мебошад.

Инак, 11 сол мешавад, ки 24 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ, ки рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳиб­истиқлолӣ, рамзи бахту саодат, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ ва хушрӯзиву пирӯзист, бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Зери парчами парафшони Ватан ҷавонони саодатманд — ҳомиёни марзу буми кишвар, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногун савганди садоқат ба Ватан — Модар ёд мекунанд, навхонадорон маросими ақди никоҳ анҷом медиҳанд, мактабиён дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд. Инчунин, ба туфайли варзишгарон, дар мусобиқоти гуногун Парчами давлатӣ барафрохта мешавад.

Ҳамин тариқ, дар ҳама кишвари олам аз тарафи шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти он ба ҷо оварда мешаванд. Дар Тоҷикистони азизи мо, ки шаҳрвандонаш соҳибфарҳангу бомаърифатанд, ба рамзҳои давлатӣ, хоса Парчам, эҳтироми хоса зоҳир мегардад. Мо ба Парчами давлатӣ, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, иттиҳоду вафодорӣ даъват намуда, рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, инчунин, ба ҳифзи тамомияти арзии кишвар ҳидоят мекунад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам бештар муттаҳид бошем, ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватанро ҳифз намоем ва дар ободиаш саҳм гузорем.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон