Соати парламентӣ

Раванди иҷрои барномаи миёнамуҳлат иқдомоти ҷиддиро тақозо дорад

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

DSC_221710 майи соли 2018 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оид ба иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои муосири арзёбии стратегияю барномаҳои қабулгардидаи рушд ва маблағгузории барномавӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии онҳо» семинар доир гардид.

Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки барои ҷумҳурӣ дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави тараққиёт, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим мебошад, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб мераванд. Чунки модели нав дар муқоиса бо пешина, ки ба истеъмолот нигаронида шуд, як қатор бартариҳо дорад. Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, ин ба ташкили васеи ҷойҳои нави кории пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади Буҷети давлатӣ боис мешавад.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир иброз дошт, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» ҳамчун марҳилаи якуми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба рушди соҳаҳои индустриалӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Тавассути он афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, дараҷаи баланди истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷа, вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои таъсирбахши беруна коҳиш меёбад. Барномаи мазкур ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян намуда, дар марҳилаи минбаъдаи рушд гузариш ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба сармояи инсонӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву дохилӣ барои рушди минбаъда амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин, самтҳои фароҳам овардани шароити умумии рушдро бо дарназардошти ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва таҳкими равандҳои инкишофи иқтисоди миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, рушди неруи инсонӣ тавассути афзоиши аҳолии бо сатҳи зиндагии миёна ҳамчун пешбарандаи ҷомеа ва дар маҷмӯъ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, тадбирҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд.

Барнома ҳадафи гузариш ба марҳилаи нави рушди иқтисодиро пайгирӣ намуда, амалигардонии он ба мутавозинии унсурҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувор такя карда, ба таъмини амнияти милливу иҷтимоӣ, идоракунии самарабахш ва демократӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодии босуботу боадолат ва суботи экологӣ асос меёбад. Марҳилаи нави рушд ба афзоиши ҳиссаи шуғли расмӣ ва бахши ба қайдгирифташудаи иқтисодиёт мусоидат менамояд, ки ин барои густариши пояи даромади Буҷети давлатӣ замина мегузорад. Самтҳои калидии ислоҳоти сохтории ин марҳилаи рушд бояд аз таъмини дастрасии мунтазаму бефосилаи аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор ба захираҳои энергетикӣ, бартараф намудани сатҳи пасти худкифоии ғизо, тараққиёти маҷмӯии минтақаҳои кишвар ва ташаккули низоми дастрасии баробар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборат бошанд.

Тайи ду соли охир татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар солҳои 2016- 2017 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018 — 2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар солҳои амалишавии барномаи мазкур нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шудаанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба натиҷаҳои фосилавии татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» дар солҳои 2016 — 2017 сухан ронда, иброз намуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ҳамчун механизми татбиқи марҳилаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» маҳсуб ёфта, дар заминаи ташаббуси гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт анҷом дода мешавад. Марҳила ба марҳила татбиқ намудани барнома имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 фоиз то ба 30 фоиз дар соли 2020 зиёд гардад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози мониторинг ва арзёбии татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар барои расидан ба ҳадафу вазифаҳои гузошташудаи барнома дар ду соли амали он тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати пайгирӣ ва иҷрои чорабиниҳои пешбинигардида дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки масъулини вазорату идораҳо таъсис дода шуда, аз ҷониби гурӯҳ ҷараёни татбиқи барномаҳо баррасӣ мегардад ва мушкилоти ҷойдошта муайян ва вобаста ба роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас ба Ҳукумати кишвар ирсол мешаванд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ ҷараёни татбиқи 24 барномаи соҳавию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Неъматулло Ҳикматуллозода дар идома гуфт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ ва идома ёфтани ҷараёнҳои ноустувор дар давлатҳои олам, аз ҷумла шарикони асосии тиҷоратӣ, дар ду соли сипаригашта аксари нишондиҳандаҳои нақшавии барнома иҷро гардида, рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар таъмин шуда истодааст.

Дар барнома гузаронидани маҷмӯи ислоҳот тариқи андешидани тадбирҳои мушаххас муайян гардида, он рушди чор бахши асосиро фаро мегирад:

Таҳкими неруи институтсионалӣ – яъне, масъалаҳои идоракунии давлатӣ, сармоягузориҳо ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Таҳкими иқтидорҳои бахши воқеии иқтисодиёт – саноат, бахши аграрӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, бахши молиявӣ ва муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ

Рушди сармояи инсонӣ – масъалаҳои демографӣ, шуғли пурмаҳсул, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва муҳити зист

Рушди минтақаҳои кишвар.

Пайгирӣ намудани раванди татбиқи маҷмӯи ислоҳоти зикргардида ва арзёбӣ намудани ҳолати воқеии онҳо тавассути 120 индикатори асосӣ (бо дарназардошти 6 индекси байнисоҳавӣ ва муқоисаҳои байналмилалӣ) анҷом дода мешавад.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии тавсифкунандаи ҳолати воқеии иқтисодиёти кишвар аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда тамоюли зиёдшавӣ дорад. Агар соли 2016 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 54,5 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2017 ба 61,1 млрд. сомонӣ расид, ки афзоиши воқеии он 6,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш 7,1 фоизро ташкил дод. Расидан ба ин нишондиҳандаҳо тавассути таъмин гаштани суръати баланди афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (21,3 фоиз), кишоварзӣ (6,8 фоиз), савдои чакана (6,6 фоиз) ва рушди дигар соҳаҳо муяссар гардид.

Дар Барномаи миёнамуҳлати рушд афзалиятҳои асосии рушди соҳаи саноат, дар навбати аввал такмил додани механизмҳои танзимкунандаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти дохилӣ муайян шудаанд. Татбиқи ин афзалиятҳо имкон медиҳад, ки барои дигаргун намудани иқтисодиёти кишвар, яъне аз аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил ёфтан заминаҳои устувор фароҳам оварда шаванд.

Солҳои 2016 — 2017 зиёда аз 300 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолии саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба соҳаи саноат қариб 800 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб гардид. Афзоиши соҳа мутаносибан 16,0 ва 21,3 фоизро ташкил дод. Аввалин маротиба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 20 млрд. сомонӣ расонида шуд. Аз ҳисоби ба кор даровардани як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ истеҳсоли семент 2,2 маротиба (3,1 млн. тонна дар соли 2017 дар қиёс ба 1,4 млн.тонна дар соли 2015) ва ҳиссаи коркарди нахи пахта 16,1 банди фоизӣ зиёд шуд.

Ноил шудан ба ин нишондиҳандаҳо дар натиҷаи аз ҷониби Ҳукумату парламенти кишвар қабул намудани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба даст омад. Аз ҷумла, Ҳукумати ҷумҳурӣ 23 июни соли 2016 қарор қабул намуд, ки мутобиқи он боҷҳои воридотӣ барои қолинҳо ва маҳсулоти қолинбофӣ ба андозаи аз 15 фоиз то 30 фоиз баланд ва барои ашёи хом ва маҳсулоти барои истеҳсоли онҳо зарур аз 5 — 10 фоиз то сифр (0 фоиз) паст карда шуданд. Ҳамчунин, тибқи қарори дигари Ҳукумат (№ 49 аз 25 январи соли 2017) андоз аз фурӯш ба нахи пахта бекор ва боҷи содиротӣ барои таҳвили он ба андозаи 10 фоиз муқаррар карда шуд.

Бо мақсади тақвияти истеҳсолоти ватанӣ, иқтидори содиротӣ ва воридот­ивазкунии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2016 «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016 — 2020» қабул гардид.

Дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶумҳурииТоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз рӯи усули интенсивӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар назаррас арзёбӣ мешавад. Тахминан аз се ду ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии амалкунандаи ҷумҳурӣ корхонаҳои агросаноатӣ мебошанд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз рӯйи ҳама шакли хоҷагидорӣ дар соли 2017 ба 24,6 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли 2016 ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 6,8 фоизро ташкил дод.

Рушди гидроэнергетика, ҳамчун самти афзалиятноки рушди устувори мамлакат, бештар ба зарурияти баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва сарфаҷӯии он алоқаманд мебошад, зеро ин бахш бинобар самарабахш, нисбатан маблағталабии кам ва зуд иҷрошаванда будан барои ҳалли мушкилоти энергетикӣ мусодиат хоҳад кард. Бо мақсади татбиқи ин афзалиятҳо дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» рушди бахши электроэнергетикӣ дар асоси консепсияи 10/10/10/10 (чаҳор даҳӣ), яъне баланд бардоштани иқтидори лоиҳавии шабакаҳои электроэнергетика то 10 гигаВатт, содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя то 10 млрд. киловатт соат, таъмини диверсификатсияи дигар манбаъҳои энергия на кам аз 10 фоиз (яъне зиёд намудани иқтидори манбаъҳои дигари энергия, аз ҷумла истифодаи ангишт, нефт, газ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия) ва коҳиш додани талафоти неруи барқ дар кишвар то 10 фоиз ба назар гирифта шудааст. Ҳоло иқтидорҳои муқарраргардидаи шабакаҳои электроэнергетикӣ 5718 мегаваттро ташкил медиҳанд, ки 57,2 фоизи нишондиҳандаи ҳадафи стратегиро нишон медиҳад.

Соли 2017 истеҳсоли неруи барқ 18,1 млрд. кВт/соатро ташкил дода, содироти неруи барқ ба 1,4 млрд. кВт/соат расид, ки 15 фоизи ҳаҷми истеҳсолро ташкил медиҳад. Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ татбиқи лоиҳаи минтақавии CАSА — 1000 амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина, имконият фароҳам меояд, ки барзиёдии неруи барқ дар мавсими тобистон ба кишварҳои эҳтиёҷманди Осиёи Ҷанубӣ интиқол ва фурӯхта шавад.

Соҳаи нақлиёт низ зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор дорад. Афзалиятҳои асосӣ ва самтҳои амалиёт дар ин ҷода аз инкишофи минбаъдаи долонҳои нақлиётӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи нақлиёт иборат мебошанд. Тадбирҳои банақшагирифташуда дар ин самт тӯлонӣ ва маблағталабанд. Аз ин нуқтаи назар, ноил гаштан ба ҳама ҳадафи гузошташудаи ин соҳа дар ду сол номумкин аст. Бо вуҷуди ин, тӯли ин давра як қатор пешравиҳо ба даст омад. Аз ҷумла, корҳо оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг, Сайрон — Қаромиқ дар доираи лоиҳаи «Рушди долонҳои 3 ва 5» Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ» тақрибан пурра ба анҷом расиданд; бунёди терминалҳои наздисарҳадии ба талаботи муосир ҷавобгӯ (Кулма, Гулистон, Панҷи Поён, Бобоҷон Ғафуров) идома доранд, барои боркашониҳои байналмилалӣ воситаҳои нақлиётӣ харидорӣ шуданд; таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон дар қисматҳои ҳайкали Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе идома дорад.

Дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» бахши молияи кишвар бояд ба низоми муосири муассисаҳои рақобатпазири молия­вие табдил дода шавад, ки барои пешниҳоди хизматрасонии гуногуни молиявӣ қодир буда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад ва ба таъсири ҳама гуна такон ва омилҳои манфӣ устувор хоҳад буд.

Таҳлили гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон нишон дод, ки соли 2017 ҳаҷми он ба 3 млрд. 970 млн. доллари ИМА расида, дар муқоиса ба соли 2016 ба андозаи 40 млн. доллар зиёд шуда бошад ҳам, вале дар муқоиса ба соли 2015 дар ҳаҷми 360 млн. сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Содироти мол соли 2017 ба 1,2 млрд. доллар расида, афзоиши воқеии он дар муқоиса ба як соли пеш 299,4 млн. долларро ташкил медиҳад. Афзоиши воқеии содирот соли 2017 198,1 млн. доллар таъмин гардидааст. Сабаби болоравии ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, аз ҷумла хӯрокворӣ ба маблағи 273 млн. доллар ва ҳаҷми маъдану консентратҳо дар сохтори содиротии кишвар арзёбӣ мегардад, чунки ҳиссаи он соли 2017 то 32,3 фоиз афзоиш ёфта, бо ифодаи пулӣ ба 387,3 млн. доллар расид, ки дар муқоиса ба соли 2016 – ум 148,4 млн. доллар зиёд аст. Дар натиҷа, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 фоизи соли 2015 – ум то 31 фоиз дар соли 2017 баланд гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдо дар идома оид ба натиҷаҳои ду соли татбиқи барнома дар самти шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаи маориф ва илм ҳамчун афзалияти стратегӣ, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, нишондиҳандаҳои фарогирии кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ, самти фарогирӣ бо мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, таъминоти мактабҳои миёна бо кадрҳои дорои маълумоти олӣ, вазъи дастрасии аҳолӣ бо кумаки аввалияи тиббӣ, сатҳи таъмини муассисаҳои табобатӣ бо мутахассисони маълумоти олии тиббӣ ва кормандони миёнаи тиббӣ, ҳолати таъминот бо оби нӯшокӣ ва як қатор масъалаҳои дигар сухан ронда, изҳор намуд, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар ин муддат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 38 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,1 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.

- Тадбирҳои андешида қаноаткунанда нестанд, — изҳор намуд Неъматулло Ҳикматуллозода. — Зеро захираю имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёд мебошанд. Ин нуктаи назарро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар махсус қайд намуда, доир ба таъмини рушди устувор дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки татбиқи пурра ва саривақтии онҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо дарназардошти моҳияти масъ­ала баррасии он хеле фаъол сурат гирифт. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Қудратов оид ба ҷараёни татбиқи марҳилаи якуми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мулоҳиза баён дошта, аз ҷумла зикр намуд, ки роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати молияи кишвар имрӯз бештар бояд аз хусуси камбудӣ ва имконоти истифоданашуда дар амалӣ кардани Барномаи миёнамуҳлат сухан ба миён меоварданд, зеро таҳлил нишон медиҳад, ки чораву тадбирҳои амалишуда хеле нокифоя мебошанд. Аз ҷумла, барои таъмини рушди устувор заминаи ҳуқуқии мусоид бояд фароҳам оварда мешуд. Ба ин мақсад дар тӯли ду соли аввали татбиқи барнома як силсила қонунҳо, аз ҷумла, «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ», тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи ипотека», дар бораи муфлисшавӣ, суғурта, лизинг ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабул карда мешуд. Мутаассифона, ин кор то ҳол анҷом наёфтааст.

Дар банди 62 Барномаи миёнамуҳлат омадааст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мутасаддии иҷро, мониторинг ва баҳодиҳии барнома вазъи ҷориро таҳлил карда, пешниҳодҳояшро ҷиҳати ислоҳи вазъ манзур менамуд. Масалан, тибқи барномаи миёнамуҳлат ҳар сол бояд дар ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор ҷои нави кор муҳайё карда шавад. Чуноне вазири муҳтарам гуфтанд, соли гузашта андаке беш аз 13 ҳазор ҷои нави кор ташкил карда шудааст, Ҳол он ки давоми беш аз ду сол бояд зиёда аз 200 ҳазор ҷои кори нав фароҳам оварда мешуд.

Илова бар ин, мо пешниҳодоти мушаххас­ро аз рӯи индикаторҳои асосии баҳодиҳӣ, аз қабили паст бурдани сатҳи камбизоатӣ, сатҳи рушди синфи миёна, индекси рушди инсонӣ, индекси пешбурди бизнес, рушди комплекси агросаноатӣ, сатҳи таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва як қатор масъалаҳои дигар интизор будем, ки дар натиҷа аз хусуси иҷрои барнома тасаввуроти равшан ҳосил мешуд.

Дар идома вакилони Маҷлиси намояндагон Баҳром Абдуалимов, Акрамшо Фелалиев, Саидҷаъфар Усмонзода, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳаёт Одинаев, Мирзодавлат Сабурзода, Ҷаббор Ахмедов ва Шариф Раҳимзода фик­ру мулоҳиза баён намуда, доир ба вусъати раванди иҷрои бандҳои барномаи зикршуда пешниҳодоти муфиду мушаххас баён намуданд.

Соати парламентӣ ва натиҷаҳои семинарро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаб­бор Азизӣ ҷамъбаст намуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ