«Равзанаи парлумон» — мушкилкушои шумо!

№21 (3815) 17.02.2018

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули бевоситаи пурсиш ва дархосту пешниҳоди шаҳрвандон, расидагӣ ба арзу шикояти интихобкунандагон, мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум Гӯшаи иттилоотӣ — иртиботии «Равзанаи парлумон»- ро таъсис дод.

Он василаи дарёфти ҳақиқат, посухгӯйи пурсишу дархост, мушкилкушои шумо -  сокинони мамлакат мебошад ва имкони гуфтугӯйи мус­тақимро бо мақомоти қонунгузор фароҳам меорад.

Шаҳрвандони гиромӣ!

Агар ба вакилони Маҷлиси намояндагон савол доред, муаммо ё монеаи сунъие садди роҳатон гардидааст, ба «Равзанаи парлумон» рӯ оваред. ҳама арзу дархости шумо бо шарҳу тавзеҳ тавассути «Равзанаи парлумон» дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ мерасад. Муроҷиат­ҳое, ки дар онҳо ному насаб ва маълумот дар бораи маҳалли зист зикр намегарданд, ба эътибор гирифта намешаванд.

 Телефонҳо барои тамос: 221-13-78; 221-11-43; 221-11-71.

Почтаи электронӣ: Ravzana-2018@mail.ru 

Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон