Роҳбарии ӯ саропо дарси зиндагӣ буд

№152 (4002) 19.12.2019

DSC_0144Яке аз шахсиятҳои муътабар, бузург, хоксор, ҳалим, ҳақпараст, самимию ватандӯст ва сахтгиру тарбиятгар Амиршо Миралиев мебошад, ки бо амри тақдир банда дар роҳи хизмати давлатӣ муддате зери сарпарастии бевоситаи ӯ фаъолият намудаам.

Моҳи июни соли 2007 бо Амри Президенти кишвар сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидам. Ҳамон вақт роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Амиршо Миралиев буд, ки бо сахтгириву сиёсати устувор на танҳо байни кормандони дастгоҳ, инчунин, берун аз он низ ном бароварда буд. Сиёсати ӯро ҳатто баъзеҳо ба сиёсати Сталин баробар мегузоштанд. Ҳар кас, ки маро ба кори нав табрик мекард, эҳтиёт аз ин марди шарифро ёдрас мешуд. Бо гузашти рӯзҳо ва моҳҳо ва назари амиқ ба кору рафтори роҳбар ҳикмати мақоли «овозаи Рустам беҳ аз Рустам», ба тариқи хос гӯё дар симои ин шахсият то ҷое ба ман асар мекард, зеро аз он воҳимаю овоза ва сахтгириҳои беасос, ягон нишоне набуд.

Аммо маълум буд, ки саҳлангорӣ, танбалӣ, фиребгарӣ ва бетафовутиро нисбат ба адои вазифаи хизматӣ қабул надошт. Инро мо аз супоришу назорати иҷрои онҳо ва ҳар саҳар бо ҳар баҳона аз соати 7-и пагоҳӣ миёни гулу буттаҳои даромадгоҳ гаштугузор карданашон эҳсос мекардем. Зеро он гаштугузори одӣ набуд, бо ҳамон тарз назорат мекарданд, ки кормандон кай ба кор ҳозир мешаванд. Ҳангоми дермонӣ як нигоҳ мекарданду халос. Ҳамон кифоя буд, ки корманди дермонда тамоми сол пеш аз роҳбар ба корхона ояд.

Ман супоришу вазифаҳоро сари вақт иҷро мекардам. Ӯ ба корам эрод намегирифт. Вале ҳамеша бо чеҳраи ҷиддӣ муносибат мекард, ҳар қадар хуб кор кунам ҳам, намехандид ва таъриф ҳам наменамуд. Зимни пешниҳоди ҳисобот ва омода намудани матолиби ҷамъбастӣ, агар корҳоям хуб бошанд «бад не, боз хубтар кор кунед, ба кормандонатон низ ёд диҳед,» — мегуфт. Гоҳо таъкид мекарданд: «Аз масъулон қотеона талаб кунед, ба вайронкунандагони қонун ­гузашт накунед». Ҳатто чанд дафъа масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба наздаш даъват намуда, ба мо тартиби муносибат ва талаби корро ёд доданд.

Тарзи роҳбарӣ ва муносибати он кас ба кору фаъолият ба ман, ки аз зинаи устодӣ аз донишгоҳ омада будам, на танҳо нек асар кард, балки ботинан эҳсос ва масъулияти хизматчии давлатӣ ва роҳбариро дар дилам бедор намуд. Рӯзҳо мегузаш­танд, эҳтиёткорона кор мекардам. Пас аз нуҳ моҳ, аниқтараш, 15-уми марти соли 2008, ба назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» ба шанбегӣ раф­тем. Он вақт ҳанӯз роҳбарияти давлат ба ин бино нагузашта буданд. Ҳангоми ҳамвор кардани хоки зери дарахтон ногоҳ аз наздамон ёрдамчии Амиршо Миралиев Наргис гузашта, нимханда карда (он кас одати хуб доштанд, ки доимо бо табассум ҳарф мезаданд ва бо табассум чун амрикоиҳо ба мардум муроҷиат ва муносибат мекарданд), гуфт: «Абдураҳим Ғафорович, шумо камбудӣ кардаед, роҳбар рӯзи душанбе ба шумо мефаҳмонанд…». Ман дар ҳайрат мондам. Албатта, фикр мекардам, ки чӣ кор карда бошам? Тамоми кори дар давоми ҳафта иҷрокардаамро пеши назар овардам, ҳеҷ сабабе намеёфтам. Хулоса, то рӯзи душанбе дар андеша будам. Ниҳоят, рӯзи душанбе ба қабулгоҳ рафта, интизори фаҳмидани иштибоҳ ва сарзаниш шудам.

Ёрдамчии роҳбар маро бо чеҳраи хандон пешвоз гирифта, бастаеро, ки таҳти рақами раёсат буд, ба дастам дод. Гуфтам: иштибоҳе ёфтед? Роҳбар маро қабул мекунанд? Гуфт: Не, иштибоҳи шумо дар ҳамин мактубатон, роҳбар фикрашро гуфт. Шинос шавед. Дарҳол бастаро кушодам. Аввал арақи сард кардам ва сипас нафаси чуқур гирифта, сабук хандидам. Маълум шуд, маълумотномаро доир ба иҷрои як нақша дар варақаи (бланкаи) роҳбар чоп карда, ба ҷойи дар паси маълумотнома имзо кардан ба ҷойи роҳбар имзо кардаам. Ва роҳбар аз қисмати болоии варақа, ки «Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳарфҳои калон навишта шудааст, хатти ишоратие фароварда, як аломати савол гузошта, аз қисмати поёнии он навиштаанд: «нияти нек доред, вале…».

Пас аз ин, чанд муддат аз вохӯрӣ бо роҳбар канораҷӯӣ мекардам. Иттифоқо, рӯзе дар роҳрави баромадгоҳ бо ӯ рӯ ба рӯ шудем. Он кас аз корҳоям пурсон шуда, сипас гуфтанд: «ба мутахассисонат фаҳмон, ки варақаҳоро қабл аз чоп кардан бодиққат хонанд, пас ба имзо ба наздат оранд…»

Ман он вақт дарк кардам, ки Амиршо Миралиев марди оқил ва соҳибхирад, ки мактаби бузурги тарбияи шӯравӣ ва соҳиб­истиқлолиро бо сарбаландӣ паси сар кардааст, зеро тамизи байни иштибоҳи корӣ, хунукназарӣ ва бепарвоиро ба ҳадде ҳазм намудааст, ки усули баёни тариқаи ислоҳи онҳо дар паҳнои фаъолияташ ибратбахш ва намуна буд.

Чеҳра, имову ишора, сухан ва кору фаъолияти ӯ барои ҳар корманде, ки вазифаи касбиашро содиқона ва хуб иҷро мекард, ҳамеша як низоми мукаммали тарбияи роҳбариро мемонд, ки бо тариқаи хос ҷавононро дар самти амалӣ намудани сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ватандӯстӣ ва афзалияти манфиатҳои умумии миллат ва давлат тарбия ва омода мекард. Ӯ дар назар сахтгиру ҷиддӣ, вале дар асл хеле хоксору одист. Баъзан шӯхиҳое мекард, ки бовари кас намеомад, ки он суханонро ӯ мегӯяд. Шахсан, барои ман ҷиҳати амалӣ намудани ғояҳои олии Пешвои миллат зери роҳбарии ӯ кор ва фаъолият намудан боиси ифтихор ва сарбаландӣ буд.

Дар фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ низ Амиршо Миралиев комёб аст. Ман ба ин хулоса, бо дарназардошти фаъолияташ дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаам. Номбурда аз моҳи марти соли 2000 то моҳи феврали соли 2001 вакил, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба одоби вакилон буд ва як муддат (замони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат будан) раисии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсияро ба зимма дошт. Дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати чорум муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Вай дар баробари сарпарастии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доштан, бевосита дар таҳияи қонунҳои нав ба сифати субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фаъолона ширкат меварзид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо дар иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон низ таъкид менамуданд, ки дар такмили аксари лоиҳаҳо маслиҳату пешниҳодоти Амиршо Миралиев нақши бориз доштанд. Ба ҳамин хотир буд, ки Амиршо Миралиев бо мукофоти олитарини Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ — ордени «Содружество» мукофотонида шуд.

Чунин мисолҳои мушаххасро дар ҳаққи устоди сахтгиру хоксор, ҳалиму донишманд ва дурандеш Амиршо Миралиев метавон зиёд овард. Зеро Амиршо Миралиев аз зумраи пешқадамоне буд, ки дар мактаби давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо ва дигарҳо бештар заҳмат кашидааст. Бахусус, дар тарбия ва омода кардани кадрҳо саҳми қаҳрамони матлаб назаррас ва сазовори эҳтироми хоса аст.

Агар роҳбарону устодон мисли Амиршо Миралиев бештар бошанд, албатта, ҷомеа боз ҳам ободтару зиндагӣ гуворотар ва амалӣ шудани нияту ормонҳои неку созандаи Пешвои миллат ва халқи Тоҷикистон осонтар мегардад.

Барояшон рӯзгори пурсаодатро таманно дорем

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор