Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Роҳбарони сохторҳои маҳаллии маорифро минбаъд вазорати маориф ва илм барканор ва таъин хоҳад кард

№123 (4229) 03.10.2020

DSC_9907Якуми октябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Зарур аст, ки пеш аз баррасии масъалаҳои рӯзнома мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи иҷлосия ва Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Ба ҳайси раиси котиботи иҷлосия номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, аъзои котибот номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ, № 28 Ашурзода Гулбаҳор Сангилло ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён, №31 Файзуллозода Зафар Хайрулло пешниҳод карда мешаванд.

Доир ба ҳайати пешниҳодшуда таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро дар ин хусус ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ҳамин тавр, ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро низ интихоб менамоем.

Ба ҳайси раиси он номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Хайрулло Амонулло, аъзои комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун, №33, Шарофзода Гавҳар ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, №21 Шодизода Парвиз Шодибой пешниҳод карда мешавад.

Доир ба ҳайати пешниҳодшуда таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро дар ин хусус ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки барои назорати сис­темаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум «Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ»-ро интихоб намоем.

Ба ҳайси роҳбари гурӯҳ номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, №19 Раҷабзода Равшан Муҳитдин, аъзои гурӯҳ номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён, №27 Шодиён Муҳаммад Султонзода пешниҳод карда мешавад.

Доир ба ҳайати пешниҳодшуда таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Хоҳишмандам вакилоне, ки ба ҳайати котибот, комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шуданд, ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Инчунин, зарур аст, ки дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад. Марҳамат!

ФАТТОҲЗОДА Саидмурод Самад: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба тариқи зайл пешниҳод мегардад:

Мутобиқи банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Рафти кори ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.

3. Маводи кори ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шаванд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Сафарзода Бахтовар Амиралӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор баровардани Сафарзода Бахтовар Амиралӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

6. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019

7. Дар хусуси нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб».

 РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо  шурӯъ менамоем.

Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ».

Вакилони муҳтарам! Чуноне ба шумо маълум аст, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ намояндаи комилҳуқуқи парлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид. Бинобар ин, зарур аст, ки ваколати вакилиаш қатъ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Сафарзода Бахтовар Амиралӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор баровардани Сафарзода Бахтовар Амиралӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ барои хизматҳои шоиста ва дас­товардҳои арзандаи меҳнатӣ дар соҳаи қонунгузорӣ, густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад. Ҳоло бо камоли эҳтиром онро ба Сафарзода Бахтовар Амиралӣ тақдим менамоям.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дода мешавад.

САЛОМИЁН  Муҳаммаддовуд Қаюм: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» 30 июли соли 2020 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №422 ва № 423 тасдиқ гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешбинӣ шудааст ва ҳадафи таҳияи он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар муддати қариб 10 сол сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешуданд.

Соли 2014 ба моддаи 201 қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуд ва дар асоси он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 таҳти №694 «Дар бораи Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» тасдиқ гардид ва таъину озод кардани сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешуд.

Таҳлилҳо собит намуданд, ки тағйироти ахиран воридгардида боиси то андозае аз назорат дур мондани фаъолияти сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, таъин шудани шахсони тасодуфию бесалоҳият ва кам гардидани эътибори омӯзгор дар ҷомеа гардид.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар 15 шаҳру ноҳия собиқаи кории дар соҳаи маорифи сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф аз 50 фоиз камтар мебошад. Илова ба ин, дар 26 шаҳру ноҳия (дар маҷмӯъ 38,2 фоиз) сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф шахсоне таъин шудаанд, ки фаъолияти пешинаашон ба ин соҳа умуман алоқаманд нест. Қисме аз сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф қаблан дар соҳаи фарҳанг, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муовинон ва раисони ноҳия, ҷамоатҳо, бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ кору фаъолият кардаанд.

Бо дарназардошти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм будани Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина, бо мақсади таъини шахсони масъулиятшинос, донандагони паҳлуҳои соҳаи маориф ба ҳайси сардорони сарраёсат, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф лоиҳаҳои мазкур омода карда шудаанд.

Дар асоси тағйироти зикршуда, минбаъд сардори сарраёсати маориф, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Ин раванд танҳо бо мақсади низоми ягонаи соҳаи маориф ва дар ин замина назорати сифати таълиму тарбия ва беҳтар намудани раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст ва дар онҳо омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Лоиҳаҳои мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрҳои ҳуқуқӣ мухолифат надоранд. Амалӣ шудани онҳо барои ба танзим овардани фаъолияти сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нақши муҳим мебозад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

(Давом дорад)

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ