Ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Роҳи автомобилгарди «Обигарм — Нуробод» таҷдид хоҳад шуд

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

Бисту ҳаштуми феврали соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор гардид.

 DSC_5813РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред!

Ҳоло дар толор 57 нафар вакилон ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният

2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод»

3. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод)»

4. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4780-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе»

5. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе»

6. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ»

7. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният» аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан, терроризм ва экстремизм, равона шудааст.

Созишнома 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар ба имзо расонида шуда, аз муқаддима ва 17 модда иборат мебошад. Тибқи он, Тарафҳо дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла, ҷиноятҳои вазнин ва муташаккил, инчунин аз рӯи самтҳое, ки дар созишнома пешбинӣ гардидаанд, ҳамкорӣ менамоянд.

Дар муқаддимаи созишнома асосҳо барои баста шудани он ифода ёфта, дар моддаи 1 тартиби ҳамкории Тарафҳо дар мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва дигар ҷиноятҳо, ки 18 самтро фаро мегирад, пешбинӣ шудааст.

Моддаи 2 ҳамкории Тарафҳоро дар самти кофтукови шахсони фирорнамудае, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд содир шудааст, муайян месозад.

Моддаҳои 3 — 4 вазифаҳои Тарафҳоро дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти амниятӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани алоқаҳои байниҳамдигарии онҳо пешбинӣ менамояд.

Моддаҳои 5 — 7 тартиби иҷрои дархостҳо, пурра ё қисман рад кардани онҳо, уҳдадории Тарафҳо оид ба риояи махфияти иттилооти дастрасгардида ҳангоми амалисозии ҳамкорӣ мавриди танзим қарор гирифтааст.

Дар моддаҳои 8 — 10 ҳуқуқу уҳдадории Тарафҳо ва таносуби онҳо бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ, гузаронидани ҷаласаҳои муштараки роҳбарони олимақом, масъалаи пардохти хароҷот инъикос гардидааст.

Дар моддаҳои 11 — 12 ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ҳангоми сар задани ихтилофот ва мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаҳои 13 — 14 тартиби тағйир додани муқаррароти созишнома тавассути протоколҳои алоҳида ва иҷрои фаъолияти қаблан оғозгардида ҳангоми қатъ шудани он баён гардидаанд.

Моддаҳои 15 — 16 масъалаҳои вобаста ба забони кории ҳамкорӣ миёни Тарафҳо ва тартиби қатъ намудани онҳоро пешбинӣ менамоянд.

Моддаи 17 муҳлати амали созишнома, масъалаҳои эътибори қонунӣ пайдо намудани онро ба танзим медарорад. Лоиҳа бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқа карда, таклифу эродҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба инобат гирифта ­шудаанд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони мардумӣ, аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади инкишофи муносибатҳои дӯстона, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии соҳаҳои амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва боло бурдани сатҳи фаъолияти мақомоти амнияти Тарафҳо, инчунин, муҳим будани ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои амният, мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва чораҷӯӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи номбурдаро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 18 феврали соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод» шурӯъ мекунем. Бо дарназардошти он ки масъалаи сеюми рӯзнома — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод)» бо масъалаи баррасишаванда пайвастагии наздик дорад, аз муовини вазир хоҳиш менамоем, ки ҳар ду масъаларо якҷоя шарҳ диҳанд.

Сухан аз рӯи ин масъалаҳо ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад.

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Маблағи умумии лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм- Нуробод)» 350,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад:

- 110, 0 млн. доллари ИМА гранти Бонки Осиёии рушд;

- 40,0 млн. доллари ИМА қарзи Фонди ОПЕК;

 - 150,0 млн. доллари ИМА қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд;

- 50,0 млн. доллари ИМА қарзи Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор мебошад.

Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 28,1 млн. доллари ИМА буда, он барои пӯшонидани андозҳо, ҷуброни замин ва кӯчонидани аҳолӣ ҷудо мегардад. Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод мебошад.

Роҳи мазкур бо мақсади иваз намудани роҳи мавҷудаи дар доираи сохтмони НБО «Роғун» зериобшаванда бунёд мегардад.

Лоиҳа ба се зерқисмат тақсим шудааст:

1. Сохтмони қитъаи Обигарм — Тагикамар: 30 км роҳи дутарафаи иқлимӣ, ду нақб (нақби якум — 1,6 км ва нақби дуюм- 1,7 км) ва сохтмони 30 км роҳҳои маҳаллиро дар бар мегирад, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мегардад;

2. Сохтмони қитъаи Тагикамар — Нуробод: 44 км роҳи дутарафа, як нақб бо дарозии 2,6 км. Як кӯпруки муваққатӣ (то сохтмони кӯпруки асосӣ дар соли 2022) ва сохтмони 40 км роҳҳои маҳаллиро фаро мегирад, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад;

3. Сохтмони кӯпруки асосии сайёҳӣ бо дарозии 750 метр, ки аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор маблағгузорӣ мегардад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2,3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод)» 31 декабри соли 2019 ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод» 31 январи соли 2020 ба имзо расонида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидаанд.

Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод буда, дар маҷмӯъ, рушди роҳравҳои нақлиёт ва сода намудани тартиби тиҷоратро дар минтақаҳои «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5» дастгирӣ менамояд. Таъсири лоиҳа барои суръат бахшидан ба рушди савдо дар ин минтақаҳо мусбат арзёбӣ мегардад.

Кумитаи масъул 26 январи соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои молия ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани созишномаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онҳоро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаҳои баррасишаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошанд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онҳоро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2,3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ шурӯъ менамоем. Бо дарназардошти он ки он ба масъалаи баъдина алоқамандии зич дорад, пешниҳод менамоям, ки оид ба ҳар ду масъала як гузориш пешниҳод карда шавад.

Ҳоло «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D 4780-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад.

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Маблағи умумии лоиҳаи «Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» 32,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла, 21,7 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ (баробар ба 30 млн. доллари амрикоӣ) аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ ва 2 млн. доллари амрикоӣ саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа аз баланд бардоштани сифати хизмат­расонии обтаъминкунию корезӣ дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва беҳтар намудани фаъолияти коммуналии корхонаҳо иборат мебошад.

Барои амалисозии лоиҳа мавзеи қисмати шимолу ғарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (маҳаллаи Зарафшон) интихоб шуда, бо дарназардошти Нақшаи генералии шаҳри Душанбе чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

1) Ивази қубурҳои обрасонӣ бо дарозии 62,530 км;

2) Ивази қубурҳои корезӣ бо дарозии — 27,250 км;

3) Харид ва насби таҷҳизот барои сарфаи энергияи барқ дар насосҳои барориши сеюм — 21 адад;

4) Сохтмони ду обанбори ғунҷоишаш 12000 метри мукааб;

5) Харид ва насби обҳисобкунакҳо — 40 000 адад;

6) Дастгирии институтсионалии КВД «Обу корези Душанбе».

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 120 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Душанбе аз хизматрасонии таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии минтақа беҳтар карда мешавад. Инчунин, сифати оби ошомиданӣ баланд ва нишондиҳандаҳои хизматрасонии КВД «Обу корези Душанбе» ба сокинони пойтахт афзуда, талафоти оби нӯшокӣ ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ кам мегардад.

Бо дарназардошти афзалиятнокии масъала, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат Сабурзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D 4780-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе», ки 14 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 25 феврали соли 2020, № 2576 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул созишномаи мазкурро 26 феврали соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дод. Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» 14 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 27 феврали соли 2020, № 2584 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул созишномаи зикршударо 27 феврали соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D 4780-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии ­масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» оғоз намуда, суханро аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф ­Хайрулло медиҳем.

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Маблағи умумии лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» 11,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла, 10,0 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд ва 1,0 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба таври озодкунӣ аз андозҳо).

Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтаркунии иншооти сайёҳӣ дар чаҳорчӯбаи «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Як қисми лоиҳаҳои тарҳрезишаванда соҳаи сайёҳиро дар бар гирифта, қисмати дигараш ба соҳаҳои гуногун (мултисектор) яъне, дар самти барқарорсозии роҳҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар (масалан, роҳи Сарихосор ва ғайра) ва дар самти таъмини инфрасохтори зарурӣ барои иншооти сайёҳӣ (таъмин бо барқ) равона мегардад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

- ба маблағи 9,1 млн. доллари амрикоӣ: омодасозии лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо дар ҷомеа, муайян намудани рӯйхати сармоягузориҳо, хизматрасониҳои машваратӣ;

- ба маблағи 186,0 ҳазор доллари амрикоӣ: хариди молҳо;

- ба маблағи 700,0 ҳазор доллари амрикоӣ: чорабиниҳои ғайричашм­дошт.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Дар баррасии ­масъала муовини якуми раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло иштирок дорад. Шумо, муҳтарам Амирбекзода, оид ба масъала сухан гуфтан мехоҳед?

Ҳабибулло Амирбекзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур тарҳрезии лоиҳаҳои нав дар соҳаи сайёҳӣ тавассути беҳтаркунии иншооти сайёҳӣ дар чаҳорчӯбаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030» мебошад.

Маблағҳои пешбинигардида пурра барои тарҳрезии лоиҳаҳои нав (4-5 адад) бо таҳияи асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва дарёфти механизми маблағгузории онҳо равона мегардад.

Маблағгузории лоиҳаҳои тарҳрезишаванда баъд аз омода гардидани онҳо дар солҳои минбаъда, мувофиқи лоиҳаи «Нақшаи тиҷорати амалиётӣ барои солҳои 2020-2022» ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва дигар шарикони рушд дар назар дошта шудааст.

Боиси зикр аст, ки амалишавии лоиҳаи мазкур ду қисмат (компонент)-ро дар бар мегирад:

- такмили низоми омории соҳаи сайёҳӣ, мутобиқгардонӣ ба стандартҳои ҷаҳонии омори сайёҳӣ тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС);

- омӯзиши иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон.

Барои омӯзиши иқтидорҳои сайёҳӣ беш аз 3000 нафар сайёҳи хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда мавриди пурсиш қарор гирифта, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилии соҳа омода карда мешавад.

Барои муайян намудани иқтидори сайёҳии дохилӣ аз 2000 нафар сайёҳи дохилӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиш гузаронида мешавад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям созишномаи зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ», ки 31 декабри соли 2019 ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон онро 27 феврали соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд, ки дар натиҷа аз тарафи иштироккунандагон ҷонибдорӣ ёфт.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони гиромӣ, аз шумо хоҳиш менамоям Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Дар кори ҷаласа 15 дақиқа танаффус эълон карда шуд.

Давоми ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор пеш бурд.

АЗИЗӢ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор: - Вакилони муҳтарам, кори ҷаласаро идома медиҳем.

Ба таваҷҷуҳи шумо гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод мегардад.

Бо камоли эҳтиром сухан оид ба ин масъала ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад.

(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» дар ҳамин шумора алоҳида нашр шуд).

АЗИЗӢ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор:

- Ташаккури зиёд, Раиси муҳтарам.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки бо сарварии шумо, Шукурҷон Зуҳурович — ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон дар даъвати гузашта Маҷлиси намояндагон тавонист рисолат ва вазифаи хешро дар назди давлат ва миллати тоҷик сарбаландона иҷро намояд.

Аз номи ҳамаи вакилон ба шумо, Раиси муҳтарам, барои роҳнамоии хирадмандона арзи сипос карда, барои ҳамкорони муҳтарамамон барои фаъолияти самаранокашон дар такмили қонунгузории мамлакат ва ҳалли дархостҳои интихобкунандагон изҳори миннатдорӣ баён менамоям.

Вакилони гиромӣ, гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид. Ба мо лозим аст оид ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба маълумот гирифта шавад.

Вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам нисбат ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи хотимавӣ ворид карда шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Кори ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ