Муҳокимаи парламентӣ

Роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳибкории хурду миёна кадоманд?

№132 (3926) 03.11.2018

 DSC_862831 октябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавзӯи «Такмилу тақвияти дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна: мушкилот, роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» муҳокимаи парламентӣ доир гардид, ки дар он роҳбарону намояндагони Маҷлиси миллӣ, вазорату идораҳои марбута, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳибкорон ҳузур доштанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар оғоз моҳияти масъаларо ба ҳозирин баён намуда, мақсад аз баргузории ҷаласаро таҳлили вазъи воқеии соҳибкории хурду миёна дар мамлакат маънидод кард.

- Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасос ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ моҳи феврали соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардид, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев. — Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, соҳибкории хурду миёна на танҳо ташаккулдиҳандаи ҳиссаи асосии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, балки ташкилкунандаи шумораи бештари ҷойҳои корӣ, хусусан мардуми деҳот мебошад. Рушди соҳибкорӣ боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва афзудани шумораи табақаи миёнаҳол мегардад. Бинобар ин, бояд дар фаъолияти соҳибкории хурду миёна рақобати солиму озодро таъмин намоем.

«Дарвоқеъ, танҳо ҳамон соҳибкоре ба рақобат тоб оварда метавонад, ки дорои маълумоти илмҳои замонавӣ, технологияи муосиру инноватсионӣ мебошад. Яъне, ҳамонҳое, ки арзиши аслии маҳсулотро кам карда, бо нархи арзонтар ба бозор пешниҳод мекунанд, муваффақ мешаванд», — иброз дошт Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода зикр намуд, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис гардида, аз соли 2015 фаъолият дорад. Он аз давраи фаъолият барои дастгирии 164 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 222,4 миллион сомонӣ фаъолона ширкат намудааст, ки дар 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар амалӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амал менамояд, ки дар ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд шомил буда, мунтазам вохӯрию ҷаласаҳо доир намуда, баҳри беҳдошти фаъолияти соҳибкорон чораҷӯйӣ мекунанд.

Бо дарназардошти супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон, ки 14 октябри соли 2017 баргузор гардид, аз 1 январи соли 2018 бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд.

- Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон дошта, баҳри рушду равнақи ҳунарҳои миллӣ ҳунармандонро аз пардохти андозҳо озод намуданд, ки боиси ҳавасмандии онҳо гардид. Сардори давлат, инчунин таъкид намуданд, ки тибқи санадҳои барномавӣ ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоя­гузории умумӣ то соли 2030 ду баробар афзоиш дода мешавад. Чунин ҳадаф аъзои Маҷлиси миллиро водор месозад, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи давлатӣ ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоя­гузорӣ дар маҳалҳо ­эътибори аввалиндараҷа диҳем, — гуфт Раҳмоналӣ Амирзода.

Агарчӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну қарори зиёд оид ба рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёна қабул гардида бошад ҳам, то ҳол ­масъалаҳои ҳалношуда хеле зиёданд.

Таҳлили муқоисавии вазъи соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии рушди соҳибкорӣ дар Қирғизистон нисбат ба нишондиҳандаҳо дар Тоҷикистон беҳтаранд.

Гарчанде аҳолии Қирғизистон нисбат ба аҳолии Тоҷикистон 31,3 фоиз камтар бошад ҳам, дар ҷумҳурии ҳамсоя шумораи субъектҳои соҳибкории хурду миёна нисбат ба Тоҷикистон беш аз 2 маротиба (мутаносибан 808437 ва 301296 адад) зиёд аст. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар аҳолӣ як субъекти соҳибкорӣ рост ояд, дар Ҷумҳурии Қирғизистон зиёда аз 4 маротибаро ташкил медиҳад.

Дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ асоси маблағгузории сармояҳои нав буда, имкон медиҳад, ки соҳибкорон соҳиби дороӣ гарданд. Сатҳи пасти капитализатсияи бонкҳо, хавфи баланди барнагардонидани қарзҳо ва беқурбшавӣ, ки хароҷоти бо он вобаста, пеш аз ҳама, ба меъёри фоиз дохил карда мешавад, мушкилоти асосии қарздиҳӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ аз рӯи нишондиҳандаи «Дастрасӣ ба қарз»-и ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»- и Бонки ҷаҳонӣ мавқеи 122-юмро ишғол намуд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода иброз намуд, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои соҳибкорон дар сатҳи маҳал ҷиҳати татбиқи қонунгузории ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ дар 59 шаҳру ноҳияи мамлакат шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ҷумҳурӣ дар самти бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ ислоҳот гузаронида шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шуд ва низоми «Равзанаи ягона» ҷорӣ гардид.

Аз соли 2009 муҳлати бақайдгирӣ барои шахсони ҳуқуқӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз, шумораи мақомоти бақайдгиранда аз 4 то 1 ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ аз 10 то 6 номгӯй кам гардида, расмиёти мувофиқакунонии бақайдгирӣ бо мақомоти давлатӣ аз байн бурда шуд.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз 158 ҳазори соли 2007 то ба 313,4 ҳазор дар соли 2018 расида, 2 маротиба афзуд.

Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 97 имтиёзу сабукиро муқаррар намудааст.

Солҳои 2015 — 2017 ҳаҷми умумии имтиёзи андозию гумрукии ба соҳибкорону сармоягузорон додашуда 10 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон боқӣ монда, ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат мекунад, — гуфт Фаррух Ҳамрализода.

Зикр гардид, ки бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо 39 кишвари хориҷӣ созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расидааст. Ҳоло соҳибкорони ватанӣ бо беш аз 80 давлати хориҷӣ амалиёти содиротию воридотӣ амалӣ намуда, ҳамчун шарики боэътимод эътироф шудаанд. Дар баробари ин, дар Стратегияи миллии рушд як қатор хавфҳо муайян гардидаанд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъсир мерасонанд.

Сатҳи пасти рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, маҳдуд будани бозори дохилӣ ва ҳамгироии заифи байналмилалии тиҷоратию иқтисодӣ, иқтидори нокифояи бахши хусусӣ бинобар гузариши ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ, ҳиссаи пасти сармоягузориҳои дохилӣ ва пасандозҳо, дастрасии маҳдуд ба молия ва мавҷуд набудани механизми худмаблағгузорӣ, тақозои идомаи ислоҳот дар самти маъмурикунонии андоз аз низоми имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар хусуси сиёсати молиявӣ — қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорони хурду миёна зикр намуд, ки дар доираи ислоҳоти соҳа ҳадди ақали даромад барои бақайдгирӣ ба сифати андоз аз арзиши иловашудаи субъектҳои соҳибкорие, ки фаъолиятро тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ ба роҳ мемонанд, аз 500 ҳазор сомонӣ то ба 1 млн. сомонӣ зиёд карда шуд.

Аз рӯи маълумоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва қарзии хориҷӣ беш аз 64 млн. доллари амрикоӣ ҷалб ва тавассути он 79 лоиҳаи сармоягузорӣ дар 51 шаҳру новоҳии кишвар амалӣ ва беш аз 6 ҳазор ҷойи нави кории мавсимӣ ва доимӣ таъсис дода шудааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёнаи ба фаъолияти истеҳсолӣ машғулбуда, аз ҳисоби маблағҳои Бонки давлатии рушди Чин ба соҳаҳои саноат 2,8 млн. доллари амрикоӣ, ­сохтмон — 9,0, тиҷорат — 7,8, кишоварзӣ — 15,5 ва дигар соҳаҳо 5,9 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст.

- Дар ҳошияи робитаҳои иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳуриии Ӯзбекистон «Амонатбонк» 43 млн. доллари амрикоӣ бо Ӯзбекистон созишномаҳои қарзӣ ба имзо расонид. Маблағҳои имтиёзноки қарзиро соҳибкорон бо мақсади гузаронидани амалиётҳои тиҷоратӣ дар самти воридоти автомобилҳо, молу маҳсулоти нассоҷӣ, сохтмонӣ, хӯрокворӣ, маишӣ, кимиёӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра метавонанд истифода намоянд, — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зикр намуд, ки тибқи маълумот аз «Феҳрис­ти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ» то 1 октябри соли 2018 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 314,3 ҳазор субъекти хоҷагидори амалкунанда мавҷуд буда, бештар аз 90 фоизи онҳоро субъектҳои соҳибкории хурду миёна ташкил менамояд. Бинобар ин, он сабукӣ ва имтиёзи зиёди андозие, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ карда шудаанд, пеш аз ҳама, ба ҳамин табақаи соҳибкорон равона карда шудаанд.

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 низоми махсуси андозбандӣ муқаррар шуда, мутобиқи онҳо тартиби содакардашудаи ҳисоботи андоз ва пардохти танҳо намудҳои алоҳидаи андоз бо меъёри паст пешбинӣ шудааст, ки барои рушди соҳибкории хурд имконияти васеъ фароҳам меорад. Аз ҷумла, низоми махсуси андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) ва низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.

Имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, ки ба дастгирии сармоягузорон ва соҳибкорон равона карда шудаанд, дар қонунгузории амалкунанда зиёд буда, тибқи таҳлилҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ номгӯи онҳо 85 фоизи шумораи умумии сабукӣ ва имтиёзи барои сармоягузорон ва соҳибкорон муқарраршударо ташкил дода, аз соли 2014 то соли 2018 теъдоди ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ аз 61 ба 97 адад расида, афзоиши имтиёзҳои иловагӣ 59 фоизро ташкил додааст.

Алҳол субъектҳои соҳибкорӣ бо истифода аз барномаи компютерӣ метавонанд эъломияро бе ташриф овардан ба мақомоти андоз, аз тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, ки дар натиҷа, вақти онҳо сарфа, хароҷот ва ба миён омадани омилҳои коррупсионӣ кам мегардад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ эъломия пешниҳод менамоянд, 14480 адад зиёд шуда, дар натиҷа, бо истифода аз барномаи компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» зиёда аз 74070 андозсупоранда эъломияро бо тартиби зикршуда пешниҳод намуда истодаанд, — гуфт Аюбҷон Солеҳзода.

Мутаассифона, як қисмати соҳибкорон ҳоло ҳам дидаву дониста ба қонунвайронкунӣ роҳ дода, аз ҳисоб ва пардохт намудани андоз канораҷӯӣ менамоянд. Дар 9 моҳи соли равон тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба фаъолияти 1408 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 559,5 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои дар солҳои қаблӣ ошкоршуда, дар маҷмӯъ, ба буҷет 521,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ, зиёда аз 3700 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардида, онҳо расман ба қайд гирифта, бо патент ва шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ таъмин карда шуданд.

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар бораи дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба захираҳои молиявӣ маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон ба онҳо 345 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Бо таъсири буҳрони молиявӣ ҷалби сармоя кам гардида, то андозае ба фаъолияти бонкҳо таъсири манфӣ расонд. Аз тарафи дигар камшавии ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мамлакат низ ба ин раванд бетаъсир намонд.

- Моҳи октябри соли равон зимни додани қарз бо пули миллӣ суди бонкӣ то 3 фоиз кам карда шуд. Мо кӯшиш ба он дорем, ки минбаъд хароҷоти дуюминдараҷаро камтар намоем, — гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода дар бораи натиҷаи фаъолияти санҷишиву назоратӣ нисбат ба соҳибкорони хурду миёна маълумот дода, таъкид намуд, ки ҳифзи соҳибкорон шарти муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагӣ ба ҳисоб рафта, таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Новобаста ба чораҳои андешида, дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудию қонунвайронкунии зиёд, аз қабили банақшагирии нодурусти санҷишҳо, дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорон, гузаронидани санҷишҳои ғайриқонунӣ, тамаъҷӯӣ аз субъектҳои соҳибкорӣ, сари вақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои онҳо ва ғайра ҷой доранд, ки ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад.

Гузаронидани санҷишҳои пай дар пай то ҳол идома дошта, аз 87427 санҷиши дар 9 моҳи соли ҷорӣ гузаронидаи мақомоти санҷишӣ 17875 адад ғайринақшавӣ ва 5240 адад такрорӣ мебошанд.

Мақомоти марбута ба ҷои 64312 санҷиши бо Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ мувофиқашуда қариб ним баробар зиёд, яъне 23115 санҷиши берун аз нақша гузаронидаанд.

- Санҷишҳои зиёди берун аз нақша, асосан ба мақомоти назорати фаъолияти фармасевтӣ (9683 адад), оташнишонӣ (6293 адад), Агентии «Тоҷикстандарт» (1518 адад) ва ҳифзи муҳити зист (1270 адад) рост меояд, — гуфт Ҳотам Назарзода.

Барои гузаронидани санҷишҳои беасос ва ғайриқонунӣ танҳо соли 2017 ва тӯли 9 моҳи соли равон 155 корманди мақомоти назоратию санҷишӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шуданд.

Солҳои 2013 — 2017 ва 9 моҳи аввали соли 2018 ба мақомоти прокуратура 325 муроҷиати соҳибкорон оид ба амалҳои ғайриқонунии ­масъулони мақомоти назоратӣ ворид гардиданд, ки зимни санҷишҳо ваҷҳу далелҳои бисёре аз онҳо тасдиқ ва 54 адад ё 16,6 фоиз қонеъ карда шуданд.

Вобаста ба масъала, инчунин мушовири иқтисодии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф Ҷӯраев, раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева, раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ Азизбек Шарифов ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ фикру андеша баён намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳозирин барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таклифу пешниҳодҳои ироашударо ба инобат гирифта, зимни такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ амалкунанда тағйиру иловаҳои заруриро пешниҳод менамоянд.

Дар хотима аз рӯи масъалаи баррасишуда қарору тавсияҳо қабул шуд.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ