Ҳамкориҳои байнипарламентӣ

Робитаҳо таҳким меёбанд

№151 (3452) 09.11.2015

DSC_0430Панҷуми ноябри соли 2015 бо ҳамраисии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайати парламентии Парламенти Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, ҳайати парламентии Парламенти Иттиҳоди Аврупоро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва зимни суханрониаш аз ҷумла иброз дошт, ки мо ба тақвияти муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Парламенти Иттиҳоди Аврупо диққати ҷиддӣ медиҳем. Шартномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 дар Люксембург ба имзо расида, соли 2010 ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маросими ба тасвиб расонидани онро ба охир расониданд ва инак, панҷ сол аст, ки шартномаи мазкур амал менамояд. Дар чаҳорчӯбаи шартномаи зикршуда, ҳамкории байнипарламентии Парламенти Иттиҳоди Аврупо ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, имрӯз мо ба ҷаласаи чоруми хеш гирдиҳам омадем.

Шариф Раҳимзода дар идома Иттиҳоди Аврупоро муҳимтарин шарики байналмилалии Тоҷикистон унвон карда, таъкид дошт, ки нақши Иттиҳоди Аврупо дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои муҳитарини хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисод, иҷтимоиёт, ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят арзишманд мебошад. Вазифаи асосии парламентҳои мо аз фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои тавсеаи робитаҳои дуҷониба иборат аст ва давоми панҷ соле, ки мо ҳамкорӣ дорем, нақшаҳои тарҳрезигардида давра ба давра амалӣ шуда истодаанд.

Сипас, Шариф Раҳимзода ҳайати парламентии Тоҷикистонро ба меҳмонон муаррифӣ намуд.

Роҳбари ҳайати парламентии Парламенти Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар суханронии ифтитоҳии ҷавобиаш  қабл аз ҳама иштирокчиёни ҷаласаро аз ҷониби Парламенти Иттиҳоди  Аврупо муаррифӣ карда, дар идома иброз дошт, ки мо аз рушди соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд ҳастем. Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи шарикони боэътимоди хеш дар Осиёи Марказӣ медонад ва омода аст дар ҳама маврид аз мавқеи Тоҷикистон пуштибонӣ намояд.

- Мо шоҳиди пешрафтҳои мардуми Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳастем ва боварӣ дорем, ки ин раванд дар Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбад, — изҳор дошт Ивета Григуле.

Баъд баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ гардид. Оид ба масъалаҳои рӯзнома -  «Вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва муносибатҳо миёни Парламенти Иттиҳоди Аврупо ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи вохӯрӣ дар Комиссияи ҳамкории байнипарламентӣ (моҳи июли соли 2013)», «Вазъи иқтисодӣ ва мушкилиҳои Тоҷикистон», «Вазъи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Озодии виҷдон ва волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва пешгирии паҳншавӣ ва роҳёбии маводи мухаддир ба кишварҳои аврупоӣ», «Рушди соҳаи кишоварзӣ ва имкони маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозорҳои аврупоӣ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф», «Ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ», «Мусоидат ба татбиқи сиёсати муассири обии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ва вазъияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди баровардани қӯшунҳои эътилофӣ», «таҳкими сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Шариф Раҳимзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Рустам Латифзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Лутфия Раҷабова, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Олим Салимзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ва аъзои ҳайати Парламенти Иттиҳоди Аврупо Йоахит Зеллер, Исмоил Эргут, Андрес Мамикинс, Ричард Чернетский, Виктор Успаских, Улрика Мюллер ва Костадинка Кунева суханронӣ карданд.

Ҷаласа дар фазои озоди андешаронӣ сурат гирифт. Иштирокчиёни ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Иттиҳоди Аврупо доир ба натиҷаҳои ҷаласа изҳороти якҷоя қабул карданд.

Дар поёни ҷаласа Шариф Раҳимзода ва Ивета Григуле барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»