Робитаҳои байнипарламентӣ густариш меёбанд

№110 (3904) 08.09.2018

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат буда, дар байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мавқеи махсусу намоёнро ишғол менамояд. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда ва касбӣ буда, дар доираи салоҳият қарор қабул мекунад, ки иҷрои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ (соли 1999) ва қабул гардидани қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйи кор омад. Он натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва оромиву субот дар мамлакат аст, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст.

Яке аз самтҳои муҳим ва асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои байнипарламентӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба масъалаи тақвият ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои самарабахшу суд­манд ва гуногунҷанба бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои мухталифи байнипарламентии ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Мақоми олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон узви фаъоли Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ғайра буда, бо онҳо гурӯҳҳои миллии парламентӣ таъсис додааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пазируфта шудаанд ва чанд нафари онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи онҳо фаъолият менамоянд. Бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои ҷумҳуриҳои Хитой, Япония, Ветнам, Покистон, Туркия, Ҳиндустон, Куба, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Арманистон, Қирғизис­тон, Олмон, Корея, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия ва ғайра таъсис дода шудааст.

Маҷлиси намояндагон дар 18 соли фаъолият бо чанд парламенти кишварҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои кориро мустаҳкаму барқарор ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибор пайдо кардааст. Даъвати ҳайатҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр кишварҳои дунё далели ин гуфтаҳост.

Маҷлиси намояндагон ҳар сол нақшаи робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентиро бо парламентҳои давлатҳои дигар қабул мекунад. Онҳоро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои фраксия, гурӯҳҳои вакилон, инчунин пешниҳодҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҳия менамоянд.

Инчунин, Маҷлиси намояндагон санадҳои қонунгузории намунавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррасӣ ва доир ба амалӣ гардонидани онҳо қарор қабул мекунад.

Дар давраи Иҷлосияи чоруми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои байнипарламентӣ хеле назаррасу самаровар буд. Тавре Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров зикр карданд: «Дар ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мо тавонистем, ки ҷиҳати густаришу тақвияти фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, ки як бахши муҳими кори моро ташкил медиҳад, қадамҳои ҷиддӣ бардорем. Зеро муборизаҳои шадиди геополитикӣ, вазъи пуртазоди ҷаҳонӣ, вусъати гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар муаммову мушкилоти байналмилалӣ моро водор месозанд, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, парламентҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналмилалиро пурсамар ва фарохтар ба роҳ монем».

Дар ин давра Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Турк­манистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, мулоқотҳои судманд анҷом дод, ки дар онҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр гардид, ки оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳалли масъалаҳои баҳсӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ, роҳандозии иртиботи ҳавоию заминӣ, мубодилаи молу маҳсулот, ки ҳама дар як муддати кӯтоҳ амалӣ шуданд, бори дигар собит мекунанд, ки роҳи беҳтарини бартарафсозии муаммову мушкилот роҳандозии муколамаҳо ва шинохту эътирофи ҳаққу ҳуқуқи якдигар мебошад.

Маҷлиси намояндагон то кунун 11 созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо шуданд, тасдиқ намуд.

Дар ин давра, ҳамчунин вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Алекен Еминбахе, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян,  Раиси Анҷумани парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Кейзо Такеми,  ҳамоҳангсози Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта, ҳайати Парламенти Аврупо таҳти роҳбарии Ивета Григули, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ва дигар шахсони воломақом сурат гирифтанд, ки дар онҳо масъалаҳои рушди муносибатҳо, табодули таҷрибаи тарафҳо, истифодаи бештари имкониятҳои ҳамкорӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуданд.

Илова бар ин, ҳайати парламентии Тоҷикистон барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Инчунин, барои иштирок дар ҷаласаву конфронсҳо ва таҳким бахшидани робитаҳои байнипарламентӣ муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаву комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Австрия, Латвия, Литва, Руминия, Шветсия, Словакия, Ҳиндустон, Туркия, Кореяи ҷанубӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус ва ғайра сафар намуда, дар ҷаласаву симпозиюм ва конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, аз минбарҳои баланд манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя ва афкору андешаи хешро ҷиҳати ҳалли дурусти масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.

Натиҷаи заҳмату талош ва фаъолияти самарабахшу дурбинонаи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон буд, ки дар марҳилаи сипаришуда муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон густариш ёфтанд. Маҷлиси намояндагон дар ин давра бо 11 парламенти кишварҳои дуру наздик гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дод.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ташриф овардани роҳбарон, ҳайатҳои парламентҳои давлатҳои хориҷӣ, сарварони давлату ҳукуматҳо ва дигар созмону ташкилотҳо ҷиҳати вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагон, муовинони Раис, раисони кумитаву комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон саҳми Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бахусус шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии он, зиёд аст. Зеро он дар доираи ваколат иҷрои талаботи протоколи чорабиниҳоро бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумита ва комиссияҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва ҳамкорӣ бо шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин менамояд. Инчунин, ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагонро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои дигар, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии парламентӣ дар асоси шомил будан ба узвияти онҳо ташкил мекунад, бо сохторҳои дахлдори парламентҳои давлатҳои хориҷӣ, котиботи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии парламентӣ робита барқарор карда, табодули матлабҳои иттилоотиро ба роҳ мемонад, дар бораи фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иттилоот таҳия мекунад, маълумот оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ки намояндагонашон дар Маҷлиси намояндагон мавриди пазироӣ қарор мегиранд, дастрас менамояд ва ғайра.

Ҳамин тавр, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам фаъолиятро дар самти робитаҳои байнипарламентӣ ва байналмилалӣ таҳким бахшида, ҷиҳати фароҳам овардани шароти мусоид барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, мутобиқсозии қонунгузории мамлакат ба шароиту имконият ва меъёрҳои пешрафтаи сатҳи байналмилалӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳо меандешад.

У. Ҷӯраевмуовини мудири шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон