Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Хитой густариш меёбанд

№ 05.04.2019

IMG_0048Чоруми апрели соли 2019 муовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидзода бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чен Дайвэня  ва корманди масъули ин сафорат Чжао Сунюе мулоқот намуд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Хитой ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расидани муносибатҳо, дар навбати аввал, беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Хитой, ҳамчунин, иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой имзошуда, муҳиму манфиатовар шуморида шуд.

Густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиё­сию низомии Афѓонистон аз ­масъалаҳои дигари мулоқот буданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда самтҳои нави мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегиранд.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон