Робитаҳои дуҷонибаи парлумонӣ тавсеа меёбанд

№28 (4290) 02.03.2021

DSC_47541 марти соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуда, ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз Мир Раҳмон Раҳмонӣ сиёсатмадори барҷаста ва ходими намоёни давлатӣ ном бурда, иброз дошт, ки ташрифи меҳмон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зикр гардид, ки дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим дорад.

- То ба ҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир гардиданд. Байни Тоҷикистону Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият ёфта, беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд, — ёдовар шуд Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон рӯ ба инкишоф ниҳода, танҳо соли 2020 мубодилаи мол байни ҳар ду кишвар зиёда аз 70 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки 68 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, гуфт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва густариши робитаҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил шудааст.

- Умед дорам, ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ Гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин менамоянд, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ низ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, аз ҷумла, изҳор дошт:

- Мо аз пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сипосгузорем. Аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бисёр хушнуд ҳастем, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамоянд.

Дар фарҷом изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон минбаъд низ дар ҳама арса ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа густариш меёбанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ