Рушди ҳамгироиҳои муштарак бурди ҳар ду ҷониб аст

№131 (3611) 18.10.2016

DSC_0400Ба чунин хулоса омаданд иштирокчиёни Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки 12-13 октябри соли равон ҷараён гирифт

Ҷиҳати иштирок дар он 12 октябр ҳайати парлумонии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролӣ, ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Меҳмонони олиқадрро дар Фуруд­гоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқбол гирифт.

Субҳи 13 октябр Валентина Матвиенко дар пояи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонии Маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти мамлакат гулчанбар гузошт. Ӯро дар ин маросим Абдураҳмон Қодирӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ашурбег Расулов, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, ҳамроҳӣ карданд.

Нимаи дуюми рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ панҷумин ҳамоиши байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ»-ро ҳусни оғоз бахшиданд, ки дар он сараввал Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, қироат шуд.

Баъдан, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко чун раисикунанда бо маърӯзаҳо, ки баҳри амалисозии сиёсат ва ҳадафҳои созандаи сарварони Тоҷикистону Россия нигаронида шуда буданд, баромад намуда, ҷиҳати идомаи кори ҳамоиш дар бахшҳои фарогири масъалаҳои «Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия», «Танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини сафарбарсозии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия» ва «Мусоидат ба рушди минбаъдаи робитаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия», ба ширкаткунандагон фаъолияти пурсамар таманно намуданд.

Аз ҷумла, зикр шуд, ки байни Тоҷикистону Россия муносиботи анъанавии эътимод ба якдигар вуҷуд дошта, Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкории байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ бо Россия баҳои баланд медиҳад. Дар оянда низ аз тамоми имкон барои рушди шарикии стратегӣ ва муттаҳидии ҳар ду кишвар истифода хоҳад шуд.

Таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар доираи меъёрҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд. Дар масъалаи таҳкими муносиботи шарикӣ, муттаҳидӣ ва густариши равобити дуҷониба нақши асосиро сарварони ҳар ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мебозанд. Ба ин дар бештари маврид гуфтугӯи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунад.

Шаҳодати ин гуфтаҳо сафарҳои муштарак ва мулоқоти мунтазами намояндагони баландмақоми ҳар ду кишвар дар масоили гуногун мебошанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараён ва густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷикис­тону Россияро, ки аз умқи асрҳо ибтидо мегирад, нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки дар партави муносибатҳои ҳасанаи роҳбарони давлатҳо вақт тақозо менамояд, ки тавассути ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар заминаи тавсеаю тақвияти қонунгузорӣ, баҳри таъмини шароити зарурӣ оид ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, сафарбарнамоии сармояи мустақими Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи бозори истеъмолии ҷонибҳо, содироти сабзавоту меваҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба субъектҳои Федератсияи Россия бояд беш аз ҳарвақта вусъат бахшид.

Дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ фаъолияти мустақими филиали донишгоҳҳои Федератсияи Россия барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон нек арзёбӣ гардида, оид ба зиёд намудани курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида, ки майли дар Федератсияи Россия кор кардан доранд ва дар онҳо мутахассисони рус ба таълим машғуланд, масъалагузорӣ шуд.

Инчунин, масъалаҳои амалисозии тадбирҳои муштарак оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мубрами замон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иртибот ба роҳандозии тадбирҳои иловагӣ баҳри ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳар ду кишвар табодули андеша сурат гирифт. Ҷонибҳо баҳри густариши воқеии робитаҳои байнипарламентӣ пурзӯр намудани фаъолияти Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россияро ҳадафманд шуморида, афзуданд, ки дар сатҳи ҷадиду муассир эҳё гардидани фаъолияти институти равобити байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия — Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мувофиқ ба мақсад мебошад.

Валентина Матвиенко аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, зикр сохт, ки таҷриба ва имконоти парламентҳо дар фазои ҳуқуқӣ баҳри такони амалисозии созишномаҳои байниҳукуматию дар доираи форумҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия баимзорасида равона хоҳад шуд.

Пасон, маърӯзаҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Бушмин доир ба фаъолияти Комиссияи ҳамкорӣ шунида шуд.

Зимни ҷаласаи интиҳоӣ аз ҷониби Абдураҳмон Қодирӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатшо Гулмуҳаммадзода, раиси Кумита оид ба масълаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Сергей Лисовский, муовини якуми раиси Кумита оид ба кишоварзӣ ва сиёсати озуқаворӣ, Мухарбий Улбашев, узви Кумита оид ба буҷет ва бозорҳои молиявӣ, Рафаил Зинуров, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия хулосаи масоили баррасишуда дар бахшҳо баён гардид. Баҳри назорати амалисозии он аз ҳар ду ҷониб комиссияи муштараки босалоҳият таъсис ёфт, ки вазифадор гардиданд ба раисони парламентҳо мунтазам аз ҳолати иҷрои корҳо маълумот пешниҳод намоянд. Гузашта аз ин, қарор шуд, ки зери назорати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия масъалаи таъминоти мактабҳои русии Тоҷикистон бо китоб ва ашёи таълимӣ роҳандозӣ ва аз ҳар субъекти Федератсияи Россия сафарбарсозии як нафарӣ омӯзгор ба мактабҳои русии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Зимнан, Валентина Матвиенко гуфт, ки дар байни Россия ва Тоҷикистон равобити воқеии стратегии мутақобилан судманд вуҷуд дорад ва далели коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорат миёни Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таассуф зикр карда, афзуд, ки барои ҳалли он кори комиссияи байниҳукуматӣ ҷоннок карда мешавад.

Ӯ, инчунин ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия изҳори ҳавас­мандӣ намуда, зикр кард, ки сохторҳои тиҷоратиро лозим аст, ки бевосита, бидуни миёнарав тавонанд маҳсулотро ба минтақаҳои Россия расонанд. Ин боиси коҳиш ёфтани нарх, сода намудани муқаррарот ва сари вақт расонидан мегардад, — зикр кард Валентина Матвиенко.

Бино ба гуфти Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролӣ наздики 20000 нафар донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Россия ва бахшҳои онҳо дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

«Ташаббускори пайдоиши ҳар се филиали донишгоҳҳои Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Москва, маҳз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, дар доираи созишномаи байни роҳбарони давлатҳо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия таъсис дода шуд», — таъкид кард Валентина Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Россияро таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи омӯзиши забони русӣ дар ҳар як мактаб хеле хушнуд намуд.

«Ин имконияти муоширати озод ва қобилияти кор дар Россия аст, аммо дар ин масъала ҳаҷми кумаки ҷониби Россия ҳанӯз мувофиқи талаб нест», — гуфт Валентина Матвиенко.

«Мехоҳам зикр кунам, ки барои ҳалли масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам аз ҷониби Россия ва ҳам аз ҷониби Тоҷикистон корҳои зиёд ба анҷом расидаанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон мо шартҳои истисноӣ қабул кардем, ки онҳо метавонанд то 15 рӯз дар Россия бидуни бақайдгирӣ иқомат ва якбора барои се соли кор иҷозатнома гиранд. Дар натиҷа, имрӯз наздики як миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Россия кор мекунанд. Минбаъд бобати ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Чунки мо манфиатдорем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия сафар карда, қонунгузориҳоро ҷиддӣ риоя намуда, эҳтиромона муносибат намоянд», — хулоса кард Валентина Матвиенко.

Ҳамин тариқ, иштирокчиён оид ба натиҷаи Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои минтақавӣ» Ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул карданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Ҳамкории зич ва мутақобилан муфиди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо дарназардошти омилҳои дорои хусусияти геополитикӣ ва иқтисодӣ ҷараён гирифта, дар заминаи робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ривоҷ меёбад.

Байни роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия робитаҳои байниҳамдигарии доимӣ дар рӯҳияи бародарона ва шарикии стратегӣ барқарор буда, гуфтугӯи манфиатбахш оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад.

Шартномаҳое, ки зимни мулоқоти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мувофиқа мешаванд, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини амният ва муътадилии авзоъ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз омилҳои калидии ҳамкории байниҳамдигарии Россия ва Тоҷикистон мувофиқати манфиатҳои ҳар ду кишвар оид ба проблемаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар шароити якбора шиддат гирифтани вазъият дар ҷаҳон, ки бар асари он вазифаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи нашъаовар, муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва тиҷорати одамон, дигар намудҳои ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ба мадди аввал мебароянд, зарурати таҳкими минбаъдаи амният ва мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳадро тақозо менамоянд.

Вобаста ба ин, ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти парламентҳои ҳар ду кишвар дар сохторҳои парламентии байналмилалӣ, қабл аз ҳама дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ассамблеяи парламентии Осиё, Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва ғайра ба нафъи таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёдшавии рақобат дар ҷаҳон масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодии интегратсионӣ ба назар мерасад. Ба вуҷуд омадан ва таҳкими иттиҳодияҳои минтақавӣ раванди объективӣ ва дар робита ба ин, вазифаи муттаҳид сохтани системаҳои иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, наздиксозии иқтисодиёти онҳо ва ҳаммонандсозии қонунгузории онҳо вазифаи хеле муҳим хоҳад буд.

Ҳамкории тиҷоратӣ – иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вақтҳои охир зери таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ дучори санҷишҳои ҷиддӣ гардид. Хариду фурӯши байниҳамдигарии мол ба тарзи қобили мулоҳиза паст фаромада, моҳҳои январ – июли соли 2016 ба андозаи 26 фоиз кам шуд.

Татбиқи амалии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2015 — 2018, ки 4 марти соли 2015 қабул шудаанд, ба барқарории муносибатҳои гуногунсоҳа рӯҳияи нав мебахшанд.

Равобити субъектҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дутарафаи Россия ва Тоҷикистон мусоидати бештар менамоянд. Ин муносибатҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, саноати истихроҷро дар бар гирифта, имкон фароҳам меорад, ки потенсиали ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ – иқтисодӣ боз ҳам ғанӣ гардад.

Ҳоло беш аз 70 субъекти Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодиро амалӣ мекунанд ва доираи ҷуғрофиёи он васеъ мешавад. Ба шумули минтақаҳои Федератсияи Россия, ки бо Тоҷикистон равобитро фаъолона рушд медиҳанд, шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург, вилоятҳои Новосибирск, Нижегород, Свердловск, Иваново, Челябинск, Ленинград, Саратов, Астрахан ва Оренбург, кишварҳои Олтой   ва Красноярск, ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Тотористон ва ғайра дохил мешаванд.

Ҳамкории байнипарламентии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият рушд меёбад ва тамосҳои доимии роҳбарони парламентҳои Россия ва Тоҷикистон дар ин кор нақши калидӣ доранд. Форумҳои байниминтақавие, ки палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар баргузор менамоянд, ба мубодилаи қулайи намояндагони ҳукуматҳо ва доираҳои тиҷоратӣ замина гузошта, ба минбари муҳими рушди мустақими ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёфтаанд.

Дар чаҳорчӯбаи кори Комиссияи ҳамкории байни Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои намояндагони парламентҳои ҳар ду кишвар тез-тез баргузор мешаванд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаи хеле нозук ва ҳиссиётӣ боқӣ мемонад. Федератсияи Россия тарафи асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, сода гардонидани бақайдгирӣ ва иҷозат ба фаъолияти меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба дар сатҳи гуногун ба шумор меравад.

Дар соҳаи муҳоҷират ҳоло якчанд санади муҳим, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (аз 8 феврали соли 2013, ки муҳлати бақайдгириро то 15 рӯз пешбинӣ менамояд), Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (аз 16 октябри соли 2004, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар муддати то се сол бидуни зарурати хориҷ шудан аз мамлакат иҷозат медиҳад) амал мекунанд.

Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҳамкорӣ оид ба маълумоти ахборӣ дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, аз ҷумла дар бораи шахсоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ патент гирифтаанд, оид ба шахсоне, ки ба онҳо ворид шудан ба Федератсияи Россия мамнӯъ шудааст, шахсони берункардашуда ва дигар маълумоти оморӣ роҳандозӣ шудааст. Дар муқоиса бо соли 2015, ҳоло кам шудани ҳолатҳои хориҷкунии оммавӣ, берун кардан ва манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ба мушоҳида мерасад.

Ҳоло дар баррасии ҳар ду ҷониб лоиҳаи як қатор санадҳо, аз қабили созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, роҷеъ ба муташаккилона фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ба Федератсияи Россия, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва дар бораи реадмиссия қарор дорад.

Равобити гуманитарӣ ва фарҳангӣ муваффақона рушд меёбад. Соли 2015-ум 3190 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии Федератсияи Россия барои таҳсил фиристода шуд. Соли 2016 мактабҳои олии Федератсияи Россия беш аз 2500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил қабул карданд. Ҳоло дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия беш аз 15 ҳазор нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони Форум чунин тавсияҳо пешниҳод карданд:

1. Ба мақомоти ҳокимияти давлатии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- кор дар самти тақвият бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ – иқтисодии байни Россияю Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соҳаи сохтмон ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани истеҳсолот ва марказҳои хизматрасонӣ фаъол гардонида шавад;

- ба фаъол гардидани муносибатҳои субъектҳои ҳар ду кишвар, аз ҷумла, ташкилотҳои тиҷорати хурду миёна, дастгирии амалӣ расонида шавад;

- ба муҳайё сохтани шароит барои ҷалби сармоя ба сектори воқеии иқтисодиёт бо мақсади дастгирии корхонаҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда шавад;

- мониторинги доимии ҳолат ва такмили (бо назардошти ҳолати бозори имрӯза) заминаи шартномавӣ –ҳуқуқии ҳамкориҳои минтақаҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад;

- масъалаҳои ҳамкориҳои манфиатбахш дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ мадди назар гирифта, ба ҳамоҳангсозӣ ва ягонасозии қонунгузориҳои миллӣ, рушд ва такмили заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад;

- ба рушди чорводорӣ, растанипарварӣ, заминаи техникӣ ва технологии истеҳсолоти агросаноатӣ, мелиоративӣ ва ирригатсионии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, таъмини бехатарии фитосанитарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат карда шавад;

- таҳлили механизмҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ, мубодилаҳои фарҳангӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия гузаронида шуда, дар мавриди зарурат барои такмили онҳо, аз ҷумла тавассути ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирон ва аҳолии минтақаҳои онҳоро қабулкунанда, ки ба ташаккули эҳтироми ҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ равона шудааст, пешниҳодот омода намуда, таъсиси марказҳои адаптатсионии махсусро ба нақша бояд гирифт.

2. Ба Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз ҷиҳати мавзӯъ пурракунонидан ва тақвият бахшидани кори Комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, имконияти гузаронидани ҷаласаҳои минбаъдаи комиссияро дар минтақаҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намоянд, фаъолияти манфиатбахши парламентиро дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳое, ки ташкилотҳои парламентии байналмилалӣ мегузаронанд, дастгирӣ намоянд;

- ба ҳар чӣ зудтар сурат гирифтани мувофиқасозӣ ва баррасии лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, дар бораи фиристодани муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, дар бораи реадмиссия мусоидат намоянд;

- дар Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ барои таҳияи қонунҳои моделӣ, ки ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои минтақавиро ба танзим медароранд, ҳамкории зичро идома диҳанд.

3. Ба Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кори зеркомиссия оид ба ҳамкории ҳарбӣ – техникӣ фаъолона ҳамкорӣ намоянд;

- ба модернизатсияи сектори нақлиётӣ ва логистикӣ, соҳаи хизматрасониҳои терминалию анборӣ мусоидат намуда, татбиқи лоиҳаи таъсиси шабакаҳои логистикӣ, марказҳои тақсимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул, нигоҳдорӣ ва коркарди аввалияи маҳсулоти кишоварзиро дастгирӣ намоянд, дар ин кор ба ҷониби Россия барои ҷалби сармоягузории хусусӣ мусоидат намоянд, ҷониби Тоҷикистон барои пешниҳод кардани қитъаҳои замин барои сохтмони марказҳо шароит фароҳам оварда, масъалаҳои имконияти барои марказҳои мазкур татбиқ намудани имтиёзҳои андозсупориро баррасӣ намояд;

- наздиксозии талаботро ба бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва маводи тиббӣ бо мақсади таъсиси бозори ягонаи дорувории тиббӣ, ки ба принсипҳои ягона ва қоидаҳои муомилот бо дорувории табобатӣ асос ёфтааст, идома дода, соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро дар соҳаи маълумотнокии тандурустӣ муайян созанд;

- таҳияи лоиҳаи Созишномаро миёни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист суръат бахшанд.

4. Ба Мақомоти минтақавии ҳукуматҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- татбиқи тамосҳои мустақимро аз роҳи табодули таҷриба ва технологияи ҳозиразамони субъектҳои хоҷагидор ва муассисаҳои илмӣ — тадқиқотиро дар соҳаи комплекси агросаноатии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд, фаъолиятҳои намоишгоҳиро тақвият бубахшанд, имкониятҳои омодасозии кадрҳоро барои сектори аграрӣ бештар намоянд, барои зиёд кардани мубодилаи байниҳамдигарии маҳсулоти кишоварзӣ ва фиристодани маҳсулоти меваю сабзавот аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба минтақаҳои Федератсияи Россия чораҳо андешанд, барои таъсиси корхонаҳои муштарак бо давраи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат намоянд:

- таҳлили муассирияти татбиқи нақшаҳои байниминтақавӣ ва барномаҳоро барои рушди ҳамкориҳои илмӣ — техникӣ ва мубодилаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин алоқаро дар соҳаи маориф анҷом диҳанд.

Инчунин, муқаррар гардид, ки Форуми шашуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» дар Федератсияи Россия доир мешавад.

Пас аз интиҳо, роҷеъ ба натиҷаҳои ҳамоиш Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко ба пурсишҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух доданд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 — 25 августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе доир гашт ва ташаббускори он Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар он, ки ба ҳамкории минбаъда такони ҷиддӣ бахшид, губернаторону шахсони ваколатдори 16 минтақаи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии собиқ Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Сергей Миронов иштирок карданд.

Форумҳои байнипарлумонии дуюму сеюм дар шаҳрҳои Москваю Оренбург (19 — 21 сентябри соли 2007) ва дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд (24 — 25 октябри соли 2008) доир гардиданд, ки тавассути неру ва имкониятҳои мақомоти қонунгузории ҳар ду кишвар ҷиҳати мусоидат ба густариши муносибатҳо ва ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия саҳми арзанда гузоштанд. Дар доираи ин форумҳо 25 шартномаву созишнома, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ миёни вилоятҳо ва пойтахти ҷумҳуриамон бо субъектҳои Федератсияи Россия оид ба робита ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки татбиқи амалии онҳо натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

Форуми чоруми байнипарламентӣ 21 — 25 октябри соли 2014 дар Федератсияи Россия баргузор шуд.

Дар он миёни вилояти Суғду вилояти Астрахан, вилояти Хатлону Ҷумҳурии Доғистону вилояти Иваново ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расиданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои форум минбаъд дар ду сол як маротиба ва ҷаласаҳои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия соле на кам аз ду маротиба доир шаванд.

 Самариддин АСОЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ

 

Маълумотномаи «Садои мардум»:

Ҳамкории байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар асоси Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ миёни кишварҳо асоснок карда шудааст.

Аз 56 шартнома ва созишномаи амалкунандаи байнидавлатӣ 19-тои он ба масъалаи будубоши ҳарбии Россия дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ тааллуқ доранд. Инчунин, байни ҳар ду мамлакат як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт (11 созишнома), табодули иттилоотӣ (7 адад), маориф ва илм (6 адад), шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ (1 шартнома ва 3 созишнома), танзими қарздорӣ (3 созишнома), муносибатҳои дипломатӣ (2 созишнома), нақлиёт (2 созишнома), мубориза бо гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир (1 созишнома), дар маҷмӯъ, зиёда аз 230 созишнома дар сатҳи гуногун баста шудаанд.

Дар муносиботи Тоҷикистону Россия ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Он аз соли 1992 дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ оғоз шуд. Соли 1997 ба Тоҷикистон намояндаи Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ ва алоқа бо ҳамватанон ташриф овард. Аввалин сафари расмии намояндаи Думаи давлатӣ бо роҳбарии раиси он Генадий Селезнёв январи соли 1998 сурат гирифт, ки ба имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Июни соли 2000–ум ташрифи аввалини намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ба Россия сурат гирифт. Он ба ташкили Комиссияи парлумонии байнипалатавӣ байни Думаи давлатӣ ва Маҷлиси намояндагон мусоидат кард.

Ҷаласаи якуми комиссияи мазкур апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе доир гардида, солҳои минбаъда бо навбат дар пойтахтҳои ҳар ду давлат баргузор шуданд.

7 ноябри соли 2013 боздиди расмии раиси Думаи давлатӣ Сергей Наришкин ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки дар рафти он масъалаи ҷоннок кардани кори комиссия дар мулоқоти дутарафа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролӣ ва Маҷлиси Олӣ 24 августи соли 2006 имзо гардид. Комиссияҳои доимӣ доир ба ҳамкориҳои палатаҳои болоӣ кори худро оғоз намуданд. Моҳи сентябри соли 2007 Консепсияи фаъолияти дуҷонибаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролӣ ва Маҷлиси Олӣ оид ба танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни Россия ва Тоҷикистон қабул шуд. Августи соли 2006 ҳамоиши байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ва конфронсҳо оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ доир гардиданд.