Рустам Латифзода: «Дар 13 шаҳру ноҳия 4500 зерлоиҳа маблағгузорӣ шуд»

№49 (3843) 21.04.2018

IMG_9158119 апрели соли ҷорӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати лоиҳаи Барномаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» барои солҳои 2013-2018» мулоқот намуд. Татбиқи лоиҳа охири моҳи майи соли ҷорӣ анҷом меёбад.

Рустам Латифзода иброз намуд, ки Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳое мебошад, ки соҳаи аграрии он асоси зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир дар соҳа таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тағйироти куллӣ ба миён омад. Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии аҳолии деҳот ҷиҳати баланд бардош­тани иқтидорҳои истеҳсолӣ, такмили қонунгузорӣ, қабул ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, ҷалби маблағҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ ва сармояи худӣ ҷараён дорад.

IMG_9150Дар ин раванд Маҷлиси намояндагон соли 2014 фазаи 1 ва соли 2016 фазаи 2-и Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд оид ба маблағгузории лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот»- ро ба тасвиб расонид. Татбиқи он, агар аз як тараф, ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, равона гардидааст. Дар доираи лоиҳа дар 13 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 4500 зерлоиҳа маблағгузорӣ шуда, шумораи кумакгирандагон зиёда аз 142 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Рустам Латифзода дар идома роҷеъ ба фаъолияти аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ҳарф зада, гуфт, ки вакилон бо ин мақсад моҳҳои октябри соли 2016 ва апрели соли 2017 ба ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Роғун, Файзобод, Фархор, Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ бо сокинони минтақаҳо онҳо таъсири лоиҳаро ба зиндагӣ тасдиқ намуда, иброз ­доштанд, ки корҳои анҷомдодашуда малакаи хоҷагидориро ҷиҳати мутобиқгардонии фаъолият ба равандҳои тағйирёбии иқлим такмил дод.

Маблағҳои аз тариқи лоиҳа пардохтшуда бештар барои бунёди боғ, парвариши тухмиҳои босифат, дастгирии марказҳои хизматрасонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, кишти алафҳои бисёрсола, сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ равона шудааст.

Рустам Латифзода, ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар ин давра муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷрои Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» доир шуда, дар робита ба ­масъалаҳои дар боло зикршуда тавсияҳо қабул шуданд.

Намояндагони гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ зимни суханронӣ аз натиҷаҳои татбиқи лоиҳа изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки онҳо ба густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ