Сабақ бардоштан аз таҷрибаи таърихӣ омили муҳими худшиносист

№125 (4231) 08.10.2020

DSC_0011Панҷуми октябри соли 2020 дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти унвони «Истиқлол ва шукргузорӣ дар ҳикмати давлатдорӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зай­нудин Сафаров дар робита ба он чунин ибрози андеша намуд: — Шукргузорӣ аз неъмати Истиқлолияти давлатӣ арзиши ғоявӣ ва сирф назарӣ набуда, силсилаи донишҳои назарӣ, таърихӣ ва амалиест, ки дар заминаи дарки неъмати истиқлол, шинохт ва ҳазми он арзи вуҷуд карда, тафаккур ва эҳсоси ҳар фардро ташаккул медиҳад.

Шукргузории истиқлол ҳамчун эҳсосоти пайваст бо Ватан, зодгоҳ, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳо, либос ва зуҳури иродаи мус­тақили афрод буда, рӯҳияи мустақилияти халқу миллатро муаррифӣ менамояд.

Миллати соҳибдавлат, халқи рӯҳияи соҳибихтиёридошта, соҳибирода ва шукр­гузори неъмат буда, дар баробари шинохти неъмат, роҳҳои назарию амалии ҳифз, рушд ва даст­расии онро барои наслҳои оянда фароҳам меорад. Муҳимтарин хислати чунин халқ, дар баробари унсурҳои маънавӣ ва маърифатӣ, дар он ифода меёбад, ки зимни ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ усули афзалияти амали некро мисли «аз ду бадии пешорӯистода бадии камтару аз ду некии дар интихоб истода, некии афзалтарро» интихоб мекунад.

Яке аз омилҳои худшиносӣ ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дуруст сабақ бардоштан аз таҷрибаи таърихист. Бахусус, аз таҷрибаи талхи таърихи халқи тоҷик, ки бо иллатҳои гуногуни дохилию хориҷӣ садсолаҳо дур аз соҳибдавлатӣ будаву фарзандони барӯмандаш барои бегонагон хизмат кардаанд.

Дар рӯзгори муосир, ки ҷаҳон ноором аст, баъзе аз равияҳо пайдо шудаанд, ки тарафдоронашон бо истифода аз инсондӯстии мардум, эътиқоди самимӣ ба арзишҳои динӣ, ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлол латма ворид месозанд. Онҳое, ки ҳоло аз хориҷ тавассути сайт­ҳои гуногуни интернетӣ ба кишвар санг мепартоянду хизмати хоҷагони берунаро иҷро менамоянд. Тоҷикис­тон Ватани азизи тоҷикис­тониён аст. Бинобар ин, хуб нест, аз он ба бадию хусумат ёдрас шуда, ҳастии миллат­ро зери хатар гузорем. Ба мисли Ироқ, Афғонистон, Сурия, Украина, Беларус ва ғайра, ки ҳоло бо ­ҳидояти бегонагон  ваҳдатро ба парокандагӣ иваз кардаанд. Алҳол низ зарур аст, ки чашми хирад боз намоем. Зеро, ба қавли устод Рӯдакӣ: 

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

- Рӯз ба рӯз ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ наздик мешавем. Давлатсозию давлатдорӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ нест. Он даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳо, анъана ва арзишҳоро тақозо дорад. Шукр мекунем, ки тайи ин муддат кори зиёди давлатсозию давлатдориро амалӣ намудем. Истиқлолияти давлатӣ роҳи давлати миллиро таҳти сиёсати бунёдгузори давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муайян кард. Халқи тоҷик дар шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ қадам зада истодааст. Ин роҳ дурудароз аст ва раванди он идома дорад. Мо — мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки дар атрофи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, Истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ ва ҳифз намоем, — иброз дошт дар интиҳо Зайнудин Сафаров.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ