Сафари ҳайати парлумонии мамлакат ба Америка

№45 (3839) 12.04.2018

10 апрели соли равон ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Америка сафар намуд.

 Тибқи иттилои мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, вакилони Маҷлиси намояндагон Акрамзода Баҳодур, Ашӯрзода Гулбаҳор, Фирӯза Шарифӣ ва кормандони масъули Дастгоҳи мақоми олии қонунбарор Нуридинзода Хушмуҳаммад ва Абдулвоҳид Аслонов бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи табодули байнипарлумонӣ таҳти унвони «Ҷаҳони кушода», ки 11-21 апрели соли ҷорӣ дар Америка доир мегардад, иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз он шиносоӣ бо таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаи роҳбарикунӣ ва идоракунӣ мебошад. Ширкаткунандагон, инчунин ба фаъолияти мақомоти федералӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ ошно хоҳанд шуд.

«Садои мардум»