Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Қазоқистон

№114 (4064) 24.09.2019

23 сентябри соли ҷорӣ ҳайати парлумонии Тоҷикис­тон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон ­Зуҳуров барои иштирок дар кори ҷаласаи чоруми раи­сони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Дар кори ҷаласа намояндагон аз 67 давлат, аз ҷумла, раисони парлумонҳои 46 кишвари дунё иштирок менамоянд.

Ҳамчунин, дар доираи сафар, ки ду рӯз идома меёбад, Шукурҷон Зуҳуров бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё мулоқот хоҳад кард.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон