Сафари кории Пан Юнхе дар Тоҷикистон ба анҷом расид

№ 17.05.2017

IMG_8303-254x16915 майи соли равон баъди нисфирӯзӣ ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи умумичинии Шӯрои Халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии раиси комиссияи мазкур Пан Юнхе ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ баъди анҷоми мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва дигар шахсони воломақоми Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз». Майдони «Дӯстӣ» ва боғи Устод Рӯдакӣ дидан намуданд.

Инчунин, 16 майи соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи умумичинии Шӯрои Халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии раиси комиссияи мазкур Пан Юнхе ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Неругоҳи барқи обии «Норак» ва корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон ташриф оварда, аз фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Бо ҳамин сафари кории ҳайати комиссияи зикршуда дар Тоҷикистон ба анҷом расид.