Сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Санкт-Петербург

№160-161 (3461-3462) 26.11.2015

Субҳи 25 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро ва Иҷлосияи чилу сеюми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кори комиссияҳои доимии он, ҷаласаи Шӯро ва Иҷлосияи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки 26 — 27 ноябри соли равон баргузор мегарданд, сафар намуд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, раиси  Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод, раиси  Кумитаи   Маҷлиси   миллии  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои   ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхонович ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқоту вохӯриҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони парламентҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  дар назар дошта шудааст.

Х. Қурбонов, мудири  шуъба  оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия,иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ