Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

№144 (4250) 28.11.2020

24 ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари расмӣ намуданд.

Дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Ҳамон рӯз дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Бегоҳи 24 ноябри соли 2020 дар шаҳри Москва мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенко, инчунин, ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд.

IMG_3312Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ҳар ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия дар ҳама самт муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.

Зимни музокирот масъалаҳои умда, аз ҷумла, ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд.

Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои гуногуни саноати кишвар ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр қайд гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба, инчунин, масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла содагардонии тартиби ба қайд гузош­тан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «афви муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ҳар ду давлат ишора гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масоили ҳамкориҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин, амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шумориданд.

Ҳамчунин, ба ҳамкориҳои самти фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Зимни мулоқот ­масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Федератсияи Россия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19 барои идомаи машғулиятҳо ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, иброз намуданд.

Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқот ба тавсеаи муносибатҳои ҳар ду кишвар дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшад. Тамоюли мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, башардӯстӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра ба назар расида, ба ин, пеш аз ҳама, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи сарварони давлатҳо мусоидат менамояд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқот ҷонибҳо назари некбинонаро аз дурнамои ҳамкории стратегии ҳар ду кишвар таъкид карданд ва изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бис­ёрсоҳаи миёни Тоҷикистону Россия неруи тоза бахшида, масъалаҳои бамиёнгузош­таи ҷониби Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо арзи адаб Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом намуданд.

AMM_5196Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни музокирот натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро (моҳи апрели соли 2019), ки дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, баланд арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Тавре тазаккур дода шуд, парламентҳои ҳар ду кишвар саҳми арзандаро дар таҳкими робитаҳои шарикии стратегии байни Тоҷикистону Россия мегузоранд, ки ин дар шаклҳои нави ҳамкории байниминтақавӣ баръало эҳсос мешавад. Ҳоло беш аз 80 минтақаи Россия бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд. Вале дар ин самт ҳоло ҳам иқтидорҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.

Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифода аз технологияи Россия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имкониятҳои фарох фароҳам гардидааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл намуда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуд.

Тавре зикр гардид, паҳншавии пандемияи коронавирус дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе аз маҳдудиятҳоро ба миён овард. Дар ин робита тазаккур дода шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар Федератсияи Россия ҳузур дошта, баъзе аз ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 афв гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.

 25 ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш, ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос дош­танд.

DENN0004Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ҳамроҳӣ карданд.

 25 ноябри соли 2020 дар толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳар ду ҷониб доир гардид.

Дар оғози кори Комиссия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла, робитаҳои байнипарламентиро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парламентиро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобила маънидод карданд.

Тавре таъкид гардид, алҳол муносибатҳои байни Тоҷикистону Россия рӯ ба рушд буда, мулоқотҳои доиргашта шаҳодати барҷастаи он ба шумор мераванд.

Бо кӯшиши тарафайн ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама бахш ва пеш аз ҳама, соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд.

Тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия, на танҳо ифодаи иродаи роҳбарияти олии сиёсии ду давлат, инчунин, саҳми парламентҳои ҳар ду кишвар ба шумор меравад.

Дар ин самт нақши муҳими фаъолияти пурсамари Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро таъкид намудан бамаврид аст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита зикр намуданд, ки ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия барои густариши минбаъда дорои иқтидорҳои калон мебошад. Амалисозии онҳо вазифаи асосии Комиссияи муштарак маҳсуб меёбад, ки он масъалаҳои зерин, аз ҷумла, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҷоннок кардани ҳамкориҳои соҳибкорони ҳар ду давлат, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи савдои берунӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз ва бонкӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтарсозии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия, ки дорои иқтидорҳои ғанӣ буда, яке аз омилҳои муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту осоиш дар минтақа мебошад, баҳои баланд доданд.

Иштирокдорони маҷлис ба Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия дар роҳи таҳкими муносибатҳои гуногунпаҳлуи байни ҳар ду кишвар барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дидан карданд.

25 ноябри соли 2020 дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуданд.

AA1_9479-2Иштирокчиён ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамчун механизми муҳими амалисозии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Тавре тазаккур дода шуд, самтҳои ҳамкории ҳар ду кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин қарор доранд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаи байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни ҳар ду кишвар 720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, манфиатдориро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ, ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад маънидод намуданд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин манфиатдор будани ҷонибҳо ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад. Барои ин дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда шуда, ҳар сол аз Россия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгор фиристода мешаванд.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳимияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ҳар ду кишварро таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикис­тону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳо саҳми арзанда мегузорад.

25 ноябри соли 2020  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва бо Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот карданд.

127784699_3956464064445749_889980061832498915_oМаҳаки асосии вохӯриро баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.

Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 29 ноябри соли 1996 байни Ҳукумати шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ҳар ду шаҳр асос гузошт.

Вобаста ба ин иштирокчиён оиди бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расондани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи коронавирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ-фарҳангӣ, принсипҳои шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муштарак дар самти пешгирии сирояти бемории коронавирус, фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дар ин раванд ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн ва ҷалби сармоя, ҷоннок кардани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, рушду таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикис­тон, ҳамчунин, тарбияи кадрҳо ва навсозии базаи моддӣ-техникии хадамоти коммуналӣ изҳори назар карданд.

Дар фарҷом байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид. Ба он Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин имзо гузоштанд.

Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Раиси шаҳри Душанбе аз Раиси шаҳри Москва даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёранд. Даъват бо қаноатмандӣ қабул гардид.

Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия саҳифаи навро боз намуд, ба анҷом расид.

www.majmilli.tj