Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт — Петербург

№45 (3839) 12.04.2018

11 — 14 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт- Петербург Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир мегарданд.

Ҷиҳати иштирок дар онҳо 11 апрели соли 2018 бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.

Ба ҳайат раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Раҳимзода Шариф, Маҷидзода Ҷурахон ва Салимзода Олим шомиланд.

«Садои мардум»