Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

№№7(3644) 24.01.2017

IMG_036621 январи соли 2017 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуд.

22 январи соли 2017 Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро ба ҳузур пазируфт

Қабл аз ҳама, Шукурҷон ­Зуҳуров салому паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Ходими Ҳарамайни Шарифайн расонид, сипас, барои кумакҳои башардӯстонаи Маркази «Подшоҳ Салмон» ҷиҳати бартараф намудани зарари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Шукурҷон Зуҳуров доир ба ҳамкориҳои кишвари мо бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки рӯз то рӯз густариш меёбанд, сухан ронда, зикр кард, ки Тоҷикистон баҳри тавсеаи бештари муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Саудӣ ҳамеша омода аст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ба муносибати 25 — солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор намудани ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Риёз, доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, форуму вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки муносибатҳои миёни ду кишварро тобиши тоза хоҳанд бахшид.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ва мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки созишномаҳои ҳамкории дар ҷараёни ин сафар байни вазорату идораҳои ду давлат имзошуда ба таври самарабахш мавриди иҷро қарор мегиранд.

Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Тоҷикистонро «шарики муҳими мамлакат дар минтақа» номида, ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон корҳои заруриро анҷом диҳанд, аз ҷумла доир ба густариши робитҳои фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат чораҳо андешанд.

Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд робитаи байнипарлумониро воситаи таъсирбахши ҳамкориҳои дуҷониба  арзёбӣ намуд.

22 январисоли 2017 дар шаҳри Риёз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх сурат гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки як сол пеш сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид, ки дар доираи он панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва робитаҳои ду кишварро беш аз пеш таҳким бахшид.

- Мо Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Зикр гардид, ки дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Арабистони Саудӣ, хусусан барномаи «Чашмандоз 2030», қобили таҳсин аст, вале иштироки сармояи Саудӣ, дар маҷмӯъ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоии Тоҷикис­тон ҳанӯз ҷавобгӯйи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи ду кишвар нест.

Бо такя ба иқтидорҳои васеи молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ аз як ҷониб ва захираҳои бузурги табиию меҳнатии Тоҷикис­тон аз ҷониби дигар, зарурат аст, ки дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодӣ ҳамкориҳои дарозмуддату судманди байни кишварҳо ба роҳ монда шавад. Алалхусус, барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика ва об, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук шароити мусоид мавҷуд аст.

- Ба ин маънӣ, мо иштироки ҷониби Арабистони Саудиро дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию барқи обии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зерист­гоҳҳо, коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо истиқбол менамоем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Шукурҷон Зуҳуров аз баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар Душанбе соли 2013 ва омодабинии Комиссияи муштарак  ба ҷаласаи дуюм, ки дар шаҳри Риёз бояд баргузор шавад, ёдовар гардида, изҳори боварӣ намуд, ки дар он имкониятҳои ҳамкории ду кишвар дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бештар мушаххас хоҳанд шуд.

Масъалаҳои муборизаи муштарак алайҳи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тавсеаи робитаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ,  ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабис­тони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх қайд кард, ки мулоқоти ҳар ду ҷониб дар таърихи равобити ду кишвар саҳифаи нав хоҳад кушод.

Талошҳои роҳбарони сатҳи олии Арабистони Саудӣ ва ­Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши муносиботи дуҷониба ва бисёр­ҷониба тайи солҳои охир воқеан ҳам боровар буданд ва бовар аст, ки натиҷаи онҳо дар оянда бештар ба чашм хоҳад расид.

Дар мулоқот Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикис­тон Абдулазиз ал-Бодӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, Ҷурахон Маҷидзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Дилшод Исматуллоев ва Олимҷон Сафаров иштирок намуданд.

- Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ қаноатманд ҳастем ва баҳри таҳкиму густариши бештари  онҳо изҳори омодагӣ менамоем. Аз ин ҷост, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ талош меварзем, то пайвандҳои ҳамзистиву ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасанаро бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба нафъи мардум тақвият бахшем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо муовини вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал Мазият, ки 24 январи соли 2017 баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳамчунин, иброз намуд, ки Тоҷикистон захираҳои фаровони табиӣ, обию энергетикӣ ва меҳнатӣ дошта, метавонад дар татбиқи амалии барномаи «Чашмандоз 2030»-и Саудӣ саҳми намоён ­гузорад.

- Барои мо, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук, озуқаворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, обёрии заминҳои бекорхобида бо мақсади зироаткорӣ, ҳамчунин, сохтмону таҷдиди минтақаҳои саёҳатию табобатӣ хеле заруранд ва аз ҷумлаи пружаҳое мебошанд, ки дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Чанде пеш бо оғози сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мо ба марҳилаи ниҳоии бунёд ва ба кор даровардани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шурӯъ кардем ва тибқи нақша, навбати аввали он бояд охири соли 2018 ба истифода дода шавад. Вале дар шароити буҳрони шадиди иқтисодию молии ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба қарзи дарозмуддати имтиёзӣ барои татбиқи босифати ин лоиҳа, аз ҷумла ба мусоидати бародаронаи Арабистони Саудӣ эҳтиёҷ дорад. Ин корро дар чорчӯбаи фаъолияти Комиссияи муштараки ­кишварҳоямон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ анҷом додан мумкин аст.

- Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ имрӯз барои мушаххас гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва амниятӣ имкониятҳои фаровон доранд. Татбиқи онҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстиву бародаронаи ду кишвар ва мардуми онҳо такони тоза хоҳад бахшид, — хулоса кард Шукурҷон Зуҳуров.

Муовини вазири молияи Арабис­тони Саудӣ Муҳаммад ал Мазият иброз дошт, ки Фонди Саудии Рушд, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб дорад, аз рӯзҳои аввали фаъолият дар шаҳри Душанбе муфид будани равобити дуҷонибаро дарк карда буд. Ба ин хотир, сол то сол ҳаҷми сармоягузории он дар бахшҳои роҳу нақлиёт ва сохтмону таҷдиди беморхонаҳо афзоиш меёбад. Фонди Саудии Рушд дар оянда низ алоқаманди тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла туризм, тиҷорат ва иқтисодиёт мебошад.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон